Фаъолияти соҳибкорӣ яке аз шаклҳои хоҷагидорӣ мебошад, ки барои рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёти давлат, азхуд кардани манбаъҳои нави ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулот, ворид намудани технологияи нав, мусоидат ба таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум нақши муҳимро мебозад. Бо шарофати ба даст овардани Ваҳдати миллӣ ва қадам ниҳодан ба рушди устувори иқтисодӣ дар давлати мо рушди соҳибкории хурду миёна ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодӣ ба роҳ монда шуда, барои тараққӣ ёфтани ҳаматарафаи он шароити мусоид фароҳам оварда шуда истодааст.

Дар давоми солҳои 1997 – 2020 ҷиҳати дастгирии рушди соҳаи истеҳсолӣ махсусан дар соҳаи саноат як зумра санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунанда ва дигар барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла:

  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.07.2014, №1107 “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ”;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.05.1997, № 464 “Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ” қабул гардиданд.

Ҳоло бо мақсади дастгирии соҳибкорӣ махсусан соҳаи соҳибкории истеҳсолӣ зиёда аз 100 намуди имтиёзҳо амал менамоянд. Илова бар ин санаи 5 июни соли 2020 ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 дар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” яке аз дастгириҳои саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои паст кардани таъсири манфии пандемия ба соҳибкорӣ ва мусоидат намудан ба рушди минбаъдаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар мебошад. Дар шароити имрӯза, ки тамоми ҷаҳонро пандемияи COVID-19 фаро гирифта, чун натиҷаи он буҳронӣ иқтисодӣ ба амал омадааст, чунин дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ яке аз омилҳои пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дар натиҷаи татбиқи афзалиятҳои дар ин ҳуҷҷатҳо муайяншуда шумораи субъектҳои соҳибкорӣ мунтазам тамоюл ба афзоиш дошта соли 2019 ба 328600 адад расид, ин нишондиҳанда соли 1997 ба 47400 адад баробар буд (афзоиш 693,2%). Инчунин ҳиссаи бахши хусусӣ дар ташаккули Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар соли 2019 ба 70% баробар гардид, ки ин нишондиҳанда соли 1997 ба 48% баробар буд.

Аз рӯи маълумотҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 10892120,2 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 112,2% зиёд шудааст. Аз ҷумла ҳаҷми маҳсулоти саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва коркарди конҳо 1612275,9 ҳазор сомонӣ (93,3% соли 2019), саноати коркард 6005330,9 ҳазор сомонӣ (117,6% нисбат ба соли 2019) ва электроэнергия, газ ва таъминоти об 3274513,4 ҳазор сомониро (113,69% нисбат ба соли 2019) ташкил дод.

Ҳиссаи маҳсулоти истеҳсолкардаи саноати коркард дар панҷ моҳи соли 2020 зиёд шуда, 55,13% -ро ташкил дод ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба 2,55 банди фоизӣ афзоиш ёфтааст (Диаграммаи 1 ва 2).

Ҳиссаи маҳсулоти соҳаи саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ ва коркарди конҳо аз ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи саноат дар марҳилаи таҳлилшаванда 14,8%-ро ташкил дода, нисбат ба соли 2019-3% коҳиш ёфт.

Маҳсулоти соҳаи электроэнергия, газ ва таъминоти об дар марҳилаи таҳлилшаванда аз ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи саноат 30,06% ташкил дод, соли 2019 бошад, ҳиссаи он 29,62%-ро ташкил медод.

Тибқи маълумотҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 майи соли 2020 дар ҷумҳурӣ 2204 корхонаҳои саноатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 7,0 фоиз ё 143 корхона зиёд гардидааст. Ҳамчунин аз шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ 305 корхона ба саноати истихроҷ, 1789 корхона ба саноати коркард ва 157 корхона ба соҳаи энергетика, таъминоти об ва коркарди дуюмдараҷа тааллуқ доранд. Дар моҳи январ-апрели соли равон дар соҳаи саноат 61 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 980 ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шуд, аз ҷумла:

  • дар вилояти Суғд – 23 корхона бо 336 ҷойҳои кории нав,
  • вилояти Хатлон – 19 корхона бо 135 ҷойҳои кории нав,
  • ВМКБ – 1 корхона бо 5 ҷойҳои кории нав,
  • шаҳри Душанбе – 10 корхона бо 468 ҷойҳои кории нав,
  • НТҶ – 8 корхона бо 36 ҷойҳои кории нав (http://sanoat.tj/?p=5965 Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон. Санаи муроҷиат 18.06.2020).

Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас ҳоло ҳам дар ин самт баъзе масъалаҳои ҳалталаби дигар ҷой дорад, аз ҷумла дастрасӣ ба захираҳои қарзию молиявии имтиёзнок ва мутахассисони баландихтисос. Ҳаллу фасли инҳо ба рушди минбаъдаи соҳибкорӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Содиқова А.Ф.,

сармутахассиси Раёсати тадқиқоти

масъалаҳои соҳибкорӣ  ва

инкишофи бахши хусусӣ

Чоп кунед