НАВРӮЗ — РАМЗИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ ВА МЕҲВАРИ ХУДШИНОСИИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКОН
Ҷашни Наврӯз дар тӯли ҳазорсолаҳо на танҳо ҳамчун падидаи тақвимӣ ва нуҷумӣ, балки ба ҳайси як ниҳоди муҳимтарини эътиқодию иҷтимоии миллати мо таҳаввул ёфтааст. Яке аз унсурҳои меҳварии ҷаҳонбинии ниёгони мо дар ин айём, эътиқоди амиқ ба пайванди мовароуттабиии (метафизикии) олами моддӣ ва руҳонӣ маҳсуб мешуд. Мутобиқи боварҳои асотирӣ, дар ин рӯзҳои муборак «Фарваҳарҳо» ё худ руҳи поки гузаштагон ба манзили хеш бозгашта, боиси нузули баракат ва осоиши зиндагон мегарданд. Ин бовар аз дидгоҳи фалсафӣ ифодагари пайванди генетикӣ, таърихӣ ва маънавии наслҳо аст.
Дар ин низом, инсон на ҳамчун мавҷуди муҷаррад ва танҳо, балки ҳамчун ҳалқаи муҳим дар занҷираи беохири таърихи башарият дарк карда мешавад. Маҳз ҳамин эҳсоси робита бо гузаштагон нуқтаи калидии худшиносии миллӣ мебошад, ки масъулияти ҳифзи меросро дар зеҳни инсон тақвият мебахшад. Поксозии хонаву дар ва озурда накардани хотири наздикон дар Наврӯз, пеш аз ҳама, ба хотири шод намудани руҳи ниёгон ва дарёфти ризояти онҳост, ки ин худ як навъ ахлоқиёти олиро дар ҷомеа тавлид мекунад.
Дар канори ин бовариҳои маънавӣ, ҷанбаҳои амалии хоҷагидорӣ низ ҷойгоҳи хос доштанд. Аз ҷумла, суннати коштани ҳафт навъ ғалла дар аҳди Сосониён як навъ озмоишгоҳи табиии кишоварзӣ буд, ки тавассути он ҳосилнокии зироатҳои мухталифро дар соли нав пешгӯӣ мекарданд. Ин нукта собит месозад, ки Наврӯз аз оғоз бо илму таҷриба ва воқеияти зиндагӣ тавъам будааст. Дар масири таърихи давлатдорӣ, Наврӯз аз замони Ҳахоманишиён мақоми расмии сиёсӣ касб намуд. Дар ин давра, Тахти Ҷамшед ба маркази дипломатияи фарҳангӣ табдил ёфта, маросими пазироии намояндагони бисту се халқи тобеи империя рамзи ваҳдати ақвоми мухталиф дар меҳвари Наврӯз гардид. Маҳз дар замони Дориюши Бузург бо расмӣ шудани тақвими хуршедӣ, ин ҷашн заминаи дақиқи нуҷумӣ (астрономӣ) пайдо кард.
Ин раванди ниҳодсозӣ (муассисавӣ гардонидан)-и Наврӯз дар аҳди Ашкониён ва Сосониён ба авҷи аълои худ расид. Дар ин марҳила, Наврӯз ба унсури калидии ҳувияти миллӣ ва давлатӣ мубаддал гашт. Шоҳони Сосонӣ бо баргузории маросими «Бори ом» ва расидагӣ ба шикоятҳои омма, ба Наврӯз ҷанбаи ҳуқуқӣ ва адолатпарварӣ бахшиданд, ки ин боиси таҳкими робитаи байни давлат ва халқ гардид. Дар ин рӯз нишастани шоҳ дар баробари додхоҳ ва расидагӣ ба ниёзҳои мардум, таҷассумгари фалсафаи баробарии ҳамаи табақаҳои ҷомеа дар назди қонуни азалӣ буд. Ин падидаро метавон нуқтаи олии худшиносии ҳуқуқии миллати тоҷик дар аҳди бостон арзёбӣ кард.
Бо вуруди ислом, Наврӯз ба марҳалаи нави озмоишҳои таърихӣ рӯ ба рӯ шуд. Сарфи назар аз сиёсатҳои маҳдудкунанда ва вазъи молиётҳои сангин аз ҷониби халифаҳои Умавию Аббосӣ, ин ҷашн ба далели решаҳои амиқи мардумӣ ва моҳияти зиндагисозаш тавонист бақои худро ҳифз кунад. Эҳёи дубораи Наврӯз ва ба низоми илмӣ даровардани он дар аҳди Сомониён ва Салҷуқиён сурат гирифт. Ислоҳоти тақвимии Умари Хайём ва таҳияи «Тақвими Ҷалолӣ» нуқтаи гардиши илмӣ дар таърихи ин ҷашн буд, ки дақиқияти онро то сонияҳо таъмин намуд.
Наврӯз дар тафаккури фалсафии тоҷик на танҳо ҳамчун як воҳиди вақтченкунӣ, балки ҳамчун феномени онтологӣ (ҳастишиносӣ) зуҳур мекунад. Агар замони хатӣ танҳо гузашти рӯзҳоро ифода кунад, Наврӯз ифодагари замони даврӣ (cyclic time) ва навшавии ҷавҳарии ҳастӣ мебошад. Бино ба ривояти Хайём ва Берунӣ, лаҳзаи оғози ҳаракати Офтоб аз бурҷи Ҳамал, нуқтаи атфи офариниш аст — лаҳзае, ки низом (Cosmos) бар бенизомӣ (Chaos) ғолиб омад.
Дар таърихи фалсафаи сиёсии Шарқ, ҷашни Наврӯз бо номи Ҷамшеди Пешдодӣ робитаи ногусастанӣ дорад, ки маҳз дар ҳамин нуқта консепсияи «Шоҳи Одил» зуҳур мекунад. Муколамаи Ҷамшед бо мубадон дар мавриди омилҳои бақои подшоҳӣ ва посухи онҳо, ки меҳварашро «адолатхоҳӣ ва некукорӣ» ташкил медод, моҳияти Наврӯзро аз як маросими сирф динӣ ба як манифести ҳуқуқӣ табдил дод. Ин суннати давлатдорӣ дар аҳди Ҳахоманишиён таҳаввул ёфта, ба як навъ «дипломатияи фарҳангӣ» мубаддал гашт. Ҳузури намояндагони миллатҳои мухталиф дар Тахти Ҷамшед нишонаи эътирофи гуногунрангии фарҳангӣ дар сояи як низоми воҳиди кайҳонӣ ва сиёсӣ буд.
Таҳаввули хони «Ҳафтшин» ба «Ҳафтсин» дар давраи густариши ислом танҳо як дигаргунии соддаи забонӣ набуд, балки як стратегияи ҳакимонаи зисти фарҳангӣ ва муқовимати маънавии ниёгони мо маҳсуб мешуд. Тоҷикон бо дарки воқеиятҳои нави иҷтимоӣ, бо иваз кардани ҷузъиёти зоҳирии суфра, ҷавҳари ботинии ҷашнро, ки иборат аз покӣ, нур, эҳё ва баракат буд, аз маҳву фаромӯшӣ ҳифз намуданд. Ин раванд нишон медиҳад, ки фарҳанги миллии мо дорои хосияти баланди созгорӣ буда, метавонад дар баробари фишорҳои идеологӣ асолати худро бо қолабҳои нав муаррифӣ намояд.
Наврӯз на танҳо як ҷашни тақвимӣ, балки руҳи зиндаи миллат аст. Он тавонист аз вартаи ҳуҷумҳои бегонагон ва таҳаввулоти динию сиёсӣ гузашта, ҳамчун рамзи покӣ, садоқат ва пайванди мо бо гузаштаи пуршарафамон боқӣ монад. Наврӯз дар тӯли таърихи пуршебу фарози хеш ҳамеша ҳамчун як ниҳоди муътадилсозандаи иҷтимоӣ амал намуда, тавонистааст арзишҳои бунёдии тамаддуни ориёиро бо воқеиятҳои асрҳои миёна ва даврони нав пайванд диҳад. Эҳёи Наврӯз пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон танҳо як бозгашти рамзӣ ба гузашта ё навсозии як суннати дерин нест. Аз дидгоҳи фалсафӣ, ин раванд марҳилаи муҳими аз нав сохтани ҳувияти миллиро ифода мекунад. Агар дар даврони шӯравӣ, бо назардошти маҳдудиятҳои идеологӣ, кӯшиш ба харҷ дода мешуд, ки Наврӯз танҳо ҳамчун як ҷашни маишӣ, деҳқонӣ ё кишоварзӣ муаррифӣ шавад, пас дар марҳалаи нави давлатдории миллӣ он ба меҳвари асосии идеологияи давлатсозӣ ва худшиносии миллӣ мубаддал ёфт. Ҳамин тариқ, Наврӯз аз доираи як маросими маҳдуд берун омада, ба як низоми арзишҳои созанда мубаддал гашт, ки имрӯз вазифаи муттаҳидсозии ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллиро дар Тоҷикистон бар дӯш дорад.
Методологияи муосир ин падидаро ҳамчун эҳёи тафаккури миллӣ арзёбӣ мекунад. Наврӯз дар ин ҷо на танҳо ҷашн, балки як низоми арзишҳоест, ки ҷомеаро дар меҳвари арзишҳои дунявӣ ва инсондӯстона муттаҳид намуда, дар баробари таҳдидҳои ифротгароӣ ва бегонапарастӣ ҳамчун сипари маънавӣ хидмат мекунад. Мутобиқи назарияи «хотираи фарҳангӣ», ҷомеаҳо барои бақои худ ба «нуқтаҳои такягоҳ» ниёз доранд. Наврӯз замони ҳозираро бо асрҳои дури Пешдодиёну Сосониён пайванд медиҳад ва ба инсони муосири тоҷик эҳсоси «давомдорӣ» (continuity) ва асолат мебахшад. Консепсияи фалсафии «навшавӣ», ки дар Наврӯз нуҳуфта аст, дар сатҳи иҷтимоӣ ба сифати энергияи созандагӣ зуҳур мекунад.
Дар ҷомеаи муосир, Наврӯз фазои беназири иҷтимоиеро эҷод мекунад, ки дар он тафовутҳои мухталиф канор рафта, ҷойи худро ба ваҳдати умумӣ медиҳанд. Суфраи наврӯзӣ рамзи олии баробарии иҷтимоӣ ва ҳамбастагии миллат аст. Ин навъи ҳамбастагӣ барои таҷаддуди суннатҳо ва мутобиқгардонии онҳо ба ниёзҳои замони муосир заминаи мусоид муҳайё месозад. Паёмадҳои созандаи ин эҳёи фарҳангӣ аз марзҳои кишвар фаротар рафта, ба ташаккули ҷойгоҳи байналмилалии миллат мусоидат намуданд. Касби мақоми ҷаҳонӣ аз ҷониби Наврӯз дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид ба худшиносии миллии тоҷикон руҳияи ифтихор бахшида, заминаҳои эътирофи онро дар арсаи олам устувор сохт. Ин эътибори умумиҷаҳонӣ омили калидие гардид, то эҳсоси худбоварии миллӣ ва ғурури ватандориро ташаккул ёфт. Фалсафаи Наврӯз ин таҳаммулпазирӣ, инсондӯстӣ ва эҳтиром ба табиат — ҷавҳари ҳамон ҷомеаи муосирест, ки мо сохта истодаем. Аз нигоҳи фалсафаи муосир, Наврӯз барои миллати тоҷик «макони хотираи таърихӣ» мебошад. Он механизми мудофиавии фарҳангӣ аст, ки миллатро аз вартаи фаромӯшӣ дар тӯли ҳазорсолаҳо наҷот дод.
Имрӯз таҷлили шукӯҳманди Наврӯзи оламфрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол на танҳо эҳёи як суннати дерина, балки рамзи бозгашти бунёдӣ ба асолати тафаккури ориёӣ ва хиради азалии миллати мост. Ин низоми фикрӣ, ки бар меҳвари сегонаи ҷовидони «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» устувор аст, ҷавҳари ҳастӣ ва роҳнамои мо дар масири давлатсозии муосир мебошад.
Наврӯз гувоҳи равшани он аст, ки миллати тоҷик дар тӯли таърих на танҳо пазирурандаи дастовардҳо, балки меъмори тамаддунсоз ва яке аз тарҳрезони асосии фарҳанги башарӣ будааст. Мо бо ифтихор ба ҷаҳониён собит месозем, ки тоҷикон на танҳо ворисони ганҷинаи таърих, балки офаридгорони фаъоли арзишҳои инсоният мебошанд.
Бигузор, Наврӯз ҳамчун шиносномаи маънавии миллати мо, ҳамеша муаррифгари руҳияи созанда, сулҳҷӯёна ва фарҳанги безаволи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ боқӣ монад!
Н.и.ф., сардори раёсати таҳлили
масъалаҳои иҷтимоӣ, муҳоҷират
ва омҳзиши афкори омма Холматиён Камола