Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвари азизамон Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи меҳнатҳои шабонарӯзӣ ва заҳматҳои фидокоронаю қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар шароити муосир пеш аз ҳама барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми нахустини худ дар Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд, иттиҳоду ягонагии миллат, сулҳу суббот ва яке аз ҳадафи асосӣ пешрафти минбаъдаи кишвар муаррифӣ намуданд. Мардуми кишвар суханҳои таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буданд: “Ман барои шумо сулҳ меоварам”, “То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам ”, “То ки бошам барои миллатам, барои халқам, барои давлатам хизмат мекунам” хуб дар хотир доранд. Маҳз чунин андешаҳои арзишманд ва таърихӣ заминаи барқарории ваҳдати миллиро гузошта, ташаккул ва рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷиро ба вуҷуд овард. Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 31 соли истиқлолияти кишвар роҳи дуру дарозеро тай кардааст. Таҷрибаи ба дастомада ба мо имкон медиҳад, ки равандҳои гуногуни муносибатҳо ва ҳамкориҳоро дар ҷаҳони муосир мушоҳида кунем, нисбати онҳо нуқтаи назари худро дошта бошем ва ба онҳо аз нуқтаи назари манфиатҳои миллӣ баҳо диҳем.
Пас аз ноил шудан ба истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешбурди сиёсати навини хориҷии худ шуруъ намуд. Ба шарофати эълони расмии Истиқлолияти давлавтии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кишвари мо афзоиш ёфт. Тоҷикистон дар даврони истиқлолият бо 181 кишвари ҷаҳон равобити дипломатӣ барқарор карда, узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ гардид. Инчунин беш аз 192 давлат истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф намуд. Танҳо дар соли 1992 бо 48 кишвари хориҷӣ, аз қабили Чин, Эрон, Русия, Мексика, Дания, Туркия, Ҷопон, Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея, Полша, ИМА, Озарбойҷон, Словакия, Чехия, Покистон, Маҷористон, Ветнам, Руминия, Нидерландия, Испания, Португалия, Арабистони Саудӣ, Финландия, Олмон, Кипр, Бангладеш, Фаронса, Фаластин, Малайзия, Таиланд, Ҳиндустон, Зеландияи Нав, Юнон, Узбекистон, Австрия, Куба, Филиппин, Исроил, Сурия, Муғулистон, Украина, Ҷумҳурии Корея, Белгия, Африқои Ҷанубӣ, Италия, Люксембург Шветсия, Арманистон ва Латвия муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард.
Сиёсати хориҷӣ ҳадафҳо, вазифаҳо, самтҳо, воситаҳо ва усулҳои фаъолияти давлатро дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ муайян мекунад. Дар замони муосир ҳадаф ва стратегияи асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон татбиқи амалии манфиатҳои олии давлату миллат – таъмини амният, суботи сиёсиву иқтисодӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди босуръат ва таҳкими неруи иқтисодиёти кишвар мебошад. Ин ҳадаф пешниҳоди стратегияи собитшуда ва ҳамаҷониба асоснокро бо механизмҳои самарабахши муносибатҳои фаъол ва ҳамкорӣ бо тамоми субъектҳои муносибатҳои байналхалқӣ талаб мекунад. Зеро он пешбурди сиёсати “дарҳои боз”-ро бо тамоми кишварҳое пешбинӣ мекунад, ки нияти ҳамкории беғаразона бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд.
Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, аз минбари созмонҳо ташаббусҳои созандаи Президенти кишвар дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла мубориза бар терроризму ифротгароӣ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, масъалаҳои экологӣ ба самъи ҷаҳониён расонида мешаванд.
Санаи 29 сентябри соли 1993 Пешвои миллат дар аввалин суханронии минбари Созмони Милали Муттаҳид ҳадаф ва мақсади миллати тоҷикро муаррифӣ сохтанд. Муҳтавои асосии суханронии Пешвои миллат дар он буд, ки Тоҷикистон дар баробари ба дастовардани истиқлолияти давлатӣ ва шомил гаштан ба Созмони Милали Муттаҳид ҷаҳониён онро шинохтанд. “Ҷумҳурии Тоҷикистон чун субъекти ҳуқуқи байналхалқӣ қадамҳои нахустин мегузорад. Ман бо қаноатмандии комил таъкид менамоям, ки мо дар Созмони Милали Муттаҳид соҳиби овози баробар гаштем ва ҳис менамоем, ки ин ҳуқуқи фахрӣ ба зиммаамон вазифаҳои калон мегузорад.”
Иқдомҳои Пешвои миллат дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон боиси муаррифии хоси Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Пешвои миллат инчунин пайваста аз таъсири манфии тағйирёбии иқлим ҳушдор дода, дар баробари зарурати омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, рушди устувори кишварҳои кӯҳистонӣ, таваҷҷуҳ ба рушди манобеи таҷдидшавандаи энергетикӣ таъкид менамоянд ва ҷомеаи ҷаҳониро ба иқдом ва ҳамкории зич даъват мекунанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси байналмилалии бузург, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ гардида истодаанд: “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт, 2005-2015”, “Соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, “ ва “Солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал Об барои рушди устувор”.
Дар ҳамин ҳол, бояд гуфт, ки татбиқи стратегияи минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар як давраи хеле печида, зудтағйирёбанда ва ҳассоси таърихи башарият сурат мегирад.
Аз ин рӯ, мазмуни ҳақиқии раванд ва равияҳои муҳимтарини замони муосирро дуруст ва ҳаматрафа таҳлил кардан ниҳоят душвор аст.
Яке аз марҳилаҳои муҳимми ташаккули сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қабули Консепсияи сиёсати хориҷӣ вобаста аст. Омодагӣ ба танзими Консепсияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон соли 1999 дар Вазорати корҳои хориҷӣ оғоз шуда буд ва як тарҳе бо номи «Самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба вуҷуд омад. Вақте ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2000-ум дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ вазифаи танзими Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз нав ба миён гузоштанд.
Санади нави муайнкунандаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин «Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки бо Фармони президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 27-уми январи соли 2015 таҳти №332 тасдиқ шудааст. Консепсияи мазкур “ҳадаф, вазифа ва самтҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити дигаргуниҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии кишвар ва ташаккули симои нави геополитикӣ дар ҷаҳону минтақа дар даҳаи дуюми асри XXI”-ро дар бар гирифтааст.
Дар дунёи пуртазод сиёсати хориҷии мустақил ва озод, ки таҳти роҳбарии бунёдгузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоқикистон муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ ва амалӣ мешавад, ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки бо давлатҳои ҷаҳон ва минтақа равобити мутақобилан судманд ва созандаро ба роҳ монад. Тоҷикистон, бо истифода аз сиёсати «дарҳои кушода» ва бисёрсамтӣ робитаи худро бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Ҷанубу Шарқи Осиё, кишварҳои арабӣ, олами ислом густариш дода, аз имконият ва мавридҳои муносибе, ки имрӯз ва дар оянда пеш хоҳанд омад, ба манфиатҳои миллии хеш истифода барад.
Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон чун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа эътироф менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро дар сиёсати ҷаҳонӣ мустаҳкам намуда, доираи ҳамкориҳояшро сол то сол васеъ намуда истодааст. Ҳоло ба шарофати татбиқи чунин сиёсат Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ ҳамчун кишвари сулҳпарвару башардӯст эътироф гардидааст.
РАСУЛОВА Гулчеҳра,
Мутахассиси Раёсати таҳлил ва
ояндабинии сиёсати хориҷии
Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон