МИЁНИ МТС ТОҶИКИСТОН ВА ИТСБ УЗБЕКИСТОН ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ ОИД БА ТАЪСИСИ ШУРОИ КОРШИНОСОНИ ТОҶИКИСТОНУ УЗБЕКИСТОН БА ИМЗО РАСИД
4 июни соли 2026 дар шаҳри Тошканд ҷаласаи дуюми муколамаи Тирмиз оид ба муносибатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ таҳти шиори «Сулҳ, ҳамбастагӣ ва устуворӣ: бунёди замина барои шукуфоии муштарак» баргузор гардид.
Дар кори форум зиёда аз 150 намояндаи доираҳои сиёсӣ, соҳибкорӣ ва коршиносӣ, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Қафқози Ҷанубӣ, минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, Ховари Миёна ва Амрико иштирок намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҳамоиши бонуфуз муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ораз Муртазозода намояндагӣ намуд.
Дар доираи форум ҷаласаи пленарӣ, нишастҳои мавзӯӣ, инчунин мубоҳисаҳои коршиносӣ ва академӣ баргузор гардиданд, ки ба масъалаҳои мубрами рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ бахшида шудаанд. Дар маркази таваҷҷуҳи иштирокчиён дурнамои тавсеаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, рушди долонҳои нақлиётиву логистикӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар бахши энергетика ҳамчун омилҳои калидии таҳкими ҳампайвастагии иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ қарор доштанд.
Дар ҳошияи форум мулоқоти директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон (ИТСБ) Элдар Орипов бо муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (МТС) Ораз Муртазозода баргузор гардид.
Натиҷаи муҳими музокирот ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Шурои коршиносони Тоҷикистону Узбекистон байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон гардид. Таъсиси ин механизми нави ҳамкорӣ ба таҳкими робитаҳои марказҳои таҳлилии ду кишвар мусоидат намуда, онҳоро ба сатҳи сифатан нав бароварда, ба ҳамкорӣ хусусияти устувор, системавӣ ва институтсионалӣ мебахшад.
Шӯро ҳамчун ниҳоди доимоамалкунандаи машваратӣ ва коршиносӣ барои таҳияи пешниҳодҳо ва тавсияҳои амалӣ ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон фаъолият хоҳад намуд. Ба фаъолияти он намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин доираҳои соҳибкорӣ ва коршиносии ҳар ду кишвар ҷалб хоҳанд шуд.
Мутобиқи муқаррароти Ёддошт, ҷонибҳо табодули мунтазами маводи илмӣ-таҳлилӣ ва нашрияҳоро таъмин намуда, ҳамкории иттилоотиро густариш хоҳанд дод, баргузории конфронсҳо, мизҳои мудаввар, машваратҳои коршиносӣ ва дигар чорабиниҳои муштаракро роҳандозӣ намуда, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотиро оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн амалӣ хоҳанд сохт.


Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон