МУЛОҚОТИ РОҲБАРИЯТИ МТС БО НАМОЯНДАГОНИ САҲА
19 июни соли 2026 директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе хонум Саломэ Штайб, намояндаи махсуси Раиси амалкунандаи САҲА оид ба рушди муколама ва таҳкими чораҳои эътимодсозӣ доктор Серж Румин ва ҳайати намояндагони ин созмон мулоқот анҷом дод.
Дар оғози вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор дода, аз сатҳи ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Зимни мулоқот директори Марказ нақши САҲА-ро дар дастгирии ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои таҳкими амният, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва пешбурди таҳқиқотҳои амалӣ муҳим арзёбӣ намуд.
Дар навбати худ роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе хонум Саломэ Штайб омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо Марказ, аз ҷумла дар доираи баргузории чорабиниҳои муштарак ва дастгирии иқтидори таҳлилӣ, таъкид намуд.
Қисмати муҳими мулоқот ба масъалаи омодагӣ ва баргузории Форуми дуюми сулҳи Фарғона бахшида шуд, ки қарор аст моҳи сентябр — октябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шарикон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардад.
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ оид ба ҷараёни омодагиҳо ба форум, ҳадафҳо ва аҳаммияти он дар таҳкими муколамаи минтақавӣ, рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва таҳкими фазои эътимод дар минтақа маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Намояндагони САҲА аз ташаббуси баргузории Форум, ки ба таҳкими ҳамгироии иқтисодию иҷтимоӣ ва гуманитарӣ нигаронида шудааст истиқбол намуда, омодагии худро барои ҳамкорӣ, иштирок ва мусоидат дар баргузории ин ҳамоиши муҳим изҳор карданд. Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба шакл ва механизмҳои ҳамкорӣ дар раванди омодасозӣ ва баргузор намудани Форуми сулҳи Фарғонаро баррасӣ намуданд.
Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои созанда дар самти таҳкими сулҳ, субот ва рушди муколамаи минтақавӣ таъкид карданд.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон