ЭЪЛОН
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ 26 июни соли 2026 конфронси илмӣ-амалиро таҳти унвони «Рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ: дастовардҳо ва мушкилот» баргузор менамояд.
Ҳадафи конфронс таҳлил ва арзёбии вазъи кунунӣ, дастовардҳои бадастомада ва дурнамои рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар кори конфронс намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатии марбут ба соҳа, олимону муҳаққиқони муассисаҳои илмию таълимӣ, коршиносон, мутахассисони соҳавӣ, соҳибкорон ва намояндагони бахши хусусӣ иштирок хоҳанд кард.
Самтҳои илмии конфронс:
─ Арзёбии дастовардҳои рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар кишвар;
─ Нақш ва ҷойгоҳи фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ дар раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
─ Таҳлили фазои соҳибкорию сармоягузорӣ дар кишвар ва дарёфти роҳҳои боз ҳам беҳтар намудани он;
─ Арзёбии сатҳи бархӯрдории соҳибкорон аз имтиёзу сабукиҳои ҷойдошта;
─ Қарзҳои имтиёзнок ва дастрасии онҳо барои соҳибкории истеҳсолӣ;
─ Самтҳои нави рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар кишвар;
─ Барассии мушкилоту масъалаҳои ҳалталаби ҷойдошта дар самти рушди соҳибкории истеҳсолӣ;
─ Монеаҳои маъмурию сунъӣ ва дигар маҳдудиятҳо дар рушди соҳибкории истеҳсолӣ;
─ Дигар масъалаҳои марбут ба соҳа.
Конфронси мазкур дар бинои Маркази тадқиқоти стратегӣ соати 09:30 баргузор мегардад.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон