Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров,
бар пояи анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва эҳтироми мутақобили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон,
бо истинод ба принсипҳо ва уҳдадориҳое, ки дар Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 12 июли соли 1996 ва Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои некӯҳамсоягӣ ва ҳамшарикӣ аз 26 майи соли 2004 муқаррар шудаанд,
бо тасдиқи пойбандии худ ба принсипҳо ва меъёрҳои маъруфи ҳуқуқи байналмилалӣ, ки дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, инчунин дар шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок менамоянд,
бо дарназардошти аҳамияти таърихии 30-солагии имзои Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ, ки дар соли 2026 таҷлил мешавад,
бо итминон ба он, ки рушди минбаъдаи ҳамкории ҳамаҷонибаи мутақобилан судманд ҷавобгӯи манфиатҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад,
изҳор менамоянд:
1. Сарони давлатҳо азми худро барои андешидани тадбирҳои зарурӣ барои таҳкими беш аз пеши робитаҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон тасдиқ мекунанд.
2. Сарони давлатҳо аҳамияти таърихии Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатиро, ки зимни сафари давлатӣ ба имзо расидааст, таъкид менамоянд.
Онҳо изҳор менамоянд, ки сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон минбаъд сарҳади дӯстии абадии ду кишвар ва ду халқи бародар боқӣ мемонад.
3. Сарони давлатҳо тасдиқ мекунанд, ки барои рушди тадриҷии ҳамкорӣ дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо тадбирҳои маҷмӯӣ андешида мешаванд.
Ба ин мақсад зарфиятҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатӣ, Ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ мавриди истифодаи пурра қарор хоҳанд гирифт.
4. Сарони давлатҳо қарор қабул карданд, ки Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ба Шӯрои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон табдил дода мешавад ва онро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон роҳбарӣ хоҳанд кард.
5. Сарони давлатҳо мавҷудияти имкониятҳои зиёдро барои тавсеаи заминаи шарномавию ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба эътироф мекунанд.
6. Сарони давлатҳо аз рушди минбаъдаи робитаҳои байнипарлумонӣ аз тариқи тавсеаи ҳамкории гурӯҳҳои дӯстии парлумонҳои ду кишвар ҷонибдорӣ мекунанд.
Онҳо итминон доранд, ки мақомоти олии қонунгузории ҳарду кишвар минбаъд низ дар рушди ҳамкории гуногунҷанба ва мутақобилан судманд саҳми арзанда мегузоранд.
7. Сарони давлатҳо таъкид менамоянд, ки дар давраи оянда барои рушди босифати ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ тавассути истифодаи самараноки иқтидори иқтисодии ду кишвар ба мақсади таъмини пешрафт дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Кӯшишҳо барои фароҳам сохтани шароити мусоиди ҳуқуқӣ ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти соҳибкории ширкатҳои ду кишвар, роҳандозии истеҳсолоти муштарак, рушди барномаҳои муштараки иқтисодӣ, баргузор намудани форумҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, инчунин дарёфти иқтидори назарраси ҳамкории байниминтақавии ду кишвар равона карда мешаванд.
8. Сарони давлатҳо аҳаммияти рушди ҳамлу нақли транзитии мултимодалӣ ва байнимодалиро байни ду кишар ва ба кишварҳои сеюм, таъмини амният ва фаъолияти мунтазами долонҳои нақлиётии байналмилалие, ки аз қаламрави онҳо мегузаранд, таъкид менамоянд.
Аз имзои Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сохтмон ва истифодаи роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард дар доираи сафари давлатӣ истиқбол мекунанд.
9. Сарони давлатҳо мавқеи ошкоро ва созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро оид ба масъалаҳои обу энергетика тасдиқ намуда, аҳамияти рушди минбаъдаи соҳаи гидроэнергетикаро дар кишварҳои худ ҳамчун манбаи энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва барқароршаванда таъкид менамоянд.
Омодагии худро барои идомаи талошҳои зарурӣ ҷиҳати ҳарчи зудтар ва пурра ба кор андохтани лоиҳаи интиқол ва савдои неруи барқи Осиёи Марказӣ – Осиёи Ҷанубӣ – 1000 (CASA-1000) изҳор медоранд.
Сарони давлатҳо тасмим гирифтанд, ки Комиссияи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон оид ба идораи об таъсис дода шавад.
Аз Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ, ки дар доираи сафари давлатӣ ба имзо расид, истиқбол мекунанд.
10. Сарони давлатҳо ба ҳифзи асолати этникӣ ва забонии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои тоҷикони этникии дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон истиқоматкунанда ва қирғизҳои этникии дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва марказҳои фарҳангии миллӣ дар заминаи ҳифз ва рушди забони модарӣ, фарҳанги миллӣ, анъана ва расму оинҳои онҳо мусоидат мекунанд.
11. Сарони давлатҳо зарурати тавсеаи мунтазами ҳамкориро дар соҳаи гуманитарӣ таъкид мекунанд. Дар ин самт робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангу маориф, илм, варзиш, сайёҳӣ ва тандурустӣ таҳким ёфта, табодули ҳайатҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои илмию таҳлилӣ, ҷамъиятҳои дӯстӣ, дастаҳои ҳунарӣ ва театрӣ таҳким хоҳанд ёфт.
12. Сарони давлатҳо омодагии худро барои ҳамкории минбаъда дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, хариду фурӯши одамон, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла дар фазои киберӣ ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи сохторҳои байналмилалӣ тасдиқ мекунанд.
13. Сарони давлатҳо омодагии худро барои ҳамкории зичи ду кишвар дар соҳаи сиёсати хориҷӣ, пешбурди манфиатҳо ва ташаббусҳои мутақобил барои муттаҳидии минтақавӣ ва иртиботи мутақобили байниминтақавӣ ба мақсади таъмини сулҳ, субот ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ изҳор медоранд.
Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро абзори афзалиятнок дар ҷиҳати баррасии ҳамаҷониба ва ҳалли созандаи масъалаҳои дорои хусусияти минтақавӣ арзёбӣ мекунанд.
14. Сарони давлатҳо аҳамияти идомаи ҳамкориро дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар сохтору форумҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид мекунанд.
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон изҳор дошт, ки аз ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои обу иқлим ҷонибдорӣ мекунад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҷиҳати пешбурди масъалаҳои рӯзномаи кӯҳӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ намуд.
15. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзалиятҳои раёсати Ҷумҳурии Қирғизистонро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар соли 2025 пуштибонӣ кард.
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ҷонибдории худро аз афзалиятҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 изҳор намуд.
16. Сарони давлатҳо ҷашни 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945)-ро ҳамчун рӯйдоди муҳими таърихӣ барои таҳкими фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ арзёбӣ мекунанд.
17. Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба таври мунтазам муколамаи фаъоли сиёсиро дар робита ба маҷмӯи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн идома медиҳанд.
18. Сарони давлатҳо изҳори боварӣ намуданд, ки татбиқи созишномаҳои дар ин изҳорот дарҷшуда ба таҳкими беш аз пеши ҳамкории дуҷониба ва таҳкими робитаҳои дӯстӣ ба манфиати баланд бардоштани некӯаҳволии халқҳои тоҷику қирғиз, инчунин ба таъмини сулҳу субот дар минтақа мусоидат мекунад.
19. Сарони давлатҳо натиҷаҳои таърихии сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ҷумҳурии Қирғизистон бо қаноатмандӣ таъкид намуда, изҳори боварӣ мекунанд, ки музокироти муфассал дар рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба саҳм мегузоранд.
20. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳори сипос аз ҳусни меҳмоннавозии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва тамоми мардуми Қирғизистон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистонро даъват намуд, ки бо сафари ҷавобии давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд. Муҳлати сафар тавассути роҳҳои дипломатӣ мувофиқа карда мешавад.
21. Сарони давлатҳо азми қатъии худро барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба манфиати халқҳои бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон изҳор медоранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон |
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров |
ш. Бишкек, 13 марти соли 2025