Новобаста аз он, ки дар самти ҳалли мушкилоти сарҳади миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон давоми сӣ сол маҷмӯи тадбирҳо роҳандозӣ гардида, то андозае масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи хатти сарҳади давлатӣ байни ду давлат ҳал гардид, аммо ҳанӯз ҳам баҳсҳои марзӣ моҷаро ва муноқишаҳоеро ба вуҷуд оварда истодаанд. Вобаста ба ин даҳҳо рӯйдодҳо ва воқеиятҳоро баён намудан мумкин аст, ки раванди баҳсҳои марзӣ ва оқибатҳои онро бозгӯӣ менамоянд. Масалан, ҳодисаҳои тули ду рӯзи охир дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба амал омада, далели ҳанӯз ҳам печида ва мураккаб боқӣ мондани баҳсҳои сарҳадӣ аст.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон аз оғози ба вуҷуд омадани баҳсҳои марзӣ гуфтушунид ва музокиротро дар авлавияти сиёсатгузории худ қарор додааст. Воқеияти таърихӣ ва таҳлили раванди баҳсҳои марзӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар мавқеи худ устувор буда, ҳамеша дар асоси меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуҷҷатҳои таърихӣ кӯшиши ҳал намудани баҳсҳои марзиро дорад. Яъне, ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ хилофи аҳд ва созишномаҳои қабулгардида амал накардааст.
Аммо таҳлилҳо ва воқеиятҳо нишон медиҳанд, ки ҷониби Қирғизистон дар бештари маврид ба аҳди худ вафо накарда, хилофи созишнома ва протоколҳои дутарафа амал мекунанд. Масалан, субҳи 14 сентябри соли 2022 аз ҷониби сарҳадбонони пости сарҳадии «Булакбошӣ»-и отряди сарҳадии Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии «Кех»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла парронда шуд ва мавқеи сарҳадбонони тоҷик бо истифода аз силоҳҳои вазнини ҷанги мавриди ҳамла қарор гирифт. Бо мақсади пешгирии вазъияти баамаломада бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон музокирот оғоз гардид. Дар натиҷаи гуфтушунидҳо ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки нерӯҳои иловагии ҳарбиро аз хати сарҳад дур намуда, суботу аманиятро дар марз ҳифз намоянд. Вале, пас аз ду рӯз 16 сентябри соли 2022, соати 04:50-и субҳ, сарҳадбонони дидбонгоҳи сарҳадии «Коктош»-и отряди сарҳадии Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон аҳдшиканона бо истифода аз силоҳҳои вазнин дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистонро гулӯлаборон карданд. Ҳамзамон, хизматчиёни низомии Қирғизистон бо истифода аз силоҳҳои вазнин деҳаҳои аҳолинишини Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканди шаҳри Исфара, Хистеварз ва Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор доданд.
Дар чунин вазъ низ мақомоти сиёсӣ ва қудратии Тоҷикистон талош доранд, ки бо роҳи гуфтушунид мушкилоти ба миён омадаро ҳал намоянд. Тавре Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар дод, аз ҷониби мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба, иқдоми якҷонибаи оташбас амалӣ шуда, роҳандозии гуфтушунид пешниҳод гардид, аммо ҷониби Қирғизистон ин пешниҳодотро нодида гирифтанд ва аз ҳама намуди силоҳҳои инфиродӣ, гурӯҳӣ ва техникаи ҳарбӣ нуқтаҳои аҳолинишини Тоҷикистонро мавриди ҳамла қарор доданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста ба ҷонибдории Тоҷикистон аз ҳалли осоиштаи масъалаи мазкур баъзе афрод иброз медоранд, ки кишвари мо дар баҳсҳои марзӣ бо Қирғизистон бештар гузашт менамояд. Чунин андешарониҳо мантиқӣ набуда, комилан аз воқеиятҳо дур аст.
Албатта, дар меҳвари сиёсатгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба музокирот бартарӣ додан маънои онро надорад, ки ҷониби Тоҷикистон иқтидори кам дорад ва ё гузашт намуда истодааст. Тавре дар боло ҳам таъкид гардид, имрӯз ҷумҳурии мо иқтидори азими ҳарбӣ ва зарфияти лозимаи мудофиавиро дорост, ки метавонад дилхоҳ хатару таҳдидро бартараф созад. Миллати тоҷик ва ҷавонмардони он ғайрати қавии муҳофизатӣ ва шукӯҳи бузурги набардро бо душман соҳибанд. Аз Зарафшону Бадахшон то Хатлону Кулобу Ҳисору Рашту Хуҷанд мавҷ-мавҷ ҳаракат намудани шаҳрвандон баҳри ҳимояи як гушаи Ватан далели дигари тавонмандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Таҳлил ва муносибати шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳодисаҳои имрӯза аз он шаҳодат медиҳад, ваҳдати миллӣ дар кишвари мо беш аз пеш тақвият ёфта, сокинон баҳри ҳифзи марзу буми Ватани худ омодаанд. Аз субҳ то кунун мавҷ-мавҷ омодагии сокинони шаҳру ноҳияҳо барои ҳифзи сарҳади давлат гувоҳии андешаҳои болост.
Ҳамин тавр, имрӯз ки Тоҷикистон зарфияти азими ҳарбӣ ва нерӯи қавӣ дорад ва метавонад дар ҳолатҳои зарурӣ марзи худро комилан ҳифз намояд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки муттаҳидии сокинон, эҳсоси баланди ватандӯстии шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҷасорату талошҳои ниҳодҳои қудратии кишвар дилхоҳ хатару таҳдидро дар марз бартараф намуда, суботу амният, осоиштагии сокинон ва тамомияти арзии Тоҷикистонро ҳифз менамоянд.
Алиназар Ашуров,
муовини сардори Раёсати таҳлил
ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази
тадқиқоти стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон