Хабарҳо аз ҷониби MTC
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

   ДУШАНБЕ, 17.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 10:00-и 17 сентябри соли 2022, вазъият дар хати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон нисбатан муътадил арзёбӣ мегардад. Вале дар мавридҳои алоҳида аз ҷониби низомиёни Қирғизистон талаботи созиши оташбас вайрон карда мешавад. Дар ин бора ба…
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

   ДУШАНБЕ, 16.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз баргузории вохӯрии роҳбарони сохторҳои аввали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва эълон намудани оташбас, бо гузашти якуним соат, ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон ба самти минтақаҳои Овчи-Қалъачаи ноҳия Б.Ғафуров, Ворух ва Чоркуҳи шаҳри Исфара аз силоҳҳои гурӯҳӣ ва техникаҳои ҳарбӣ тирпаррониро…
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд

   ДУШАНБЕ, 16.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд. Сарони…
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

   ДУШАНБЕ, 16.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябри соли 2022 соати 14:00 ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият дар хати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар ННГС Равоти шаҳри Конибодом вохӯрии ҳайатҳои ду ҷониб таҳти роҳбарии Раиси КДАМ ҶТ Ятимов Саймумин Сатторович ва Раиси КДАМ…
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанд дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ иштирок карданд

   ДУШАНБЕ, 16.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок карданд. Дар чорабинӣ, ки дар доираи раёсати Узбекистон дар…
ТОҶИКИСТОН ЗАРФИЯТИ АЗИМИ ҲАРБӢ ВА НЕРӮИ ҚАВИИ ҲИФЗИ САРҲАДРО ДОРОСТ

   Новобаста аз он, ки дар самти ҳалли мушкилоти сарҳади миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон давоми сӣ сол маҷмӯи тадбирҳо роҳандозӣ гардида, то андозае масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи хатти сарҳади давлатӣ байни ду давлат ҳал гардид, аммо ҳанӯз ҳам баҳсҳои марзӣ моҷаро ва муноқишаҳоеро…
ФАВРӢ! Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

   ДУШАНБЕ, 16.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Кӯшишҳои ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият дар Сарҳади давлатии ҶТ ва ҶҚ то соати 11:10-и 16 сентябри соли 2022 натиҷа надода истодаанд, зеро тарафи Қирғизистон муноқишаҳои мусаллаҳонаро идома дода, аз роҳи ҳалли қазия тариқи гуфтушунид сарпечӣ мекунад.…
ФАВРӢ! Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

   ДУШАНБЕ, 16.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати соати 10:00-и 16 сентябри соли 2022 дар тамоми самтҳои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Қирғизистон муноқишаҳои мусаллаҳона идома дошта, қувваҳои низомии кишвари ҳамсоя аз тамоми намуди силоҳҳои вазнину оташфишони дар ихтиёрашон қарордошта деҳаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон, иншооти…
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад

   ДУШАНБЕ, 16.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябри соли 2022, тахминан соати 04:50-дақиқаи субҳ, сарҳадбонони дидбонгоҳи сарҳадии «Коктош»-и отряди сарҳадии Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон аҳдшиканона бо истифода аз силоҳҳои вазнин дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистонро гулӯлаборон карданд. Ҳамзамон, хизматчиёни низомии Қирғизистон бо истифода…
Идомаи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон

   ДУШАНБЕ, 15.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. 15 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон дар маросими ниҳолшинонӣ иштирок карда, аз Маҷмааи фарҳангию этнографии…