Хабарҳо аз ҷониби MTC
Музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия

   ДУШАНБЕ, 17.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин оғоз гардида, дар вохӯрии васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт. Масъалаҳои калидии муносибатҳои ду кишвар ва мавзуъҳои мубрами минтақавию…
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди оромгоҳи Сарбози номаълум дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия гулчанбар гузоштанд

   ДУШАНБЕ, 17.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 17 март сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия бо гузоштани гулчанбар бар пояи оромгоҳи Сарбози номаълум оғоз гардид. Дар маросими гулчанбаргузорӣ дар боғи Александр қаровули фахрӣ ва оркестр саф ороста буд. Коменданти…
Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Русия

   ДУШАНБЕ, 16.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 март сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия бо ворид шуданашон ба шаҳри Москва оғоз ёфт. Маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи Внуково-2-и шаҳри Москва баргузор гардид. Сарвари…
Иқдомҳои навбатӣ дар самти дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ
   Вазъияти иқтисодиву сиёсии ҷаҳони имрӯза номуътадил буда, афзоиши рақобат, тағйирёбии нархҳои молу маҳсулот ва ашёи хом дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дастгирии рушди минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши хусусиро дар ҷумҳурӣ тақозо менамояд. Дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид…
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд

   ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот вазъ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, инчунин масоили мубрами минтақавӣ баррасӣ гардид. Президенти Ҷумҳурии…
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбаевро ба ҳузур пазируфтанд

   ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Нурлан Ермекбаевро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот ҳамкории бисёрҷонибаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти пурсамари…
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ба анҷом расид

   Бегоҳии рӯзи 13 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари давлатии худро ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба анҷом расонданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Бишкек Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров гусел намуданд. Сафари давлатии Роҳбари…
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев мулоқот намуданд

   ДУШАНБЕ, 13.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. 13 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев мулоқот намуданд. Дар вохӯрӣ масоили мубрами рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо таваҷҷуҳ ба иҷрои…
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Торагаи Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Шакиев мулоқот намуданд

   ДУШАНБЕ, 13.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо Торагаи (Раиси) Жогорку Кенеши (Парлумони) ин кишвар Нурланбек Шакиев мулоқот намуданд. Сарвари давлати мо нақши мақомоти қонунгузорро дар рушди ҳаёти ҷамъиятию…
Изҳороти муштарак оид ба таҳкими минбаъдаи риштаҳои дӯстӣ ва некуҳамсоягӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон

   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, бар пояи анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва эҳтироми мутақобили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, бо истинод ба принсипҳо ва уҳдадориҳое, ки дар Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва…