Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Муҳити шабакаҳои ичтимоӣ ва таъсири он ба мафкураи ҷавонон (дар мисоли Тоҷикистон)
+++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз322
mod_vvisit_counterДирӯз1031
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1353
mod_vvisit_counterДар ин моҳ28727
mod_vvisit_counterҲамагӣ1734539
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
16
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Муҳити шабакаҳои ичтимоӣ ва таъсири он ба мафкураи ҷавонон (дар мисоли Тоҷикистон)

05.07.2019

Имрӯз ҷаҳон дар вазъияти хеле мураккаби сиёсӣ, бархӯрди тамаддунҳо, раванди ҷаҳонишавӣ, авҷи ҷангҳои иттилоотӣ ва инчунин ҷараёни босуръати рушди техникаю технологияи навин қарор дорад.

Бо пайдо шудани алоқаи кайҳонӣ имрӯз дар кураи Замин воситаи нави паҳн намудани иттилоот ба вуҷуд омадааст, ки яке аз онҳо «Шабакаҳои интернетӣ» ба шумор меравад. Яке аз шабакаҳои маъмули паҳнамои иттилоотии интернетӣ ин шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад, ки истифодабарандагонашон миллиардҳо нафарро дар бар мегиранд. Шабакаи мазккур соли 1995 сохта шуда,  вале расман солҳои 2003–2004 ба фаъолият шурӯъ намуд. Бояд қайд намуд,  ки сомонаҳои интернетӣ махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ, силоҳи муҳими таъсиррасонӣ ба мафкураи одамон аст, ки онро наметавон бо чизи дигар муқоиса намуд. Дар шароити имрӯзаи ҷанги иттилоотӣ, ки дар як вақт ҳам хабари воқеӣ ва ҳам хабари дурӯғ аз ҷониби сомонаҳои интернетӣ алалхусус шабакахои иҷтимоӣ паҳн мешавад, амнияти ҷомеаро зери хатар қарор медиҳад.

Маълумоти бардурӯғ ё носаҳеҳ дар ҷанги иттилоотӣ истифода бурда мешавад. Маълумоти дурӯғ чунон устокорона истифода мешавад, ки ба ҳақиқат будани вай шубҳа намемонад. Ба чунин маълумот истифодабарандагони  интернет ҳангоми кор дар шабакахои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ мешаванд.  Дар замони муосир бештари давлатҳо аз маълумоти бардуруѓ истифода мебаранд ва ба натиҷаҳои дилхоҳ ҳам мерасанд. Ҳамчунин, гурӯҳҳои ифротӣ ва террористӣ аз ин фурсати муносиб истифода намуда, тавассути ин шабакаҳо ҷавононро ба созмонҳои худ ҷалаб намуда, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд, ё ин ки онҳоро бо паҳн намудани хабарҳои бардурӯғ нисбати ҳокимияти кишвари хеш мухолиф месозанд. Яъне, фазои шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад мафкураи одамонро дар ѓояҳои инсондӯстию ватанпарастӣ ва метавонад дар рӯҳияи ифротӣ тарбия созад.

«Facebook» ва «Одноклассники» аз ҷумлаи бузургтарин ва маъмултарин шабакаҳои иҷтимоӣ буда, истифодабарандагонашон ҷомеаи ҷаҳонро фаро гирифтаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифобарандагони интернет хеле зиёд мебошанд. Тадқиқоти сотсиологӣ дар солҳои охир нишон доданд, ки аз истифодабарандагони сомонаҳои интернетӣ аз ҳисоби ҷавонон 33,3%-ро ташкил дода, ки аксари онҳо дар кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ пайваст мебошанд ва 66,7%-и онҳо бошад, ба он пайвастагӣ надоранд. Агар мо ба вақтҳои истифодабарии Интернет диққат диҳем, дар маҷмӯъ, аз онҳо 53,5%-и истифодабарангони интернет дар қаламрави кишвар ҳаррӯза ба сомонаҳои интернетӣ, махсусан «Одноклассники» ва «Facebook» пайстагӣ доранд, вале  46,5%-и он бошад, ақаллан дар як ҳафта як бор ва ё ду бор ба интернет пайваст мешаванд. Тадқиқоти сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки аксари истифодабарандагони он аз ҳисоби ҷавонони шаҳр мебошанд. (яъне, 68,2%-и ҷавонони шаҳр ва 41,8% ҷавонони деҳот).

Вобаста ба минтақаҳои истифодабарандагони интернет дар ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе – 65%, ВМКБ – 50%, вилояти Суѓд – 43%, НТМ –33,5% ва вилояти Хатлон –14,3%ро ташкил медиҳанд[1].

Илова бар ин, дар соли 2019 аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии «Зеркало»  тадқиқоти сотсиологӣ дар бораи  «Кӣ ба чӣ дар Тоҷикистон бартарӣ медиҳад: тадқиқот оид ба афзалияти ВАО миёни аҳолӣ» гузаронида шуд. Натиҷаи тадқиқот нишон дод, ки бештари истифодабарандагони интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Youtube, «Одноклассники» ва Facebook фаъолтар мебошанд.  Дар байни сомонаҳои ватанӣ бошад, somon.tj, «Озоди» ва Asia-Plus  сегонаи беҳтарин  шинохта шуданд. Машҳуртарин ва серистифодатарин шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷомеаи иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон «IMO» ва «Viber» ба шумор мераванд.

Истифодабарандагон ҳангоми кор дар интернет вақти худро дар ҷустуҷӯйи ҳар гуна маълумот, тамошои филму видеороликҳо, гӯш кардани мусиқиҳои гуногуни хориҷӣ, ҳар гуна бозиҳо ва қисми каме аз онҳо барои илмомузӣ ва таҳсилот сарф менамоянд. Маълум гардид, ки дар як рӯз 33,3%-и истифодабарандагони ҷавон 5,8 соат вақти худро беҳуда дар истифодаи интернет мегузаронанд, ки ин маънои на касбият ё шуѓли ҳаррӯзаи онҳо, балки вобастагии онҳоро ба сомонаҳои интернетӣ меҳисобанд. Ба таври дигар гӯем, вобастагии ҷавононро ба сомонаҳои интернетӣ як навъи бемории рӯҳӣ ҳисобидан хато нест, зеро ки баъзе аз истифодабарандагон дар як руз зиёда 10 соат вақти худро дар кор бо интернет, махсусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ,  мегузаронанд. Ва чунин навъи беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чашм мерасад ва рӯ ба афзоиш дорад.

Сол то сол истифодабарандагони «Одноклассники» ва «Facebook» дар минтақаҳои гунонгуни ҷумҳурӣ афзуда истодаанд, ки ба ҳар роҳу восита метавон таъсири худро ба мафкураи ҷавонон расонад. Аз ин хотир тадқиқоти ин масъала ҳамасола ба маврид ва зарурист, зеро дар Тоҷикистон аксари аҳолиро ҷавонон ташкил медиҳанд ва табиист, ки масъалаи ҷавонон аз масъалаҳои аввалиндараҷа буда, он дар маркази сиёсати давлату ҳукумат қарор дорад . Ва ҷавҳари тадқикоти мазкурро таҳлили муҳити шабакаҳои ичтимоӣ (Facebook, Одноклассники) ва таъсири он ба мафкурраи одамон  ташкил медиҳад, зеро ки имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба як неруи бузурги татбиқкунандаи мақсадҳои гурӯҳҳои ифротӣ табдил ёфтааст.

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳон воситаи асосии таблиѓи сиёсати давлатӣ шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд, зеро ки аксари аҳолӣ дастрасии ба онро доранд. Ҳар як кишвар метавонад онро ҳамчун силоҳи асосии таблиѓи сиёсати давлатӣ дар самти ҷавонон истифода карда, ба ин васила ба ҳадафҳои гузоштаи худ ноил гарданд.

Аҳамияти  он дар муайянамоии таъсироти шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳаёти сиёсию идеологии ҷавонони кишвар мебошад. Ҳар рӯз дар миқиёси ҷумҳурӣ ҳазорон ҷавон ба воситаи «Одноклассники», «Facebook», IMO, Viber ва амсоли инҳо дар гуфтугӯ, муайяннамоии вақти мулоқот, дарёфти ҳар гуна хабарҳо мебошад. Дар ҷаҳони  муосир ҷавонон барои қонеъ кардани талаботи худ дар муносибат бо ҷомеа зарурати истифодабарии шабакаҳои иҷтимоиро дуруст меҳисобанд. Истифодабарандагони ин шабакаҳои иҷтимоӣ дар кишварамон, ки аслан ҷавононанд, қариб  тамоми фаъолияти ҳаррӯзаи худро (таҳсилот, омӯзиши ҳар гуна касбҳо, ба кӯча баромадан, маишат кардан, ба клубҳои варзишию фарҳангӣ ва меҳмонӣ рафтан ва амалҳои дигар машѓулиятиҳои ҳаррӯза) ба истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ иваз кардаанд.

Имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ воситае гардидааст, ки гуруҳҳои манфиатҷӯ онро майдони иѓвоангезии хеш қарор додаанд. Акторҳои сиёсӣ онро барои ҳимояи манфиатҳои худ мавриди истифода қарор медиҳанд. Инчунин тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононро ба гурӯҳҳои экстремистию террористӣ ҷалб менамоянд, ки ин низ як таҳдиди ҷиддӣ барои ҳар як давлат махсусан Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Воқеияти ин гуфтаҳоро мо солҳои гузашта ҳангоми шомил шудани як қатор ҷавонони гумроҳи тоҷик ба гуруҳои экстремистию террористии ба ном Давлати исломӣ мушоҳида намуда будем. Инчунин дигар хатару таҳдидҳое низ ҳастанд, ки тавассути шабакаҳои интернетӣ ба ҷавонон таъсири манфии хешро мерасонанд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир муборизаро бар зидди шабакаҳои ичтимоӣ пурзӯртар намуда истодааст, ки хеле саривақтӣ ва ба мавқеъ мебошад.

Хулоса, дар шароити имрӯзаи ҷаҳон ба шаклгирии мафкураи ҷавонону наврасон паҳнамои иттилоот  тавассути ВАО ва сомонаҳои интернетӣ, махсусан шабакаҳои иҷтимоӣ нақши калидиро мебозад. Шабакаҳои иҷтимоӣ дар қатори дигар воситаҳои паҳнкунандаи иттилоот тавонист, дар муҳлати хело кӯтоҳ ҷойгоҳи махсуси худро ёбад. Яъне шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад барои тарбия кардани насли солими ҷомеа ва ҳам ифротӣ намудани насли наврас ҳамчун сарчашмаи асосии таблиѓкунандаю инъикоскунанда дар фазои иттилоотӣ баромад намояд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ хеле зиёданд, ки аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Муҳити имрӯзаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва таъсири он ба ҳаёти ҳарӯзаи ҷавонони кишвар дар ҳолати муътадил қарор дорад, вале бояд таҳдиду хатарҳои он ба таъмини амнияти миллиро истисно накунем ва дар ин самт корро ҷонок намуда, назорати пайвастаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва умуман сомонаҳои интернетӣ дар фазоии иттилоотии кишвар мувофиқи мақсад шуморида мешавад.

Ба андешаи мо ҷиҳати назорати ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва умуман баҳри таъмини амнияти иттилоотии кишвар хуб мешуд, ки мисли кишварҳои дигар сохторҳои дахлдори кишвари мо низ шабакаҳои иҷтимоии худӣ ё маҳаллиро бо додани имтиёзҳои махсус ташкил намуда, ҷавонон тавонанд аз он истифода намоянд. Бо ин роҳ метавон ҷавононро дар ҷомеаи иттилоотӣ назорат намоем ва мафкураи онҳоро аз таъсири идеологияи бегона нигоҳ дошта бошем.

Шоҳрухи Ҷаббор

Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилӣ

 



[1]Молодежь Центральной Азии. Таджикистан (результаты социологического исследования). - Алматы. 2017 -С.124.