Рӯзи 27-уми январи соли 2023 маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии «Стратег»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ раиси ташкилоти ҳизбии «Стратег» Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ намуда, пас аз интихоби котиботи ҷаласа намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомониро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Рӯзномаи ҷаласа чунин масъалаҳоро дар бар мегирифт.

  1. Ҳисоботи раиси ТИҲ «Стратег».
  2. Шарҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  3. Ба аъзогии ҲХДТ пайвастани аъзоёни нав.
  4. Супоридани ифтихорнома ва сипосномаҳо ба фаъолони ҳизбӣ.
  5. Муҳокимаи масъалаҳои баррасигардида.

Директори Марказ Хайриддин Усмонзода зимни ҳисоботи мухтасар доир ба фаъолияти яксолаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Стратег», сиёсати хирадмандона, дурбинона ва санҷидашудаи Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар масири рушди бомароми мамлакат махсусан муҳим қайд намуда, ҷавҳари асосии онро ормонҳои миллӣ, таҳкими арзишҳои демократӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллии кишвар дар шароити пуртазоди минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ намуд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба унвони мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф шудааст.  Инчунин, тамоми дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати сарнаиштсози Роҳбари ҲХДТ мебошад.

Зикр гардид, ки ташкилоти  ибтидоии «Стратег» дар ҳамдастӣ бо  кумитаи марказӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ХХДТ як қатор корҳоро ба анҷом расонида, дар тарғиби арзишҳои миллӣ, ташаккули маърифати ватандӯстӣ, татбиқи «Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2020-2025» ва амалишавии барномаҳои дигари давлатӣ саҳми муносиб гузошт.

Дар идомаи маҷлис Раиси КИ ҲХДТ дар н. И. Сомонии шаҳри Душанбе Қурбонзода Убайдулло доир ба самаранокии фаъолияти ҳизбӣ ва масъулиятнокии ҳар як узви ҳизб суханронӣ намуд. Мавсуф тазаккур дод, ки маҳз Раиси ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар ҳама шароит дар паҳлуи мардум бошанд ва афзалиятҳои умумимиллиро дар фаъолияти гуногунсамтаи худ амалӣ намоянд, ки дар байни мардум маҳбубияти зиёд пайдо намудааст.

Сипас дар доираи нақшаи чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии “Стратег” сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии Марказ Сайҳомид Шарипов дар мавзӯи “Паёми навбатии Пешвои миллат ҳамчун роҳнамои стратегии рушди бемайлони кишвар” суханронӣ намуда нуқтаҳои муҳимтарини онро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар маҷлис фаъолияти солонаи ташкилоти  ибтидоии «Стратег» дар давраи ҳисоботӣ аз январ-декабри соли 2022 қаноатбахш арзёби гардид.

Дар охир ба як қатор фаъолони узви ташкилоти ибтидоии «Стратег», ки онҳо дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷомеа дар шароити пуртазоди ҷангҳои иттилоотӣ нақши назаррас доранд, ифтихорнома ва сипосномаҳо тақдим гардид.

Ҳамзамон аз ҷониби Раиси ташкилоти ибтидоии “Стратег” Усмонзода Х.У. ба кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе Абдуллоева Фарангис ва Олимов Муҳаммадҷон сипосномаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Чоп кунед