Асосӣ: Сиёсати дохилӣ Таҳқиқот ҶИНОЯТҲОИ КИБЕРӢ ВА ХАТАРҲОИ ОН БА АМНИЯТИ ДАВЛАТУ ҶОМЕА
+++ Ҷавонон бояд осебпазир набошанд! +++ Аҳамияти гулугоҳи Ҳурмуз чун шоҳраги ҳаётӣ барои интиқоли нафт дар ҷаҳон (дар пасманзари афзудани танишҳо миёни ИМА ва Эрон) +++ ЭЪЛОМИЯИ ДУШАНБЕ: НАЗАРИ ВОҲИД БА АМНИЯТУ РУШД ДАР ОСИЁ ВА ҶАҲОН +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Рашт +++ Ваҳдати миллӣ-таҷассумгари дипломатияи сулҳпарвари Пешвои миллат дар ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Нуробод +++ ЭЪЛОМИЯИ панҷумин саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё. Назари умумӣ ба минтақаи амнтар ва шукуфотари МҲТБО +++ Номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Фитр +++ Заминаҳои асосии барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин +++ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1680
mod_vvisit_counterДирӯз2420
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта17612
mod_vvisit_counterДар ин моҳ56764
mod_vvisit_counterҲамагӣ1830157
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Августи
25
Якшанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ҶИНОЯТҲОИ КИБЕРӢ ВА ХАТАРҲОИ ОН БА АМНИЯТИ ДАВЛАТУ ҶОМЕА

13.05.2019

Раванди инкишофи босуръати технологияи муосир дар баробари пешравиҳо як қатор мушкилотро ба бор овардааст, ки сабаби ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Баъзе дастовардҳои ҷадиди илмиву техникии инсоният имрӯзҳо ба таҳдиду хатар барои суботу амнияти худи инсонҳо ва ҷомеаи онҳо табдил ёфта истодаанд.

Ҷиноятҳои киберӣ яке аз падидаҳои нави замони муосир ба шумор рафта, таҳдиди он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пеш аз ҳама, ба амнияти миллии ҳар як кишвар ба назар мерасад. Асосан зери мафҳуми ҷиноятҳои киберӣ ҷиноятҳое фаҳмида мешавад, ки тавассути технологияи компютерӣ, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ сурат мегирад.

Қаллобии молиявӣ, ҳуҷум ба системаҳои компютерӣ, тасарруфи (дуздидан) маълумоти шахсӣ, паҳн кардани маълумоти ғайриқонунӣ ва бардурӯғ, кибертерроризм ва ғайра ба сифати ҷиноятҳои киберӣ фаҳмида мешаванд, ки мушкилоти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиро дар пай доранд.

Дар замони муосир ягон кишваре, созмоне ва махсусан истифодабарандагони интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз таҳдиду хатари ҷиноятҳои киберӣ дар канор монда наметавонанд.Имрӯзҳо инкишофи ҷиноятҳои киберӣ бештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва телефонҳои мобилӣ зиёдтар ба чашм мерасанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар баъзе кишварҳо 4/10 истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет қурбони ҷиноятҳои киберӣ мегарданд. Бинобар ин, раванди зиёд шудани таҳдидҳои киберӣ давлатҳоро вазифадор месозад, ки ба амнияти иттилоотии кишвари худ диққати махсус дода, аз уҳдаи таъмини он баромада тавонанд, зеро дар асри ХХ1 амнияти миллии ҳар як кишвар пурра аз амнияти иттилоотӣ вобастагӣ дорад.

Бо дарназардошти таҳдиду хатарҳои нави ҷиноятҳои киберӣ, кишварҳои пешрафта стратегияи махсус оид ба амнияти кибериро амалӣ менамоянд, ки аз хавфи он ҳимоя шаванд. Аз ҳама кишвари пешсаф Малайзия мебошад, ки 74% метавонад худро аз ҷиноятҳои киберӣ ҳифз намояд. Инчунин, Япония- 72%, Индонезия - 70%, ИМА - 60%, Русия -60%, Фаронса - 51%, Олмон - 45% метавонанд худро аз ҷиноятҳои киберӣ муҳофизат намоянд. Аз ин нишондиҳандаҳо маълум мегардад, ки ягон давлате наметавонад ба пуррагӣ, яъне 100% худро ҳимоя намояд.

Яке аз навъҳои ҷиноятҳои киберӣ – кибертерроризм мебошад, ки хавфу хатари он хосияти фаромиллӣ дошта, ба кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба кишварҳо дар алоҳидагӣ таҳдид эҷод мекунад. Ҳадафи кибертерроризм низ чун терроризми анъанавӣ таҳдид ба инсоният ва ноором кардани суботу амният мебошад.

Фарқияти кибертеррористҳо аз террористҳои дигар дар он аст, ки кибертеррористҳо бо истифода аз технологияҳои компютерӣ ва ба воситаи интернет ба ҳадафҳои худ ноил мегарданд. Аз ин рӯ, бо раванди рушди технологияи комуникатсионӣ хатарҳои кибертерроризм низ зиёд шудан мегирад.

Бояд гуфт, ки гурӯҳҳои террористию экстремистӣ аз Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода карда, садҳо сомонаҳои расмиро таъсис додаанд, ки бо даҳҳо ҳазор маводу маълумоти хусусияти ифротию террористидошта дар пайи гумроҳ сохтани афроди ноогоҳ ва ҷалби аъзоёни нав фаъолият менамояд. Онҳо ақидаҳои ифротию зиддиинсонии хешро бо мақсади барангехтани тарсу ваҳм миёни мардум паҳн мекунанд. Ба намоиш гузоштани аксҳо ва наворҳои видеоӣ, ки дар он куштори ваҳшиёнаи одамон, зинда ба зинда сӯзондани одамон дида мешавад, мисоли рӯшанест, ки таъсири ниҳоят манфии равонӣ ба аҳолии осоишта мерасонад.

Инчунин, тавассути Интернет барангехтани бадбинии динӣ, миллӣ ва нажодӣ дар миёни аҳолии ин ё он кишвар ҳадафи асосии кибертеррористон ба шумор меравад. Маҳз тарғибу ташвиқот тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба онҳо имкон медиҳад, ки аъзоёни навро аз ҳисоби одамони ноогоҳ ба гурӯҳҳои террористии худ ҷалб намоянд. Шуморае аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ, ки ба ҳаракату гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ пайвастаанд, тибқи таҳлилу тадқиқот аксари онҳо тавассути Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба доми фиреб афтидаанд.

Дар мавриди таҳдиду хатарҳои кибертерроризм набояд фаромӯш кард, ки аз имконият ва зарфиятҳои технологияҳои инкишофёфта, на танҳо ташкилотҳои террористӣ бар зидди инсонҳо, балки давлатҳои абарқудрат низ барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва манфиатҳои геополитикӣ бар муқобили кишварҳои дигар низ аз онҳо истифода мекунанд. Ворид шудан ба системаи компютерии объекти стратегии як кишвар, паҳн кардани вирусҳо, гӯш кардани суҳбати телефонии сарони давлатҳо, вайрон кардани барномаҳои муҳими вазоратҳову корхонаҳои як кишвар тавассути системаи компютерӣ, аз ҷумлаи киберҷиноятҳое мебошанд, ки аз ҷониби хадамоти махсуси як давлат дар муносибат ба давлати дигар амалӣ карда мешаванд.

Бинобар ин, давлатҳо бояд ба таъмини амнияти иттилоотӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд, то тавассути он тавонанд истиқлолияти давлатӣ ва амнияти миллии худро таъмин намоянд.

Таҷриба нишон додааст, ки яке аз ҳадафҳои асосии кибертеррористон ба даст овардани маълумоти махфӣ ва хусусияти стратегидоштаи мақомоти давлатӣ мебошад. Моҳи майи соли 2017 вируси харобикунанде бо номи “WannaCry” ба системаи компютерӣ дар саросари ҷаҳон паҳн карда шуд, ки дар натиҷаи он 500 ҳазор компютер бо системаи “Windows” дар 150 кишвари дунё зарар дида, аз кор монданд. Инчунин, охирҳои моҳи декабри соли 2018 хакерҳои номаълум санадҳои ҳизбҳо ва маълумоти шахсии садҳо сиёсатмадорони Олмонро рахна карда, дар Интернет паҳн намуданд, ки асосан суроғаи ҷойи истиқомат, рақами телефонҳои мобилӣ, почтаи электронӣ, нусхаи шиноснома ва ҳуҷҷатҳои дохилиҳизбии ин сиёсатмадоронро дар бар мегирифт.

Ин гуна далелҳо хеле зиёданд, ки берун аз муносибати дипломатӣ буда, бар хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ сурат мегиранд.

Аз ин лиҳоз, кишвари моро низ зарур аст, ки ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотии давлат ҳамкориҳоро чи дар сиғаи бисёрҷониба ва чи дар доираи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ тақвият бахшад, зеро дар шароити пуртазоди замони муосир ҳеҷ як кишвари дунё дар танҳоӣ амнияти худро таъмин карда наметавонад.

Фирӯзи Рамазон,

мутахассиси Раёсати таҳлил ва

ояндабинии сиёсати дохилии

Маркази тадқиқоти стратегии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон