ТРЕНИНГ ОИД БА ТАКМИЛИ МАҲОРАТИ ТАҲИЯИ САНАДҲО ВА ГУЗОРИШҲОИ ТАҲЛИЛӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар доираи нақшаи дохилиидоравии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 3 июни соли 2026 барои кормандони Марказ тренинг дар мавзӯи «Услуби омода намудани санадҳо, гузоришҳои таҳлилӣ ва илмӣ» баргузор гардид.
Тренингро сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Марказ Бахтиёр Ҳамдамов роҳбарӣ намуда, оид ба талаботи муосири таҳияи санадҳои расмӣ, тарзи дурусти навиштани гузоришҳои таҳлилӣ ва илмӣ, риояи меъёрҳои забони давлатӣ, услуби баёни фикр, сохтор ва тартиби пешниҳоди маълумот дар ҳуҷҷатҳои хизматӣ ибрози назар намуд.
Дар ҷараёни тренинг таваҷҷуҳи иштирокчиён ба масъалаҳои интихоби дурусти воситаҳои нутқ, истифодаи истилоҳоти соҳавӣ, риояи қоидаҳои имло ва аломатҳои китобат, инчунин таҳияи матнҳои саҳеҳ, равон ва мутобиқ ба талаботи коргузории давлатӣ ҷалб карда шуд.
Ҳамзамон, доир ба хусусиятҳои услуби расмӣ-идорӣ, ки яке аз услубҳои амалкардии забон ба ҳисоб рафта, дар низоми муносибатҳои ҳуқуқӣ ва идоракунӣ мавқеи муҳим дорад, маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Зикр карда шуд, ки услуби расмӣ-идорӣ бо ихчамӣ ва фишурдабаёнии матн, дақиқӣ ва мушаххасии андеша, истифодаи васеи истилоҳоти соҳавӣ, қолабнокии тарзи баён, корбурди исмҳои феълӣ ва риояи тартиби мустақими калимаҳо дар ҷумла фарқ мекунад.
Таъкид гардид, ки дар ҳуҷҷатҳои расмӣ ва коргузорӣ пеш аз ҳама моҳияти ҳуқуқӣ ва расмии масъала аҳамият дошта, истифодаи воситаҳои эҳсосию ифоданок маҳдуд мебошад. Аз ин рӯ, риояи талаботи услуби расмӣ-идорӣ барои таъмини дақиқӣ, саҳеҳӣ ва таъсирнокии санадҳои хизматӣ аҳамияти хос дорад.
Тренинги мазкур дар баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбии кормандон, такмили фарҳанги коргузорӣ ва беҳтар намудани сифати санадҳои таҳлилӣ ва илмии Марказ мусоидат намуд.



Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон