Рӯзи 7 декабри соли 2023 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд дар мавзуи “Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масоили мубрами минтақаи Осиёи Марказӣ: мушкилот ва дурнамои таъмини амният” баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ, олимону коршиносони ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ ва васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Дар мизи гирд масъалаҳои мубрами минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла нацши минтақа дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ; саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақавӣ; ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим дар минтақаи Осиёи Марказӣ; Тоҷикистон дар низоми ҳамкориҳои фарҳангии Осиёи Марказӣ: вазъ ва дурнамо; саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Марказӣ; дурнамои истифодаи зарфиятҳои транзитии Тоҷикистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ; таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ: вазъ ва дурнамои он мавриди баррасӣ ва арёзбӣ қарор гирифтанд.
Ҳамоишро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода кушода, зимни суханронии ифтитоҳӣ аз ҷумла қайд кард, ки рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, кишвари мо аз тарҳҳои ҳамгироии минтақавӣ ҳамеша ҳимоят менамояд. Иброз гардид, ки имрӯз кишварҳои Осиёи Марказиро на танҳо ҷуғрофия ва таърихи умумӣ, балки манфиатҳои муштарак дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, амниятӣ ва ғайра муттаҳид месозад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳои фаъол дар раванди ҳамгироии минтақавӣ ба шумор меравад. Бинобар ин, баргузории чунин ҳамоишро барои тақвияти амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, мустаҳкам гардидани ҳамгироӣ байни давлатҳои минтақа ва шарикони стратегии онҳо муҳим буда, Тоҷикистон ҳамчун бахши ҷудонопазири минтақа нисбати равандҳои минтақавӣ ҳаргиз бетафовут нест.
Гуфта шуд, ки аҳаммияти самти минтақавии сиёсати хориҷии мо, пеш аз ҳама, дар он ифода мешавад, ки имрӯз манфиатҳои миллӣ, амнияти миллӣ ва рушди иқтисодии кишварҳои минтақа ба ҳам вобастагии зич дошта, таъмини комили рушду амнияти ҳар кишвар танҳо дар заминаи таъмини рушду амнияти минтақавӣ имконпазир мебошад. Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи унсурӣ ва фаъоли минтақа ҷонибдори ҳамкориву ҳамгароии минтақавӣ буда, ба рушди робитаҳои баробарсатҳ дар ин самт аҳаммияти аввалиндараҷа қоил аст.
Ҳадафи асосии чорабинии имрӯза низ баррасӣ ва арзёбии масоили мубрами Осиёи Марказӣ: мушкилот ва дурнамои таъмини амният, равандҳои амният ва ҳамгироии минтақавӣ буда, боварии комил дорам, ки иштирокчиёни ҳамоиш хулосаву пешниҳодҳои мушаххаси худро дар ин бора иброз менамоянд.
Сипас мизи гирд ба кори худ шуруъ намуд. Дар назди ҳозирин намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдори давлатӣ, олимону коршиносони ниҳодҳои илмиву таҳлилӣ, аз ҷумла сардори Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Саидҳомид Шарифзода дар мавзуи “Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ”, муовини командири қисми ҳарбии Ситоди генералии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Абдулфайз Салимзода дар мавзуи “Мушкилот ва дурнамои амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ”, нозири калони Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаромарз Раҳмонзода дар мавзуи “Мушкилот ва дурнамои муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории миллӣ ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ”, директори Маркази таҳқиқоти геополитикии ДСРТ, доктори илмҳои таърих, профессор Гузел Майтдинова дар мавзуи “Пояс безопастности в трансграничном Амударьинском регионе: основные вызовы, политика протводействия и возможные сценарии”, муовини директори Филиали ДДМ ба номи М. Ломаносов дар шаҳри Душанбе, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Г.В.Коваленко дар мавзуи “Геополитический плюрализм как основа стабильности Центральной Азии: интересы и влияние внерегиональных актров на процессы регионализма”, мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалии факултаи муносибатҳои байналмилалии ДМТ, номзади илмҳои таърих, дотсент А.Н.Шарипов дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами амнияти минтақавӣ дар марҳалаи муосири геополитикӣ”, котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳрамбек Маҳрамбеков дар мавзуи “Ифротикунонии арзишҳои динӣ ҳамчун омили таҳдидкунанда ба амнитяти минтақа”, сардори шуъбаи бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси Муассисаи давлатиии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ” Саидусмон Акрамӣ дар мавзуи “Дурнамои истифодаи зарфиятҳои транзитии Тоҷикистон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ”, сармутахассиси Раёсати ҳуқуқ ва сиёсати кадрҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Баротова дар мавзуи “Осиёи Марказӣ дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ” маъруза карданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш дар бахши музокира пиромуни суханрониҳои ироашуда фикру андешаҳои муфид ва арзишманманд баён намуданд.
Мизи гирдро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода натиҷагирӣ ва ҷамъбаст карда, ба иштирокчиёни нишасти илмию амалӣ барои ширкати фаъолона изҳори сипос намуд.
Ҳамоиш дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда доир гардид.
Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон