Асосӣ: Маркази матбуот 70 СОЛ МУБОРАК!
+++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Душанбе +++ Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими таҷлили ҷашни Наврӯз +++ Манфиати абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ: «ҳамкорӣ ё рақобат» +++ Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи XIX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ +++ Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони васоити ахбори оммаи давлатӣ +++ Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 феврали соли 2019, №АП-1165 +++ Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир +++ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нахустин Муколамаи «Ҳиндустон-Осиёи Марказӣ-Афғонистон» иштирок намуд +++ ЧАНД ДАСТОВАРДИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2018 +++ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 12:21, шаҳри Душанбе +++

Овоздиҳӣ

Шумо дар бораи мо чӣ тавр фаҳмидед?
 

ОМОР

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз530
mod_vvisit_counterДирӯз1536
mod_vvisit_counterДар ин ҳафта8451
mod_vvisit_counterДар ин моҳ34006
mod_vvisit_counterҲамагӣ1570486
Visitors Counter 1.5

ТАҚВИМ

Марти
23
Шанбе
BuaXua Calendar

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

CТРАТЕГИЯИ МО ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ, СУЛҲУ СУБОТ, МУТТАҲИДИИ МИЛЛАТ, РУШДУ ИНКИШОФИ АНЪАНАВУ СУННАТҲОИ НЕК ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ, ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН ВА БО ҲАМИН РОҲ БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ.

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

70 СОЛ МУБОРАК!

08.06.2018

МУҲТАРАМ МИРЗОШО ВАТАНШОЕВ!

Шуморо ба муносибати 70-умин солгарди зодрӯзатон аз самими қалб табрику муборакбод гуфта, бароятон хонаи обод, тани сиҳат, хотири ҷамъ, давлати пирӣ ва комёбиҳои нав ба нави эҷодӣ таманно дорем.

Шумо таҳсили ибтидоиро дар мактаб-интернати зодгоҳатон анҷом дода, соли 1965 ба шуъбаи форсии факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1970 онро бомуваффақият хатм кардед. Чанд муддат дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон фаъолият карда, солҳои 1970–1972 ба кишвари Эрон фиристода шуда, ба ҳайси тарҷумон ифои вазифа намудед. Аз соли 1972 то соли 1979 дар Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба симати муҳаррир ва аз соли 1979 то соли 1983 ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон ва аз соли 1983 то августи соли 2009 дар бахши бурунмарзии радиои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чун тарҷумон, муҳаррир ва муҳаррири калон садоқатмандона кор кардед. Аз соли 2010 то ба имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мутахассиси пешбари Раёсати

таъмини иттилоотӣ фаъолияти пурсамар доред.

 

Дар ин муддат мо Шуморо чун корманди масъулиятшиносу хоксор, ташаббускору кордон, серталабу ботаҷриба, ҳалиму меҳрубон мешиносем. Ҳамаи кордониву илму фарҳангатон дар баробари хислатҳои неку наҷиби инсонии Шумо: хоксорӣ, поквиҷдонӣ, муносибати хубу ҳамида бо ҳамкорон, кумаку мадад ба ҷавонон, муҷиби он шудааст, ки аз эҳтироми хоси мо, ҳамкорон, бархӯрдор бошед.

Устоди гиромӣ, Шумо дар байни аҳли илму адаби кишварамон чун нависандаи соҳибқалам, журналисти боистеъдод, тарҷумони варзида ва муҳаррири нуктасанҷ соҳиби обрӯву эҳтиром ҳастед. Китобҳои таълифнамудаи Шумо: "Бадахшони ман" (Душанбе, "Нодир", 2003), "Қиссаи роҳ" (Душанбе, "Нодир", 2007), "Сарбози меҳан" (Душанбе, "Нодир", 2008) ва "Тавлиди меҳр" (дар ҳаммуаллифӣ бо М.Ҳалимшоев, Душанбе, «Нодир», 2007), очерк дар бораи ҳаёту фаъолияти Мастибек Тошмуҳаммадов (дар маҷмӯаи «Нахустгенерали тоҷик», Душанбе, нашриёти «Пайк», 1999) чоп шудаанд. Ду китоби дигари Шумо дар дасти чоп аст. Як қатор китобҳои арзишманд, аз ҷумла чанд китоби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба забони русӣ тарҷума намудаед. Даҳҳо китобҳои дигар бо таҳриру вироиш ва таҳияву тадвини Шумо ба нашр расидаанд.

Шумо бо Ифтихорномаи Сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон (1983) ва бо медали "Хизмати шоиста"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2003) сарфароз гардидаед.

Бори дигар 70-солагии умратонро шодбош ва табрик мегӯем. Умедворем, ки Шумо, устоди азиз, бо таҷрибаву кордонӣ ва илму дониши фаровони худ минбаъд низ дар пешбурди кори Марказ ба нафъи Ватани азизамон саҳми шоиста мегузоред.

Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон