Хабарҳо аз ҷониби MTC
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер мулоқот намуданд
   ДУШАНБЕ, 11.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр дар шаҳри Риёз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер мулоқот намуданд. Қаноатмандии ҷониби Тоҷикистон аз ҳамкории судманд бо Бонки Исломии Рушд таъкид…
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди рушди Саудӣ Султон Абдураҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд
   ДУШАНБЕ, 11.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Риёз бо Раиси Фонди рушди Саудӣ Султон Абдураҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд. Аз вазъи кунунии ҳамкории судманд бо Фонди рушди Саудӣ изҳори қаноатмандӣ карда…
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот намуданд
   ДУШАНБЕ, 11.11.2023. /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр дар ҳошияи нишасти изтирории сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Риёз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолиҳ мулоқот намуданд. Дар мулоқот масъалаҳои…
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуданд
   ДУШАНБЕ, 10.11.2023 /АМИТ «Ховар/. 10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар нишасти изтирории сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ вориди шаҳри Риёзи Подшоҳии Арабистони Саудӣ шуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии…
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ
   ДУШАНБЕ, 10.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти изтирории сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар намуданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон…
КОНФРОНСИ ИЛМИВУ АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “МАНФИАТҲОИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ”
   Санаи 10 ноябри соли 2023 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси ҷумҳуриявии илмиву амалӣ таҳти унвони "Манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ" баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш намояндагони вазорату…
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи милитсия дар қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ
   10.11.2023, шаҳри Душанбе Муҳтарам кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ! Дар ибтидо ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ, собиқадорон ва ҳар яки шумо – ҳозирини гиромиро, ки дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистони…
ОҒОЗИ МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВ ДАР РАВОБИТИ ДУҶОНИБА МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЭРОН
   Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон зиёда аз 30 сол мешавад, ки ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондаанд. Тоҷикистону Эронро риштаҳои фарҳангиву таърихӣ, ҳамҷаворӣ ва муштаракоти умумӣ бо ҳам мепайвандад ва байни Тоҷикистону Эрон барои тақвияти равобит фазои якдигарфаҳмии амиқ вуҷуд дорад.…
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР АМАЛИШАВИИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ КИШВАР
   Дар тули 32 соли Истиқлоли давлатӣ бо ибтикор ва хизматҳои шабонарузии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалишавии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва рушди иқтисоди миллӣ басо назаррас буда, дар таърихи мардуми мо нодиртарин падидаи сарнавиштсоз мебошад.…
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Нишасти 16-уми сарони давлатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
   ДУШАНБЕ, 09.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 9 ноябр дар пойтахти Ҷумҳурии Узбекистон – шаҳри Тошканд саммити 16-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Президенти…