БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ — ОМИЛИ МУҲИМИ КОҲИШИ КОРРУПСИЯ

14 апрели соли 2026 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси васеъ баргузор гардид. Ҳадафи асосии чорабинӣ баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандон ва мусоидат ба коҳиши зуҳуроти коррупсионӣ дар ҷомеа арзёбӣ мегардад.
Дар чорабинӣ директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода, намояндаи Агентӣ Фаромарз Раҳмонзода, муовинон ва кормандони Марказ иштирок намуданд.
Зимни вохурӣ директори Марказ Хайриддин Усмонзода баромад намуда, таъкид кард, ки мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандон дар ин самт аҳамияти калидӣ дорад. Қайд гардид, ки кормандони Марказ пайваста оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ мавод ва мақолаҳои таҳлилӣ омода намуда, онҳоро дар сомонаи расмӣ ва саҳифаҳои иҷтимоии Марказ ба нашр мерасонанд. Ҳамзамон, ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла телевизион ва радио, дар самти таблиғи арзишҳои зиддикоррупсионӣ тақвият дода мешавад.
Марказ тибқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026–2030), баргузории як қатор чорабиниҳои муҳимро дар назар дорад. Дар ин замина, баргузории чорабиниҳои омӯзишию иттилоотӣ ва тақвияти фаъолияти нашриявӣ дар самти муқовимат ба коррупсия ба таври мунтазам амалӣ гардида, ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти идораву муассисаҳо мусоидат мекунад.
Инчунин зикр гардид, ки кормандони Марказ омодаанд дар ҳамкорӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқоти сотсиологии умумӣ ва соҳавиро ҷиҳати муайян намудани сатҳи коррупсия ба таври ҳарсола баргузор намоянд.
Дар навбати худ, намояндаи Агентӣ Фаромарз Раҳмонзода зимни суханронии худ доир ба қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, оқибатҳои манфии даст задан ба ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва ҷавобгарӣ барои онҳо, инчунин роҳҳои пешгирии чунин кирдорҳо ибрози назар намуд.
Дар анҷом таъкид гардид, ки ҳадафи асосии баргузории чунин чорабиниҳо пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии иштирокчиён ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия мебошад.
 
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон