Хабарҳо аз ҷониби MTC
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
   05.10.2022 09:10, шаҳри Душанбе Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ…
Эмомалӣ Насриддинзода: Бо кӯшиши Пешвои миллат мақоми сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии забони тоҷикӣ ба куллӣ дигар шуд
   ДУШАНБЕ, 05.10.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо кӯшиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии забони тоҷикӣ ба куллӣ дигар шуд. Бо дарки муҳимтарин ва умдатарин масъала, яъне хусусияти муттаҳидгардонӣ ва ваҳдатофарии забон Роҳбари давлат онро…
Хусусиятҳои хосси мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
   (Бахшида ба истиқболи 30 - солагии Иҷлосияи таърихии 16 - уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) Фаъолияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз солхои 80-уми асри 20 ба ҳайси депутати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Данғараи вилояти Кӯлоб оғоз гардид.…
БА ПЕШВОЗИ 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ. Таърих дурустии роҳи пешгирифтаи Тоҷикистонро дар ҳама самтҳои татбиқи сиёсати давлатӣ исбот намуд
   ДУШАНБЕ, 01.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба туфайли қарору санадҳои дар Иҷлосияи XVI қабулгашта дар мамлакат омилҳое ба вуҷуд омаданд, ки онҳо ба рушди бевосита мусоидат намуданд. Дар ин муддат дар натиҷаи таваҷҷуҳи пайвастаи ҳукумат фаъолияти муассисаҳои марбутаи соҳаи ҳаёти иҷтимоӣ дастгирӣ ёфта, идомаи чунин…
ҶАМЪОМАД БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
   Рӯзи 30 сентябри соли 2022 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамоишро роҳбари дастгоҳи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатов ифтитоҳ карда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони…
НАҚШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
   Истиқлоли сиёсӣ яке аз арзишҳои олие ба шумор меравад, ки ҳифз ва таҳкими он аз ба даст оварданаш душвортар аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард ва миллати тоҷик сарнавишт ва тақдири минбаъдаи худро ба даст…
БА ПЕШВОЗИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ. ГУЛЧИНИ СУХАНОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР БОБИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
   Муҳаббат ба диёри бостонӣ ва пос доштани забони ширини модарӣ моро ба сӯйи ояндаи нек раҳнамоӣ мекунанд. *** Забону фарҳанги мо оинаест, ки роҳи бисёр тӯлонии дар масири таърих паймудаи тоҷиконро инъикос кардааст. *** Бигузор, забони ҷовидонаи шеъри қофиласолори адабиёти тоҷику форс…
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
   27.09.2022, шаҳри Душанбе Омӯзгорони муҳтарам ва донишҷӯёни азиз! Ҳозирини гиромӣ! Ҳамаи шуморо ба муносибати ифтитоҳи биноҳои нави таълимии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода самимона табрик мегӯям. Чун мулоқоти мо дар Донишкадаи давлатии забонҳо доир мегардад, дар ибтидо зарур мешуморам,…
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
   ДУШАНБЕ, 27.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст: «Муҳтарам Владимир Владимирович, Хабари фоҷеабори ҳамлаи ғайриинсонии мусаллаҳонаро дар…
ЭҲЁ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ ФАРҲАНГИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
   ДУШАНБЕ, 26.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад. Маҳз дар ҳамин рӯз, 5 октябри соли 2009 Қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дурнамои рушди забонро дар асоси меъёрҳои муқарраргардида дар иртибот ба вазъи ҳуқуқӣ, аз ҷумла…