Асосӣ: Макроиқтисод Таҳқиқот ТОҶИКИСТОН ТАШАББУСКОРИ ҲАЛЛИ МАСОИЛИ ОБ ДАР САТҲИ ҶАХОНӢ
+++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз321
mod_vvisit_counterДирӯз1031
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1352
mod_vvisit_counterДар ин моҳ28726
mod_vvisit_counterҲамагӣ1734539
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
16
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ТОҶИКИСТОН ТАШАББУСКОРИ ҲАЛЛИ МАСОИЛИ ОБ ДАР САТҲИ ҶАХОНӢ

04.07.2019

Тоҷикистон ҳоло яке аз кишварҳои ташабускор барои ҳалли мушкилоти об дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Далел он аст, ки ба туфайли ташаббус пешниҳоднамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Созмони Милали Муттаҳид як зумра қатъномаҳо аз қабили соли 2003 –соли байналмиллалии “Оби тоза”, солҳои 2005 – 2015 даҳсолаи байналмиллалии амалиёт “Об барои ҳаёт”, соли 2013 соли байналмиллалии “Хамкори дарсоҳаи об ва солҳои 2018 – 2028–ро даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» қабул намуд. Эътирофи ин ташабускориҳо ин эътирофи тамаддуни халқи тоҷик аз ҷониби ҷомеъаи башарӣ буда, боиси ифтихори ҳар тоҷик ва тоҷикистонӣ мебошад. Бинобар ин, инҷо мегуем, табиби ҳозиқу доно беморо табобат намекунад, балки як дараҷа сабабҳои ангезиши бемориҳоро пешгирӣ менамояд.

Агар бо чунин назардошт қабули ин қатъномаҳоро шарҳу тавзеҳ диҳем,яъне якбора тамоми мушкилоти обро дар ҷаҳон ҳол намудан ғайриимкон аст вале  ҳадаф аз қабули ин қатъномаҳо як дараҷа паст намудани шиддати камбуди об дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Мо бояд аз ҳамин нуқтаи назар самтҳои амалигардонии ин қатъномаҳоро мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор диҳем. Чунки қабули ин қатъномаҳоро олимону коршиносон дар як фурсати муносиб баҳри ҳалли қазияи обӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ тавзеҳу ташреҳ медиҳанд. То чи андоза дар ин самт онҳо миллату халқиятҳои гуногунро наздик менамояд баҳси дигар аст. Аммо моро ҳамчун кишвари ташаббускор зарур аст, ки манфиату бурдбориҳои ин қатъномаҳоро аз лиҳози фарҳанги экологӣ бо диди сиёсӣ мавриди омӯзиш қарор диҳем. Зеро сарвари давлати мо ба туфайли ин ташаббускориҳо тавонист, ки миллату халқиятҳои гуногунро дар ҳалли ин мушкилот муттаҳид намуда, онҳоро баҳри ҳалли ин масоил сафабар намояд. Возеҳтар гуем, қабули ин қатъномаҳо нақши Пешвои миллати тоҷикро ҳамчун сиёсатмадори сатҳи баланд оид ба ҳалли масъалаҳои глобалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ бозгӯ менамояд. Далолат бар ин андеша пазируфтани он бо созмон додани панели  сатҳи баланд мебошад.

Аз ин рӯ, инҷо мегуем, вақти он расидааст, ки вобаста ба қатъномаҳои қабулшуда нақши Пешвои миллатамонро дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, аз он ҷумла масоили обӣ, мавриди омӯзиш қарор дода, дар иртибот бо далелҳои ба дастовардаи қатъномаҳо, дурнамои сиёсати онро дар арсаи байналмилалӣ баён намоем. Дарвоқеъ, яксон ташреҳ додани андешаи мазкур хеле мушкил бошад ҳам, аммо арзёбии он нақш ва мақоми Точикистонро дар ҳалли масоили обӣ нишон медиҳад. Агар нигоришҳои пай дар пайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Созмони Милали Муттаҳид таҳқиқ намоем маълум мегардад, ки ҳалли мушкилоти обӣ дар шароити ҳозира аз тадбиқи арзишҳои илмӣ дар истеҳсолот вобастагӣ дорад. Дар чунин ҳолат моро ҳамчун кишвари ташаббускор лозим меояд, ки дар заминаи қатъномаҳои қабулшуда дар сатҳои локалӣ (маҳалӣ), минтақавӣ ва глобалӣ муаммоҳои обиро таҳлилу таҳқиқ намуда, дар ин самт проблемаҳои ҷойдоштаро бо диди сиёсати экологӣ хулосабардорӣ намоем. Қариб ду сад сол мешавад, ки табиати Тоҷикистонро олимони соҳаҳои гуногуни илм таҳлилу таҳқиқ намуда истодаанд. Натиҷаҳои ба дастовардаи онҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки кишвари мо табиати ба худ хос дошта, истифодабарии манбаъҳои обии он дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёту иҷтимоиёт маҳорати махсуси эҷодкориро талаб менамояд. Аз ин бармеояд, ки танҳо ба туфайли тадбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот метавонад сиёсати обии Тоҷикистонро роҳандозӣ намуд. Ин нишондод як паҳлуи масъала буда, паҳлуи дигари он аз он иборат аст, ки матлаб аз қабули ин қатъномаҳо ҳамасола беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба обӣ тозаи ошомиданӣ ва ба ин васила дастаҷамъона рушд додани соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт иҷтимоиёт мебошад. Дар ҳошия ба ин андеша агар ба арзишҳои илмию оморӣ руҷӯъ намоем маълум мегардад, ки то ба имрӯз наздикии 2 миллиард сокинони сайёра ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд. Ҳамзамон 1 млн нафар одамон дар ҷаҳон аз норасоии об танқисӣ мекашанд. Гарчанде дар матбуоти илмию даврӣ нисбати ин масоил далелҳои гуногун бошад ҳам, аммо воқеият ин аст, ки то соли 2050 бар асари тағирёбии иқлим панҷоҳ дар сади аҳолии руйи замин ба мушкилоти норасоии об рӯ ба рӯ мегарданд. То чи андоза ин далел воқеият дорад, баҳси дигар бошад,ҳам аммо воқеият ин аст, ки ташаббускориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид талаби замон буда, мӯҳтавои онҳо ҷомеаи ҷаҳониро дар роҳи расидан ба рушди устувор заминаи мусоид фароҳам мегузорад. Чунки таҳлилҳои илмӣ дар ин самт нишон медиҳад, ки аз ҳаҷми умумии оби сайёра танҳо 2,5%-и он ошомиданибоб мебошад. Аммо ҳамин миқдор об дар заминаи пешомадҳои илму техника дар истеҳсолот ҳамасола ифлос гашта истодааст. Аз ин рӯ, таъмин намудани аҳолӣ ба об ба яке аз масъалаи актуалии ҷомеаи муосир мубадал гашта истодааст.

Қобили зикр аст, ки натанҳо таъмин намудани аҳолӣ ба об, инчунин рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт аз ҷумла, кишоварзию саноат низ аз об вобастагии ногусастанӣ дорад. Хушбахтии мо тоҷикон аз он иборат аст, ки сарвари давлати мо ҳамчун ташаббускор, ин арзиши илмиро ба инобат гирифта кӯшиш намуда истодааст, ки дар радифи кишварҳои мутарақии ҷаҳон баҳри ҳалли ин масъалаи глобалӣ нақши муасири худро гузорад. Далолат бар ин андеша он аст, ки тайи панҷоҳ соли охир дар арсаи ҷаҳон оид ба равандҳои дастаҷамъона истифодабарии об сесад созишномаҳо ба имзо расидаанд. Панҷоҳтои онҳо дар иртибот ба қатъномаҳои қабулшуда мебошад. Ҳамчунин коршиносони байналмилалӣ ошкор намуданд, ки дар сатҳои гуногун дар ҷаҳон 507 муноқишаҳои обӣ ба қайд гирифта шудааст. Аар қазоват намоем мувофиқи нигоришҳои матбуотӣ ҳоло, дастрасии аҳоли ба об дар қитъаи Африқо 10% ва дар қиъаи Аврупо 90 % –ро ташкил медиҳад. Далели мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки воқеан ҳам мушкилоти обӣ дар сатҳи сайёра вуҷуд дорад. Ҳоло аз ташреҳи ин масъала дар сатҳи ҷаҳонӣ худорӣ намуда, танҳо минтақаи Осиёи Марказиро мавриди омӯзиш қарор медиҳем. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ дар минтақаи аридӣ воқеъ гардидаанд. Далелҳои илмӣ собит менамояд, ки фақат бо усули обёрӣ метавон рушди соҳаи кишоварзии минтақаро таъмин намуд. Солҳои охир вобаста ба ин масоил аз тарафи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ чандин лоиҳаҳои гуногун амалӣ гардонида шуданд.

Чунончи чанл сол пеш аз тарафи Ташкилоти Созмони Миллали Муттаҳид «ФАО» лоиҳаи "Захираи замин ва амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ" амалӣ гардонида шуд. Аз натиҷаи ҳисоботҳои ин созмон бармеояд, ки дар ҳаммаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкилоти норасоии обу озуқаворӣ дар ин ё он сатҳ вуҷуд дорад. Дар баробари ин онҳо муайян намуданд, ки гарчанде давоми солҳои 2000 – 2009 дар минтақа ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, масалан дар Қазоқистон 4,5%, Тоҷикистон 7,1%, Туркманистон 5,1% ва дар Ӯзбекистон 4,8% афзуда бошад ҳам, боз мушкилоти таъмини озуқаворӣ вуҷуд дорад. Ин мушкилотро олимону коршиносон аввалан бо суръати баланди афзоиши аҳолӣ, баъдан ба равандҳои тағирёбии иқлим ва муаммоҳои экологӣ сониян бо норасоии об дар музофотҳои гуногуни минтақа шарҳу тавзеҳ медиҳанд. Зуҳуроти ин мушкилотҳо мардуми ҷомеъаро водор намуд, ки баҳри ҳалли ин масъала муборизаи дастаҷамъонаро пеш гиранд. Чунин амал айни замон дар илм ҷоиз гашта истодааст.

Имрӯз олимон хушбахтона, баҳри ҳалли ин масоил тадқиқотҳои маҷмуавиро дар иртибот ба об, энергия, озуқаворӣ ва экология гузаронида истодаанд. Боварии комил дорем, ки натиҷаҳои ба дастовардаи олимон дар ин самт ба аксар паҳлуҳои норавшани мушкилот дар оянда равшанӣ меандозад. Имрӯз воқеияти рӯзгор нишон медиҳад, ки ҳоло ҳар як кишвар кушиш намуда истодааст, ки дар алоқа ба имконият ва мавқейи географии худ ин мушкилотҳоро ҳаллу фасл намояд. Чун сухан дар атрофи андеша ҷараён гирифт, пеш аз ҳама моро лозим меояд, ки дар ин самт аввалан муаммо ва мушкилоти кишвари хешро мавриди арзёбӣ қарор диҳем. Мақбули зикр аст, ки гарчанде 60%-и оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул ёбад ҳам, вале дар Тоҷикистон ҳастанд то ҳол музофотҳое, ки ба оби нушокӣ танқисӣ доранд. Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки 60%-и ҳудуди кишварамон ба офатҳлои табии ба мисли сел, тарма ва ярҷ осебпазир аст. Далелҳои илмӣ феълан собит менамоянд, ки зиёни офатҳои табии дар Тоҷикистон ҳамасола тақрибан 70% ММД-ро ташкил медиҳад. Ин нишондод дар Қирғизистон 20 ва ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон тақрибан 5%-ро ташкил медиҳад. Матлаб аз овардани ин далел он аст, ки амалигардонии ин қатномаҳо дар ҳар як кишвари олам самтҳои гуногун дорад. Биноан ҳар як кишварро зарур аст, ки дар алоқа ба мавқеи географии хеш самтҳои амалӣ гардондани ин қатъномаро ҷустуҷӯ намояд, дар иртибот ба онҳо сиёсати обиро дар сатҳҳои локалӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ роҳандозӣ намояд. Чунончи, таҳлилҳои илмӣ феълан нишон медиҳанд, ки 45%-и ҳаҷми обанбори Норак аз лойқа пур шудааст. Ин пуршавӣ боиси маҳдудшавии дастрасии аҳолии кишварҳои поёноб ба об мегардад. Зуҳуроти ин далел ҳамакории тарафайни кишварҳои минтақаро дар ҳалли масоили обӣ тақозо менамояд. Аз натиҷагирии ҳисоботҳои интишоршуда дар ин самт бармеояд, ки аксар барномаҳои амалигардондашуда, то ҳол аз нигоҳи назариявию амалӣ бо диди илмӣ баҳри баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ оммавӣ гардонда нашудаанд.

Таҳлилҳои илмӣ нишон медиҳад, ки ҳамон вақт ин қатъномаҳо самаранок амалӣ гардонида мешаванд, ки агар аз нигоҳи илмӣ ба таври мушаххас, меъёрҳои амалигардонӣ ва самтҳои баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии вобаста ба замон, таҳия карда шавад. Масъулони соҳа бояд ба ин паҳлуи масъала минбаъд диққати асосӣ диҳанд. Чунин омили коргузорӣ ба хизматрасонии экологӣ мусоидат менамояд. Матлаб аз овардани далелҳои боло ин аст, ки айни замон Ҳукумати Тоҷикистон кӯшиш намуда истодааст, ки аз нигоҳи илмӣ ба ҳалли ин масоил таваҷҷуҳ зохир намояд. Аз ин бармеояд, ки механизми амалигардонии ин даҳсола аз модернизатсияи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт дар сатҳҳои гуногун вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳадафи мо аз ин пажуҳиш минбаъд аз нигоҳи назариявию амалӣ муайян намудани дурнамои амалигардонии қатъномаҳои қабулшуда ва дар иртибот бо арзишҳои байналмилалӣ роҳандози намудани сиёсати обии Тоҷикистон мебошад.

Ҳасан Асоев. Сардори раёсати

таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии

Маркази тадқиқоти стротегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон