МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ БАРГУЗОР МЕНАМОЯД

Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 15 апрели соли 2026 конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалиро таҳти унвони «Саҳми тоҷикон дар ташаккули тамаддуни Осиёи Марказӣ ва бозтоби он дар қаринаи ҳамкориҳои минтақавӣ»-ро баргузор менамояд.
Дар кори конфронс иштироки доираи васеи намояндагони вазорату идораҳо, коршиносони ватанӣ, мутахассисони ниҳодҳои илмӣ-тадқиқотии кишвар дар назар аст.
Зимни чорабинӣ масъалаҳои муҳими илмӣ ва сиёсӣ вобаста ба саҳми тоҷикон дар рушди тамаддуни Осиёи Марказӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ баррасӣ мегарданд. Аз ҷумла, дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон, татбиқи лоиҳаҳои фарҳангӣ, инъикоси мероси таърихию фарҳангӣ, истифодаи «нерӯи нарм», нақши технологияҳои муосир, инчунин мушкилот ва дурнамои ҳифзу муаррифии арзишҳои фарҳангӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор мегиранд.
Конфронс соати 09:00 дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Шоҳтемур 27, толори ошёнаи 3) баргузор мегардад.
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон