Дар шароити ҷаҳонишавӣ таваҷҷуҳи тамоми ҷомеаи ҷаҳонро мафҳумҳое маркази диққаташонро касб кардаанд, ки дар воқеъ рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо аз ин ду омили муҳим – “амнияти иқтисодӣ” ва “амнияти миллӣ” вобастагии калон доранд. Тамоми кишварҳо бе таъмини амнияти иқтисодӣ наметавонанд рушд кунанд, зеро имрузҳо ҳар омили сунъиву табиӣ ба фазои рушди амнияти иқтисодӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, яке аз омилҳои муҳимми таъсири манфии амнияти иқтисодӣ ба тағйирёбии босуръати иқлим ва сар задани ҳар гуна офатҳои табиӣ дар кишварҳои ҷаҳон бошад, аз ҷониби дигар, бархӯрди манфиатҳои абарқудрат ва ҷорӣ кардани таҳримҳои иқтисодӣ дониста мешавад. Бинобар ин, таъсири таҳримҳоро он кишварҳое, ки рӯ ба рушд ҳастанд ва фазои рушди иқтисодиёташон аз кишварҳои рушдёфта вобастагӣ доранд, бештар эҳсос мекунанд, зеро агар суботи сиёсӣ ва ҷамъиятӣ пойдор набошад, кафолати таъмини амнияти шаҳрвандонро давлат дода натавонад ва дар натиҷа амнияти иқтисодии кишвар дар зери хатар ва осебпазирӣ қарор хоҳад гирифт. Бинобар ин, ин ду маҳум ба ҳам бисёр алоқаманд ва тавъам мебошанд.

Якум, амнияти иқтисодӣ – яке аз бахшҳои асосии амнияти миллии давлат мебошад. Аз дидгоҳи фарохтар, зери мафҳуми амнияти иқтисодӣ кифоятии таъминот мутобиқи сатҳи талаботи амнияти миллӣ бо захираҳои молиявӣ ва бештар захираҳои зурурии худӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди иқтисодиёт ва болобурди сатҳи рақобатпазирии мамлакат, ҳифозати манфиатҳои иқтисодии шахсӣ, ҷамъиятӣ, давлатӣ аз таҳдидҳои дохилию хориҷӣ дар амон будан фаҳмида мешавад.

Дуюм, амнияти миллӣ маҷмуи чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тандурустӣ, низомӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фароҳам овардани фаъолияти ҳаёти муътадили миллат, бартараф сохтани хатароти имконпазир равона шудаанд. Амнияти миллӣ ҳамчунин, фарогири ҷанбаҳои зерин мебошад: ҳимояи сохти давлатӣ; ҳимояи сохти ҷамъиятӣ; таъмини дахлнопазирии ҳудудӣ ва истиқлол; таъмини мустақилияти сиёсӣ ва иқтисодии миллат; таъмини тандурустии миллат; ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ; мубориза бо ҷинояткорӣ; таъмини амнияти техногенӣ ва ҳимоя аз хатарҳои офати табиӣ.

Лозим ба таъкид аст, ки тағйирёбии иқлим яке аз омилҳои таъсиррасонандаи табиӣ ба амнияти иқтисодӣ ба ҳисоб меравад. Тағйирёбии иқлим барои амнияти озуқаворӣ, рушди устувор ва коҳиши камбизоатӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунад.

Тазаккур бояд дод, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21-уми декабри соли 2021 дар Паёми худ роҷеъ ба тағйирёбии иқлим ва хатарҳои экологӣ таъкид карданд, ки: “…Масъалаи тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати талошҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои он ҳамчун мушкилоти ҷиддии замони муосир мавриди таваҷҷуҳи хоси кишвари мо қарор гирифтааст. Тайи чанд даҳсолаи охир тақрибан сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои кишвари мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз онҳо ташаккул меёбад, аз байн рафтааст”.

Пешаои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун шахси ташаббускор дар масоили обу иқлим ва ҳифзи муҳити зист аз ҷониби тамоми кишварҳои ҷаҳон эътироф гардидаанд ва маҳз дар заминаи ташаббусу пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бонуфузтарин созмони ҷаҳонӣ  “Созмони Милали Муттаҳид” нуҳ қатънома қабул кардааст. Бинобар ин, андешаҳои Пешвои муаззами миллат оид ба мушкилоти об, иқлим, экология, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист, ки дар асоси арзишҳои муосиру дақиқи илмӣ баён ва пешниҳод гардидаанд, заминаи хубе барои пешгирӣ аз ҳар гуна хатарҳои экологӣ ва амнияти иқтисодӣ дар саросари ҷаҳон шуда метавонад.

Дар натиҷа, барои таъмини аҳолии афзояндаи ҷаҳон ва фароҳам овардани замина барои рушди иқтисодӣ, кишоварзӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ бояд ин мушкилотҳо ҷиддӣ қабул карда шаванд. Бояд гуфт, ки раванди ҷаҳонишавӣ бо тағирёбии иқлим мураккаб шуда, афзоиши ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво ва афзоиши пешгӯйинашавандаи шароити тағйирёбии сайёра аллакай ба кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ таъсир расонида, боиси коҳиши ҳосилнокӣ ва даромади аҳолӣ дар минтақаҳои осебпазир мегардад.

Зарур аст, ки ба таҷрибаҳои бештар самараноки кишоварзӣ, ки истифодаи беҳтари захираҳо, коҳиш додани тағирёбии истеҳсолот ва баланд бардоштани устувории маҳсулот ва устувории бештарро ба хатарҳои иқлим, зарбаҳо ва тағирёбии дарозмуддати иқлимро таъмин кунанд таваҷҷуҳ зоҳир гардад. Илова бар ин, коҳиш додани партовҳои газҳои гармхонавӣ ва зиёд кардани ҷудокунии карбон зарур аст ва ин раванд барои коҳиш додани оқибатҳои манфии тағирёбии иқлим таъсири мусбат хоҳад расонд.

Омили муҳимми раванди мутобиқшавӣ ба тағирёбии иқлим муайян кардани таъсири мушаххаси он ба кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ мебошад. Якчанд усулҳои ядроӣ мавҷуданд, ки оқибатҳои тағйирёбии иқлимро омӯхта, роҳҳои бартараф кардани онро муайян мекунад. Яъне муборизаи зидди эрозияи замин ва таназзули замин, баланд бардоштани хосилхезии замин ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи обро муайян кардан мумкин аст.

Бояд тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ доир ба ташаннуҷҳои иқтисодӣ ва сиёсии ҷаҳонӣ таъкид намуданд, ки: “…дар панҷ соли охир таъсири манфии бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон шиддат ёфта, яроқнокшавии бошитоб ва оғози марҳалаи «ҷанги сард» боиси халалдор шудани низоми муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни давлатҳо ва ба вуқуъ омадани буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ гардид”. Аз гуфтаҳои Сарвари давлат бармеояд, ки таъсири бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат дар он зоҳир мегардад, ки ба рушди иқтисодии давлат монеа эҷод намуда, ҷиҳати таъмини амнияти иқтисодӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва шароити мусоид фароҳам овардан баҳри зиндагии сазовор ба аҳолии кишвар таъсири манфӣ расонида, барои ба эътидол ва рафъ кардани ин хатарҳо кишварҳои ҷаҳон ва хусусан мамлакатҳои минтақаро зарур аст, ки аз сиёсати ҳамҷаворӣ, дустӣ ва иттиҳодӣ истифода баранд ва ин яке аз роҳҳои ҳалли ин қазия хоҳад шуд. Лозим ба таъкиди хос аст, ки баргузории Вохӯрии панҷуми машваратии Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзҳои 14 ва 15-уми сентябри соли 2023 далели гуфтаҳои боло шуда метавонад. Масъалаи рушди иқтисодӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид муҳимтарин масъалаҳое мебошанд, ки ҳамеша зери таваҷҷуҳи  Пешвои миллат қарор мегиранд. Бинобар ин, дар зиёда аз бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 дарсад таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 115 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 33 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Масъалаи дигари рушди иқтисодии кишвар ва ба даст овардани яке аз ҳадафҳои муҳимми стратегӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ мебошад, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ алоқамандӣ дорад. Бо дар назардошти рушди ин соҳа метавон қайд намуд, ки мувофиқи оморҳои расмӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 11 миллиарди соли 1992 ба 49 миллиарду 272,4 миллион сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 4,5 баробар афзоиш ёфтааст. Тибқи нишондодҳои соли 2022 беш аз 95 дарсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба бахши хусусӣ рост меояд.

Бояд гуфт, ки дар шароити имрӯза бо дарназардошти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ, тағйирёбии бесобиқаи равандҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ яке аз масъалаҳои муҳим дар сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварҳо ба ҳисоб меравад. Дар ин росто Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дарки амиқи вазъи минтақа ва ҷаҳон ба самтҳои асосии рушди минбаъдаи кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Дар ин раванд новобаста аз шароити мураккаби иқтисодӣ ва геосиёсии ҷаҳон, низоъҳои тиҷоратӣ, афзоиши таҳримҳо, тағйирёбиии иқлим, болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ дар ҷаҳон, паҳншавии бемории сироятии “КОВИД–19” ва дигар омилҳои манфии ба иқтисоди миллӣ таъсиргузор аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тамоми чораҳои пешгирикунанда ва роҳҳои ҳалли ин мушкилоти глобалӣ андешида шуда, дар натиҷа соли 2022 суръати рушди иқтисодӣ дар ҳаҷми 8 дарсад таъмин гардид.

Ҳамин тавр, таъмини амнияти иқтисодӣ, таъмини амнияти давлат ҳифзи якпорчагии Ватани азизамон, ва шароити мусоид фароҳам овардан барои зиндагии арзанда ҳамеша дар зери ғамхориҳову таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, сарфи назар аз тамоми мушкилотҳои ҷойдошта дар ин самт рушди иқтисоди миллӣ таъмин мегардад.

Ҷамшед Салихов
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлили масъалаҳои
макроиқтисодии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чоп кунед