Асосӣ: Амнияти минтақавӣ Саммити Душанбе ҳамчун марҳалаи нав ва тақдирсози низоми МҲТБО
+++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз255
mod_vvisit_counterДирӯз1031
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1286
mod_vvisit_counterДар ин моҳ28660
mod_vvisit_counterҲамагӣ1734473
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
16
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Саммити Душанбе ҳамчун марҳалаи нав ва тақдирсози низоми МҲТБО

26.06.2019

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) 05.10.1992 дар Маҷмаи Умумии 47-уми СММ бо ибтикори Президенти вақти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба миён омадааст. СММ таклифи Назарбоевро дастгирӣ намуд ва ҳамин тариқ дар қитъаи Осиё машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ ташкил гардид.

Рушди устувори кишварҳоро бе ҳамгироӣ тасаввур кардан ғайри имкон аст. Рушди нобаробари сатҳи иқтисодии кишварҳо, хатари ҷанги ядроӣ, низоҳои иттилоотӣ,ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, терроризму ифротгароии динӣ, масоили экологӣ бахше аз мушкилои умумии ҷаҳонӣ башумор мераванд. Осиё яке аз қитъаҳои калонтарин ба ҳисоб рафта, якчоя бо Аврупо Авруосиёро ташкил медиҳад, ки дар маркази омӯзиши геополити кӣ қарор дорад.

Ба андешаи мо, маҳз дар ҳамин давраи афзоиши низоъҳои мухталифи сиёсию иқтисодии сатҳи глобалӣ раёсати МҲТБО-ро ба душ гирифтани Тоҷикистон кори бениҳоят масъулиятнок буда, ҳамзамон боиси ифтихори наслҳои имрӯзу фардои кишвар аст,

зеро чунин иқдомҳои кишвари мо далели қатъии он дониста мешавад, ки нуфузу обрӯи байналмилалии он на танҳо дар байни давлатҳои Осиё, балки дар тамоми ҷаҳон густариш меёбад.

Муқовимат ба терроризму экстремизм, истеҳсол ва паҳншавии маводи мухаддир, таъмини сулҳу суботи минтақавию ҷаҳонӣ, кумаку дастгирии байни ҳамдигарии давлатҳо аз муҳимтарин мавзӯъҳое буданд, ки дар ҷараёни машварат аз тарафи роҳбарон ва намояндагони давлатҳои иштирокдори саммит мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Боиси ифитхори тоҷикон аст, ки Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин зимни суханронии хеш оид ба сулҳу субот ва ҳамоҳангии байни давлатҳо андешаронӣ, намуда барои тақвияти гуфтаҳояш як шоҳбайти поягузори шеъру адаб устод Абӯабдуллои Рӯдакиро иқтибос овард.

Ҳама ниюшаи хоҷа ба некуию ба сулҳ аст,

Ҳама ниюшаи нодон ба ҷангу фитнаву ғавғост.

Бояд тазаккур дод, ки гуфтушунид ва ҳамкориҳои оянда, ки дар заминаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё миёни кишварҳои аъзо сурат гирифт, имконияти расидан ба ченакҳои ин форумро таҳким мебахшад.

Ба ақидаи мо дар тӯли 27 соли фаъолияти худ Машварат ба ҳадафҳои асосии муайяншуда, хусусан дар масоили мубориза бо терроризми байналмилалӣ, экстремизм хушунатомез, гардиши ғайри қонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои дигари фаромиллӣ ноил гардидааст, зеро аксарияти кишварҳои узв барои таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ узви созмонҳои дигари амниятӣ низ ҳастанд ва дар доираи он тадбирҳои муқовиматӣ меандешанд.

Дар баробари ин, қайд кардан ба маврид аст, ки қитъаи Осиё пур аз тазод ва мухолифатҳост. Дар ин минтақа тамаддуну миллатҳои мухталиф ва динҳои гуногун мавҷуданд. Танҳо зикр намудани зиддияту хушунатҳои байни Ҳиндустону Покистон, Исроилу Эрон, Фаластину Исроил, Росияву Украина, Озарбойҷону Арманистон кофист, то дарк намоем, ки вазъият чӣ гуна аст. Бешубҳа, имрӯз қитъаи Осиё як вазъияти бисёр мушкилро паси сар карда истодааст. Аз яктараф, нооромии бардавом дар Афғонистон ва манотиқи Шому Ироқу, Сурия таҳримҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва таҳдидҳо аз ҷониби баъзе абарқудратҳо нисбат ба кишварҳои алоҳидаи минтақа ва аз тарафи дигар, нобаробариҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, мушкилоти экологӣ ва демографӣ ва ғайра аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки зарурати ҳамоиши сарони давлатҳои минтақа ва тақвияти боварии ҳамдигариро беш аз пеш муҳим мегардонад

Ба андешаи мо нишасти Сарони кишварҳои узви Созмони Машварати ҳамкори ва тадбирҳои бовари дар Осиё дар Душанбе барои расидан ба ҳадафҳои нави стратегӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли масоили мавҷуда манзури пешнияҳодҳо барои оянда мавриди таваҷҷуҳи дастаҷамъонаи давлатҳои аъзо, пешбурди минбаъдаи раванди сулҳофарии МҲТБО, идомаи татбиқи тадбирҳои боварӣ ва табдил додани Осиё ба минтақаи дорои сулҳу субот ва шукуфоии устувор дар асоси муколамаи фарогир ва амиқ таккони сиёсӣ бахшид.

Баргузории ин ҳамоиш собит намуд, ки қитъаи Осиё дар ҷустуҷӯи самтҳои нави ҳамгироӣ қарор дорад ва дар давраи раёсати Душанбе МҲТБО ҳамчун ниҳоди муколамаи сиёсӣ дар минтақа имконияти васеи мубодилаи афкор перомуни табдил ёфтан ба созмони мустақил оид ба таъмини амният ва ҳамгироии созанда дар Осиёро як қадами устувор гузошта шуд. Дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши панҷуми ин ниҳоди бонуфузи муносибатҳои байналмилалӣ таҳти шиори «Нигоҳи ягона ба минтақаи амн ва бештар дар ҳоли шукуфоӣ» доир гардид ва таъмини амният, рушд ва шукуфоии қитъаи Осиё дар меҳвари масъалагузориҳо ва рисолати бунёдии он қарордошт. Ҳамзамон, ҳайатҳои расмии кишварҳои аъзо дар давоми ин рӯзҳо аз пешрафту комёбиҳои ватани азизи мо дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ сайёҳӣ, сиёсию инфрасохторӣ огоҳии комил пайдо карданд. Ҳамоиши Душанбе нишон дод, ки ин машварат барои ташаббусҳои воқеии татбиқи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, бунёди долонҳои нақлиётӣ, таъсиси инфрасохторҳои муосири истеҳсолию саноатӣ, кишоварзӣ ва туризм майдони бузурге мебошад.

Хулоса метавон гуфт, ки Саммити МҲТБО дар Душанбе дар сатҳи баланди касбӣ баргузор гардид ва имиҷи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ боз ҳам баланд бардошт.

Ҳикматулло Хоҷаев, корманди

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон