ТАШАББУСҲОИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САМТИ ДАСТГИРИИ ИҚТИСОДИИ ЗАНОНУ БОНУВОН
“Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем.”
Эмомалӣ Раҳмон
(Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикисто, 16.12.2025)
Ҳар як давлат барои иштироки фаъоли занону бонувон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо роҳи таъмини заминаи ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва бо фароҳам овардани шароити мусоид нақши асосиро мебозад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занон ва модарон дар ҷомеаи мо мавқеи махсус дошта, дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсии кишвар фаъолона ширкат менамоянд.
Боиси қайд аст, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақому манзалати занону бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, мавқеи онҳоро дар санади олии кишвар, яъне дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст. Тибқи моддаи 17-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд”.
Дар баробари ин, ҷиҳати таъмини иштироки фаъоли занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд. Дар ин самт Тоҷикистон якчанд санадҳои асосии байналмилалиро ба тасвиб расонид, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти занону бонувонро дар бар мегиранд. Масалан, монанди Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, Консепсияи рушди оила, Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030, Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон барои солҳои 2021-2030, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” ва Барномаи давлатии рушди оила барои солҳои 2024–2028 таҳия ва қабул гардиданд.
Дар шароити имрӯза ҷиҳати бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, бахусус, занону бонувон як қатор қонуну қарорҳо ба имзо расиданд, ки ба беҳтар гардидани сифати зиндагии онҳо мусоидат менамоянд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», Барномаи рушди ҳунарҳои мардумӣ барои солҳои 2021-2025 ва Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027 аз ҷумлаи онҳоянд.
Ҳамзамон, дар самти васеъ намудани имконияти шуғли занон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти байналмилалии «Занони СММ» дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ «Рӯйхати касбҳои барои занон манъшуда» аз нав баррасӣ гардид ва аз 336 номгӯйи корҳое, ки шуғли занонро маҳдуд менамуд, 141 касб ихтисор карда шуд. Инчунин, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Рӯйхати корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ аст ва меъёрҳои ҳадди имконпазири вазни бор ҳангоми бардоштан ва дастӣ ҳаракат кардан» аз 30 декабри соли 2023 таҳти №568 тасдиқ гардид.
Фаъолияти занону бонувони кишвар на танҳо дар самти иҷтимоӣ, балки дар самти фаъолияти соҳибкорӣ низ хеле назаррас мебошад. Занону бонувон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда, ҷиҳати тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, рушди соҳаҳои алоҳида, ба кор ҷалб намудани занону духтарони хонашин саҳм мегузоранд.
Бояд гуфт, ки тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, № 151 “Дар бораи қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда” “Номгӯйи намудҳои алоҳидаи фаъолияти шахсони воқеӣ оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум, таҳвили молҳо, иҷрои кор ва хизматрасониҳо” тасдиқ гардидааст, ки дар он зиёда аз 100 намуди фаъолияти соҳибкорӣ аз андозбандӣ озод мебошанд ва ин барои беҳтар гардидани шароити иҷтимоию иқтисодии занону бонувон ва аҳли оилаи онҳо мусоидат менамояд.
Қайд кардан зарур аст, ки дар замони муосири зудтағйирёбанда дар самти дастгирии иқтисодии занон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани “Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон барои давраи то соли 2027” мавқеи махсусро ишғол менамояд, зеро он бо мақсади мусоидат ба рушди фаъолияти соҳибкории занон таҳия гардида, ба фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкории занон, ҳавасмандгардонии ташаббус ва кӯшишу ғайрати занон равона шудааст. Барномаи мазкур ба рушди соҳибкории занон, таъмини низоми дастгирии доимии фаъолияти соҳибкории бонувон, таъсиси инфрасохтори устувор барои дастгирӣ ва рушди соҳибкории онҳо мусоидат менамояд.
Бояд қайд кард, ки дар натиҷаи дастгириҳои пайваста шумораи занони соҳибкор афзоиш ёфта истодааст. Тибқи маълумоти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумораи умумии 181220 нафар роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ тақрибан 53000 нафар ва аз шумораи умумии 375133 нафар субъектҳои хоҷагидор 108656 нафарро занону бонувон ташкил медиҳанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи занон – роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар соли 2025 нисбат ба соли 2021-ум 35,3 дарсад афзоиш ёфта, шумораи занон – роҳбарони субъектҳои хоҷагидор дар ин давра 47,1 дарсад зиёд гардидааст.
Диаграммаи 1. Динамикаи шумораи роҳбарони субъектҳои хоҷагидор ва хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон, нафар

Эзоҳ: 2025*–дар ҳафт моҳи соли 2025. Сарчашма: Нишондиҳандаҳои гендерӣ дар фаъолияти истеҳсолии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар солҳои 2019 – 2024, -С.55; https://khovar.tj/…/dar-to-ikiston-shumorai-zanoni-so…/ (Санаи муроҷиат: 05.03.2026)
Ҳамчунин, агар ба тақсимоти минтақавии шумораи соҳибкорзанони инфиродии тибқи патент ва шаҳодатнома фаъолияткунанда назар намоем, маълум мегардад, ки 36%-и занони соҳибкори инфиродӣ дар вилояти Суғд, 32% дар вилояти Хатлон, 17% дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 12% дар шаҳри Душанбе ва 3% дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият менамоянд.

Диаграммаи 2. Ҳиссаи шумораи соҳибкорони инфиродии занҳо дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, бо фоиз
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат пайваста ҷиҳати дастрасӣ ба захираҳои молиявӣ барои занону бонувон чораҳои дахлдор меандешад. Ҳамчунин, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2025-2030” аз 28 июли соли 2025, №420 қабул гардид, ки мутобиқи он аз соли 2025 то соли 2030 ҳар сол ба андозаи 15 млн. сомонӣ барои ташкили 200 грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон равона мегардад, ҷудо карда мешаванд, аз ҷумла 25 грант ба андозаи 110 000 сомонӣ; 25 грант ба андозаи 100 000 сомонӣ; 25 грант ба андозаи 90 000 сомонӣ; 25 грант ба андозаи 80 000 сомонӣ; 25 грант ба андозаи 70 000 сомонӣ; 25 грант ба андозаи 60 000 сомонӣ; 25 грант ба андозаи 50 000 сомонӣ ва 25 грант ба андозаи 40 000 сомонӣ муайян карда шудаанд. Дар натиҷаи татбиқ намудани ин иқдом дар соли 2025 ба 200 нафар занону бонувони ғолибони лоиҳаҳои гранти Президентӣ диплом пешниҳод гардид.
Қобили қайд аст, ки мутобиқи маълумоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ҷиҳати рушди соҳибкории занон ва ҷавонон, дар самти эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ба 1252 нафар занон ба маблағи 4700,3 ҳазор сомонӣ, ба 417 нафар ҷавон ба маблағи 1747,7 ҳазор сомонӣ ва ба 728 нафар ба андозаи 392,7 ҳазор сомонӣ кӯмаки молиявӣ пешниҳод карда шудааст.
Диаграммаи 3. Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда ба занон аз ҷониби ҳамаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ, млн. сомонӣ

Ҳамзамон, ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда ба занон аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ сол то сол афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 7808,82 млн. сомонӣ расид ва нисбат ба соли 2021 зиёда аз 2,4 баробар зиёд гардид.
Ҳукумати мамлакат дар “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030” як қатор тадбирҳоро ба назар гирифтааст, ки ба ҳимоя, рушд ва дастгирии минбаъдаи занону бонувон равона гардидааст:
“таҳияи низоми пешниҳоди имтиёзҳо баҳри ҷалби фаъоли занон ва ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ;
ҳамгироии рушди иқтисоди эҷодӣ ба барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ маҳаллӣ бо таваҷҷуҳи хос ба ҷавонон ва корхонаҳои эҷодие, ки бо роҳбарии занон фаъолият мекунанд;
таҳкими иштироки занони молистеҳсолкунанда дар занҷираи арзиши иловашуда ва коркарди маҳсулот дар доираи лоиҳаи «Таъмини воситаҳо барои зиндагии устувор ва тавонмандсозии занони деҳот»;
ҷалби ҷавонон, занон ва шахсони дорои маъюбият ба истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда;
тақвият бахшидани дастрасии аҳолии осебпазир, хусусан занону кӯдакон аз оилаҳои камбизоат ба хизматрасониҳои маҷмуии иҷтимоӣ;
таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои алоҳида бо мақсади ба шуғли пурмаҳсул ҷалб намудани оилаҳои осебпазир, аз ҷумла занҳои танҳо, ки фарзандони мактабхон доранд ва занони танҳое, ки кӯдаконашон дар мактабинтернатҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд;
баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ оид ба маҳсулоти беҳтарини фарҳангу санъат бо истифода аз технологияи рақамӣ ва ҳавасмандкунии иштирокчиёни онҳо, бахусус, занону кӯдакон;
баланд бардоштани нақши комиссияҳои маҳаллӣ, мақомоти маҳаллии кор бо занон ва оила, дин ва танзими ҷашну маросим, ҷавонон ва варзиш дар пешгирии ҳолатҳои зӯроварӣ ва ҷудошавӣ дар оила”.
Ташаббусҳои пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии иқтисодии занону бонувон барои баланд бардоштани мақоми зан – модар дар ҷомеа ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии на танҳо занон, инчунин, оила низ мусоидат намуда истодааст. Занону бонувони кишвар дар навбати худ бо мукамал намудани донишу малака дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла дар рушди соҳаҳои соҳибкорӣ, саноату кишоварзӣ, нақлиёт, молия, бонкдорӣ, алоқа, маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва сиёсат саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.
Содиқова А.Ф.,
Муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон