Дар тули 32 соли Истиқлоли давлатӣ бо ибтикор ва хизматҳои шабонарузии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва рушди иқтисоди миллӣ басо назаррас буда, дар таърихи мардуми мо нодиртарин падидаи сарнавиштсоз мебошад. Гарчанде истиқлоли ҷумҳурӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд ва ба иқтисодиёти кишвар хисороти зиёд расонид, аммо баъд аз дастёбӣ ба сулҳу субот дар Тоҷикистон рушди иҷтимоиву иқтисодӣ шуруъ гардид.
Хушбахтона, таҳти сиёсати хирадмандони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибати иқтисодии кишвар бо давлатҳои хориҷиро тадриҷан ба роҳ монда, ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ бунёди корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ, сохта ба истифода додани роҳҳои мошингарду нақбҳои тулонӣ, бунёди бинову муассисаҳои иҷтимоӣ ва сохтмони неругоҳҳои азими барқи обӣ далели гуфтаҳои боло мебошанд. Бо итминон гуфтан мумкин аст, ки дар ин давра иқтисоди мамлакат рушд карда, дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ пешрафти зиёде ба чашм мерасад.
Бинобар ин, роҷеъ ба хизматҳои шоёни Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар якчанд соҳаҳои ҳаётан муҳимми стратегӣ метавонем маънидод кард:
– Ба роҳ мондани муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷ. Қайд кардан зарур аст, ки сиёсати дурбинонаю хирадмандонаи Пешвои миллат имкон фароҳам овард, ки дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мавқеи худро ба таври мушаххас муайян намояд. Дар баробари соҳибихтиёр гардидан Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як кишвари фаъол дар пешбурди муносибатҳои байналмиллалӣ ва пеш гирифтани сиёсати ҳамҷаворӣ бо кишварҳоли хориҷ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд дар татбиқу амалӣ намудани нақшаву ҳадафҳои стратегии кишвар то имрӯз натиҷаҳои хеле назаррас ба даст омаданд. Дар баробари пеш бурдани сиёсати дӯстонаву муваффақи хориҷии Пешвои миллат буд, ки имрӯзҳо кишвари мо бо як қатор созмону ташкилотҳои бонуфузи минтақа ва ҷаҳон муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангиро роҳандозӣ намуда, боиси баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ гардид. Ҳамзамон, сиёсати «дарҳои боз» барои мо имкон дод, ки дар ҳамкорӣ бо кишварҳои пасошуравӣ бисёре аз масъалаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар мавриди ҳаллу фасл қарор гирифта, имрӯз Тоҷикистон бо ташаббусу ғамхориҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуда, ин ташаббусҳо мақоми кишвари моро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд хоҳанд бардошт.
– Сохта ба истифода додани корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ. Рушду нумӯи тамоми кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аз соҳаи саноат ба иқтисоди қавӣ вобастагӣ дошта, идоракунандаи бозори ҷаҳониро кишварҳои аз ҷиҳати саноативу истеҳсолӣ рушдёфта идора менамоянд. Аз ин ҷост, ки дар ҳар як Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки ҳамасола ироа мегардад, рушди соҳаи саноат, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва ҷалби сармоя, бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ диққати махсус зоҳир мегардад. Бо ин мақсад эълон намудани ҳадафи чоруми миллӣ–“саноатикунонии босуръати кишвар” ва солҳои 2022-2026 ҳамчун “солҳои рушди саноат” барои дар амал татбиқ намудани нақшаҳои гузошташудаи Ҳукумати кишвар мусоидат мекунад. Тадбирҳои дар самти рушди саноат ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа андешидашуда, имкон фароҳам овард, ки дар панҷ соли охир афзоиши номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ ба зиёда аз 40 дарсад расонида шавад. Тибқи маълумоти расмӣ, дар ин давра 1382 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 15 ҳазор ҷойи кории нав сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Умуман, агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, соли 2022 беш аз 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият карда истодаанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки танҳо дар соли 2022 зиёда аз 500 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуданд ва барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 мусоидат намуд.
– Сохтмони неругоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ. Роҷеъ ба ин масъала қайд кардан зарур аст, ки рушди соҳаи энергетика дар раванди тараққиёти иқтисоди кишвар, хусусан дар самти татбиқи ҳадафҳои чоруми миллӣ–саноатикунонии босуръати кишвар нақши калон дорад. Имрӯз сердаромадтарин соҳа ва барои ғанӣ гардонидани иқтисоди тамоми кишварҳо, маҳз соҳаи энергетика ба ҳисоб рафта, дар заминаи ин даҳҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд. Ҳукумати мамлакат таъмини истиқлоли энергетикиро яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар муайян намуда, барои расидан ба он тамоми неруву имкониятҳоро сарф намуда истодааст. Бинобар ин, дар доираи ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон инфрасохтори энергетикии кишвар рушд ёфта, бо татбиқи як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ имкон фароҳам гардид, ки дар кишвар низоми ягонаи энергетикӣ таъсис гардад. Ҳамзамон, бо барқ таъмин намудани аҳолии кишвар ва ҳамаи самтҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ пурра аз манбаъҳои энергияи барқароршавандаи истеҳсолкунандагони дохилӣ амалӣ мегардад. Бо мақсади рушди соҳаи энергетика тибқи маълумот ҳоло бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16 миллиард сомонӣ идома дошта, дар доираи онҳо то ба имрӯз 7,6 миллиард сомонӣ азхуд гардидааст.
Бо мақсади татбиқи нақшаву барномаҳои созандаи кишвар дар роҳи расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ ва амалӣ кардани мақсадҳои неку дурбинонаи Роҳбари давлат дар самти таъмини зиндагии шоистаи сокинони мамлакат бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои гидроэнергетикӣ, сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои хурду бузурги барқи обӣ оғоз гардида, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёд карда шудаанд.
Қобили зикр аст, ки оғози корҳои барқарорсозӣ ва бунёди неругоҳи барқи обии “Роғун” ва ба кор андохтани агрегати якуми он, ба истифода додани хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун”, ба кор андохтани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 500 кВ ва 220-киловолтаи неругоҳи барқи обии “Роғун”, мавриди истифода қарор гирифтани неругоҳҳои барқи обии “Норак”, “Сарбанд”, “Қайроққум”, “Помир-1”, неругоҳи барқи обии “Тоҷикистон” дар баландии 3500 метр аз сатҳи баҳр дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ, “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2”, Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”, зеристгоҳҳои барқии 500-киловолтаи “Душанбе”ва“Суғд”, хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи “Ҷануб-Шимол”, дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 500 – киловолта дар нерӯгоҳи барқи обии “Норак”, зеристгоҳҳои барқии 220-киловолтаи “Лолазор”, “Хатлон”, “Айнӣ”, “Шаҳристон”, “Шаҳринав”, “Геран-2”, хатҳои интиқоли барқи 220 киловолтаи “Лолазор-Хатлон”, “Тоҷикистон-Афғонистон”, “Хуҷанд-Айнӣ”, “Қайроққум-Суғд”, “Айнӣ-Рӯдакӣ”, оғози татбиқи лоиҳаи САSA-1000, оғози татбиқи лоиҳаҳои “Барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии “Норак”, “Қайроққум” ва ба истифода додани зеристгоҳи барқии “Темурмалик” дар шаҳри Хуҷанд аз ҷумлаи он иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ба хотири рушду пешрафти соҳаҳои иқтисодии мамлакат, ноил гардидан ба истиқлоли комили энергетикӣ ва таъмини зиндагии шоистаи халқи тоҷик равона гардидаанд.
– Сохтмони роҳҳои мошингард ва нақбҳо. Барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар яъне баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ дар даврони истиқлол сохтмони роҳҳои автомобилгард ва нақбҳо дар маркази таваҷҷуҳи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти иқтидори боркашонии он яке аз марҳалаҳои муҳимми ҳадафҳои рушди кишвар пазируфта шудааст. Дар 32 соли Истиқлоли давлатӣ дар кишвар халқи тоҷик ба дастовардҳои азиме шарафёб гардид, ки онҳо барои садсалаҳо хизмат мерасонанд. Корномаҳои беназири Сарвари давлат ҷиҳати бунёди роҳу пул ва нақбҳои мошингард дар мамлакат ба хотири раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ амалӣ гардидааст. Дар ин самт татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ба рушди шабакаи роҳҳо тақвият бахшида, барои амалӣ шудани ин ҳадафи стратегии кишвар мусоидат менамояд.
Гуфтан бамаврид аст, ки аз рӯзҳои авввали соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз дар соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон сармояҳои дохиливу хориҷӣ ҷалб гардида, лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ татбиқ гардидааст. Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ, бахусус, давоми солҳои 2008 – 2020 сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди “Мурғоб – Қулма”, “Шоҳон – Зиғар”, “Шкев – Зиғар”, “Душанбе – Бохтар – Данғара – Кӯлоб”, “Дӯстӣ – Панҷи Поён”, “Душанбе – Чаноқ, ки ба сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон мепайвандад”, “Бохтар – Дӯстӣ”, “Душанбе – Турсунзода, ки ба сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон мепайвандад”, “Айнӣ – Панҷакент пайвастан ба сарҳади Ӯзбекистон”, ба анҷом расонида шудааст. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 5 нақби мошингузар “Истиқлол”, “Шаҳристон”, “Дӯстӣ”, “Озодӣ” ва “Хатлон” мушкилоти рафтуомади тамоми воситаҳои нақлиёт аз як минтақа ба минтақаи дигар тадриҷан аз байн рафт. Аввалин нақбе, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бунёд ёфтааст, нақби “Истиқлол” мебошад. Нақби “Истиқлол” бо дарозии 4 ҳазору 996 метр, дар масири 80 километр дуртар аз шаҳри Душанбе дар баландии 3 ҳазору 372 метр аз сатҳи баҳр, дар қаторкӯҳҳои Ҳисор сохта шудааст. Ҳамчунин, то замони сохтмони ин нақб дар роҳи мошингарди Душанбе–Хуҷанд–Чаноқ мушкилоти фасли зимистон ҳатто қариб шаш моҳ намегузошт, ки сокинони мамлакат тавассути ин роҳ рафтуомад кунанд. Бо ифтитоҳи нақби “Истиқлол” ҳаракати мунтазами воситаҳои нақлиётии байни тамоми минтақаҳои мамлакат пурра таъмин ва қисмати таърихии “Роҳи Бузурги Абрешим” эҳё гардид. Ҳамзамон, дар баробари ба истифода додани нақби “Истиқлол” дар роҳи мошингарди Душанбе–Хуҷанд–Чаноқ нақби «Дӯстӣ» бо дарозии 1047 метр ва нақби “Шаҳристон” бо дарозии 5 ҳазору 289 метр, бунёд гардидаанд, ки ин ҳама аз самараи хизматҳои наҷиби Пешвои миллат дарак медиҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки то сохтани нақбҳои мазкур ҳаракат тавассути ду ағба сурат мегирифт ва аз шаҳри Душанбе то маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд қариб 12-15 соат давом карда, дар пай хисороти зиёди моливу ҷонӣ мегузошт. Дар робита ба ин, нақби дигаре, ки дар даврони истиқлоли кишвар сохта шуд, нақби “Хатлон” мебошад. Дарозии нақби “Хатлон” 4450 метрро ташкил намуда, барои кӯтоҳ кардани фосилаи роҳ ва таъмини бехатарии ҳаракати мусофирон, инчунин, ба сарфаи вақт ва сӯзишворӣ мусоидат карда, имконияти рафтуомади мунтазами воситаҳои нақлиётро дар тамоми фаслҳои сол таъмин сохт. Аҳаммияти бузург доштани нақби мазкур дар он зоҳир мегардад, ки раҳо шудан аз машаққати убури ду ағбаҳои душворгузари Шаршару Чормағзак дар фасли зимистон, ҳамзамон, пешгири садамаҳои нақлиётӣ ва талафоти ҷонӣ мебошад. Вобаста ба ин, нақби дигаре, ки бо шарофати Сарвари давлат бунёд ёфтааст, нақби «Озодӣ» мебошад, ки бо дарозии 2224 метр сохта шуда, фосилаи роҳи Душанбе–Кӯлобро ба 7 километр ва вақти ҳаракати воситаҳои нақлиётро 40 дақиқа кӯтоҳ намуд.
Ҳамчунин, дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе роҳҳои бисёрсатҳа ё худ эстакадаҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд, ки бо амалӣ гарштани чунин тарҳҳо, пеш аз ҳама, танбашавии воситаҳои нақлиёт аз байн бурда шуд. Ҳамзамон, бо дастгириву талошҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи оҳани Бохтар–Кӯлоб соли 1999 бо дарозии 132 километр сохта шуда, дар ин масир 5 пули калон ва 7 истгоҳу вокзал мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Бо мақсади рушди соҳаи нақлиёти роҳи оҳани кишвар, аз ҷумла соли 2016 қитъаи Ваҳдат–Ёвони роҳи оҳани Душанбе–Бохтар–Кӯлоб бо дарозии умумии 40,7 километр сохта ба истифода дода шуда, дар умум, дар замони истиқлоли кишвар 218, 95 километр хатти роҳи оҳан сохта ба истифода дода шудааст. Тазаккур бояд дод, ки дастовардҳои муҳими соҳаи мазкур бунёд, таъмир ва навсозии пулҳои замонавии мошингузар дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Тибқи маълумоти расмӣ то ҳол дар кишвар зиёда аз 250 пули нав сохта ба истифода дода шудааст.
– Таваҷҷуҳ ба соҳаи иҷтимоии кишвар. Дар моддаи якуми Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ки «Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад». Ин меъёр аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ҳамчун самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар маркази таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид. Ҳамзамон, музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 дарсади соли 2018 ба 22,5 дарсад дар соли 2022 расонида шуд. Қайд кардан зарур аст, ки дар ин давра беш аз 900 000 ҷойи корӣ таъсис гардида, танҳо дар соли 190 000 ҷойҳои кории нав бунёд ёфтааст, ки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд. Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 дар соли 2022 то 14,7 миллиард сомонӣ ё 62 дарсад зиёд гардид. Дар ин давра аз ҳисоби захираву иқтидорҳои мавҷуда дар кишвар 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382000 хонанда, аз ҷумла дар соли 2022 190 бинои таълимӣ барои 87 000 хонанда мавриди истифода қарор дода шуда, дар зарфи 32 соли Истиқлоли давлатӣ 3700 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
Бояд таъкид кард, ки имруз дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 232 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ин рақам дар соли 1991 ҳамагӣ 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод. Инчунин, агар то соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошанд, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан дар 25 соли охир, 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 000 нафар расидааст. Бояд таъкид кард, ки бо мақсади беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии кишвар бо имкониятҳои мавҷуда аз ҷониби роҳбарияти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон музди меҳнат баланд гардида, дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон мусоидат мекунад. Аз ҷумла, аз 1 марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 дарсад ва дигар кормандони ин мақомот 20 дарсад; аз 1 июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 дарсад; андозаи нафақаи заминавӣ 20 дарсад; нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъйин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на камтар аз 16 дарсад индексатсия, зиёд гардиданд.
Ҳамин тавр, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа назаррас буда, барои фароҳам овардани шароит баҳри зиндагии шиста мусоидат намуда, дар рушди иқтисоди миллӣ нақши калидӣ мебозад.
Ҷамшед Салихов,
мутахассиси пешбари Раёсати
таҳлили масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон