Асосӣ: Маркази матбуот КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "РУШДИ ШАРИКИИ ФАРОГИРИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН ДАР РАВАНДИ БУНЁДИ МУШТАРАКИ "ЯК КАМАРБАНД, ЯК РОҲ"
+++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++ Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ: вазъият ва дурнамо +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз302
mod_vvisit_counterДирӯз1031
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта1333
mod_vvisit_counterДар ин моҳ28707
mod_vvisit_counterҲамагӣ1734520
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Июли
16
Сешанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "РУШДИ ШАРИКИИ ФАРОГИРИ СТРАТЕГИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН ДАР РАВАНДИ БУНЁДИ МУШТАРАКИ "ЯК КАМАРБАНД, ЯК РОҲ"

13.06.2019

Рӯзи 13-уми июни соли 2019 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи "Рушди шарикии фарогири стратегии Тоҷикистон ва Чин дар раванди бунёди муштараки "Як камарбанд, як роҳ"-ро баргузор намуд. Дар ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон, Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин, вазорату муассисаҳои марбутаи давлатӣ, марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, донишмандону коршиносон ва рӯзноманигорони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ширкат варзиданд.

Конфронси байналмилалиро бо сухани табрикӣ директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода ифтитоҳ намуда, баргузории чунин нишастро барои рушд ва таҳкими шарикии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар раванди бунёди муштараки тарҳи бузурги "Як камарбанд, як роҳ" хеле муҳим арзёбӣ кард ва ба иштирокчиёни ҳамоиш барори кор орзу намуд.Ӯ зимни суханронии худ қайд кард, ки баргузории чорабинии муштарак дар ин мавзӯи мубрами рӯз аз он нуқтаи назар низ дорои аҳамияти хос аст, ки рушди робитаҳои дӯстона ва шарикӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз самтҳои усулии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ва низ хеле рамзӣ аст, ки чорабинии мазкур дар остонаи сафари давлатии Сарвари Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.

Бо фарорасии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи робитаҳои Тоҷикистон ва Чин давраи наве оғоз мешавад, ки сатҳи сифатан ва моҳиятан нави муносибатҳои ду халқ ва ду давлатро ифода мекунад. Робитаҳои мо дар ин марҳала аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ оғоз гашта, зина ба зина рушд ёфта, дар ниҳоят, ба сатҳи беназири худ расиданд.

Ҳамин тавр, мо имрӯз бо Ҷумҳурии Мардумии Чин на танҳо ҳамсояи наздик ва дӯсти минтақавӣ, балки шарики стратегии фарогир мебошем, ки ин болотарин сатҳи муносибатҳо дар робитаҳои байналмилалӣ аст. Дар давраи на чандон тӯлонии таърихӣ робитаҳои Тоҷикистон ва Чин дар тамоми самтҳо рушди беназир доштаанд. Дар ин миён инкишофи робитаҳои илмӣ ва тадқиқотӣ ва барқарории муносибатҳои наздик байни муассисаҳои пажӯҳишии ду кишвар яке аз самтҳои муваффақи ин ҳамкориҳои судманд мебошад.

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо такя ба пояи устувори ҳуқуқии муносибатҳои ду кишвар ва дар партави муносибатҳои неки ду Пешвои мардумӣ бо як силсила муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Мардумии Чин робитаҳои наздику устувор барқарор намудааст. Ин ҳамкориҳо дар шакли табодули ҳайатҳо, таҷрибаомӯзии муштарак, анҷоми тадқиқоти якҷоя, баргузории чорабиниҳои муштарак ва ғайра идома меёбанд. Чорабинии муштараки имрӯзаи мо бо Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин намунаи равшани он ба ҳисоб меравад.

Рӯзи 28-уми апрели соли 2019 дар шаҳри Пекин маҳз дар Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин мо шоҳиди муаррифии шоҳасари Пешвои миллати мо, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Тоҷикон дар оинаи таърих" будем. Ин китоби арзишманд, ки бори аввал бо забони чинӣ ба чоп расид, ба муҳаққиқон ва хонандагони чинӣ равзанаи равшане барои шинохти фарҳангу тамаддуни бузург ва ҳувияту асолати миллии тоҷикон боз кард. Мехостам бо истифода аз фурсат ба роҳбарияти Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин барои ин иқдоми наҷиб дар таърихи муносибатҳои ду кишвар сипосгузории худ ва ҳамаи ҳозирини гиромиро расонам.

Дирӯз бошад, дар Тоҷикистон китоби Пешвои Чини бузург муҳтарам Си Ҷинпин муаррифӣ шуд, ки он моро ба як таҷрибаи нодир ва лоиҳаи азим ошно месозад.

Маҷмӯаи осор ва афкори Си Ҷинпин, ки дар ин китоб ҷамъ омадаанд, ҳам аҳамияти бузурги илмию назариявӣ ва ҳам хусусияти хоси таҷрибавию амалӣ дорад. Бинобар ин, нашри ин китоб ба забони тоҷикӣ барои муҳаққиқон ва хонандагони тоҷик асрори таҷриба ва хусусияти бузурги зеҳнию моддии тамаддуни азими чиниро арзёбӣ мекунад.

Ҳамчунин, мехостам ба маълумоти ҳозирини гиромӣ расонам, ки рӯзи 10-уми июни соли 2019 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз натиҷаҳои муҳими чунин ҳамкориҳо, яъне китоби дӯстии Тоҷикистон ва Хитой бо номи "Тоҷикистон ва Чин: аз дӯстии таърихӣ то шарикии стратегӣ" рӯйнамоӣ гардид. Ин китоб натиҷаи фаъолияти якҷояи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷамъиятии вилояти Гансуи Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, дар он тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои рушдёбандаи ду кишвар ба таври таҳлилӣ ва мустанад инъикос гардидаанд. Чунин намунаҳо ифодагари он аст, ки ҳамкориҳои муассисаҳои илмию тадқиқотии Тоҷикистон ва Чин ҷанбаи амалӣ дошта, натиҷаҳо мушаххас ва муфиданд. Мо бовар дорем, ки пас аз анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои наздик дар назар аст, муносибатҳои ду кишвари дӯсту ҳамҷавор ба сатҳи боз ҳам баландтар мебароянд.

Ҳадафи асосии ин чорабинии муштараки ду ниҳоди илмӣ ва зеҳнии ду кишвари дӯст, пеш аз ҳама, баррасии таҳлилии самтҳои асосии робитаҳои дуҷониба, мушаххас намудани авлавиятҳои муносибатҳои шарикии мо дар марҳалаи нав ва пешниҳоди равишу тарзҳои муносиб барои боз ҳам рушд додани муносибатҳои мутақобилан судманд мебошад. Бинобар ин, ман бовар дорам, ки чунин доираи васеи олимони шинохтаи Чину Тоҷикистон, ки дар ин ҳамоиш ҳузур доранд, барои ноил шудан ба ҳадафи асосии конфронс фикру мулоҳизаҳои арзишманд пешниҳод хоҳанд намуд.

Сипас ноиби аввали Президенти Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин Ван Ҷинсин, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Насимов, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода суханронии табрикӣ намуданд.

Ҳамин тавр, бахши якуми мубоҳисавии конфронси байналмилалӣ таҳти раёсати муовини директори Пажӯҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ҷаноби Сун Ли таҳти унвони "Шарикии стратегии Тоҷикистон ва Чин дар давраи ҳозир: вазъ ва дурнамо" оғоз гардид. Дар назди ҳозирин сардори шуъбаи банақшагирии илмии Пажӯҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ҷаноби Ван Сяочуан, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода дар мавзӯи "Вижагиҳои ташаккули рушди шарикиии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин", мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯи "Ҷойгоҳ ва аҳамияти Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон", профессори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Г.М.Майтдинова дар мавзӯи "Дурнамои ҳамгироии "Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030" ва ташаббуси "Як камарбанд, як роҳ"-и Ҷумҳурии Мардумии Чин", мудири шуъбаи иқтисодиёти Русияи Пажӯҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ҷаноби Сюй Болин дар мавзӯи "Самти стратегӣ ва майдони амалгароии ҳамкориҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин", дотсенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон А.Мамадазимов дар мавзӯи "Роҳи Бузурги Абрешим ва иқтидори ҳамкориҳои фарҳангӣ-гуманитарии Тоҷикистон ва Чин" суханронӣ карданд. Иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни маърӯзаҳои ироашуда фикру андешаҳои судманд иброз намуданд.

Пас аз нисфирӯзӣ бахши дуюми мубоҳисавии конфронси байналмилалӣ таҳти раёсати муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода таҳти унвони "Ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи таъмини амнияти минтақавӣ" доир гардид. Дар назди ҳозирин профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Р.Ш. Нуриддинов дар мавзӯи "Ҳамкории шарикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳайси омили амнияти минтақавӣ", сардори шуъбаи Осиёи Марказӣ ва Қафқози Пажӯҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ҷаноби Чжан Нин дар мавзӯи "Аҳамияти бузурги ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи ҳамкории амниятӣ", сарходими илмии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ҷаноби Оян Сянин дар мавзӯи "Роҳ ба сӯйи рушди муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон" ва дигарон суханронӣ намуданд. Баъдан, дар атрофи суханрониҳо мубоҳисаҳои судманд сурат гирифтанд.

Конфронси байналмилалиро директори Пажӯҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ҷаноби Сун Чуанчжи ва муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Муҳаммадзода натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба ҳозирин барои иштироки фаъолона дар кори ҳамоиш изҳори сипос намуданд.

Ҳамоиш дар рӯҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази

тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон