Дар тамоми кишварҳои олам мухолифатҳои гурӯҳҳои мухолиф бо Ҳукуматҳо то сарҳаде идома меёбад, ки масъала ба номуси миллӣ пайванд мехӯрад. Яъне вақте масъалаи манфиатҳои миллӣ ва номуси миллӣ боло мегирад, мухолифин ҳама гуна мухолифатҳоро як сӯ мегузоранд ва аз давлату миллат ҳифозат мекунад. Аз камбудиҳо интиқод мекунанд, вале ба пешрафту дастовардҳои миллӣ арҷ мегузоранд ва онро ситоиш мекунанд.
Аммо масъалаи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ва ҳаводиси ба он алоқаманд нишон доданд, ки мухолифин аз ин фарҳанги шаҳрвандӣ хеле дуранд. Аз ин мавзӯъ ҳангомаву овозаҳои зиёд эҷод намуда, мехоҳанд барои худ холи сиёсӣ ба даст оранд.
Масоили марзӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон аз ҷумлаи мавзӯъҳоест, ки, ин гурӯҳҳо садоқати худро дар амал бояд нишон диҳанд ва дар мавзӯи марз бо пуштибонӣ аз Ватан ҳарф зананд. Аммо баръакси ин, боз бо ҳамин шеваҳои кӯҳна ба Ҳукумат часпиданд ва мардумро ба ҳар гуна тазоҳуроту инқилобҳои тахайюлӣ мехонанд.
Дар баёняҳои интернетии худ низ мухолифин ҷуз инқилоб масъалаи дигареро дар роҳи ислоҳоти ҷомеа дар миён намегузоранд.
Хулоса, монанди солҳои 90-ум иддаи аз ҳамватанон ба ислоҳот дар давлат на аз пурбини ақл, балки аз пурбини автомат менигаранд ва ҷанг барояшон, мутаассифона, роҳи беалтернативаи расидан ба мақсад аст.
Сулҳ ба мо имкон дод, то чизҳоеро, ки дар натиҷаи ҷанги бунёдсӯз мардум аз даст дода буд, бо мурури замон ба даст орад ва харобаҳоро обод намояд. Вале вақт нишон дод, ки барои миллат аз обод кардани майдонҳои хароб дида, муҳимтар ободкунии майнаҳои хароб ва андешаҳои нопок мебошад. Майдонҳо аз мина тоза шуданд, аммо баъзе майнаҳо ҳанӯз аз кина пур аст, ҷангҷӯён хомӯш шуданд, вале фитнаҷӯён рӯз аз рӯз аз хориҷи кишвар бедор мешаванд, сафи мирандагон кам гардид, шумораи ақлмурдагон меафзояд. Миллате, ки ин қадар ҷафои ҷангро кашид ва ин ҷанг бояд устодаш мекард, ҳанӯз ҳам баъзе афродҳои он шогирдони гумроҳ ва бехабар аз дарси ватандорианд.
Ҳанӯз нафаре фурсати муносиби аз касеву чизе ниқор гирифтанашро дар ҷанги такрории солҳои пеш мебинад. Замоне расида, ки саҳми баробари худро дар пешравии давлат чун ду пое дар як тан ҳис кунем. Агар не, ин давлат ва ин миллатро ба инсони якпояи асобадаст, дар ҳар ҷода афтону дар ҳар соҳа ақибмона месозем.
Гуфтори Макиавеллӣ «ҳар кас дар фазои сулҳ зиндагӣ кардан хоҳад, бояд ба ҷанг омодагӣ бинад» -ро набояд ҷанг бо ҳаммилат фаҳмид. Ин омодагӣ на ба он ҷангест, ки бо дасти худ миллатро ба зиллат бикашем, балкӣ зиллатро бояд аз миллат бикашем. Бояд ба ҷанг омодагӣ дид: лашкари майнаҳоро бо донишу ақл, миллатро бо силоҳи идеяи ягонаи миллӣ муҷаҳҳаз намуда, киштии тафаккурро ба уқёнуси ватандорӣ бикашид.
Чун ҳаёти имрӯз аз дирӯз хубтар аст, набояд имрӯзи давлатро бо андак норасоиаш қурбони ояндаи хуби «номаълум» кард. Ҳодисаи баъзе давлатҳои арабии ҷангзадаи солҳои охир бисёр нафратовар ва ҳамзамон ибратбахш барои кишварҳои дигар аст. Масалан, Либия.
Либияе, ки иҷтимоитарин давлат маҳсуб меёфт, мардумаш имрӯз аз ҳамаи кафолатҳои иҷтимоӣ маҳрум гаштаанд. Озодихоҳии канора дар интиҳо кишвари беканору зеборо ноором ва ормонгоҳи миллатро ба оромгоҳи мардумаш табдил дод. Гурӯҳи хеле кӯчаке дар ин давалат бо номи «озодӣ» моҷароро бархезонданд ва сукути аксарияти бетараф буд, ки имрӯз дар коми ҷанг ҳамагӣ ҳаёти ноумедона мебаранд.
Сарвари Либияро, ки баъди маргаш бояд аз тилло пайкара бунёд мекарданд, мадфанаш барои миллат маълум нест. Сарвари Либияро, ки бояд тоҷи сар мекарданд, дар зери пой ба қатл расониданд. Ҳамин аст фарҷоми амали чанде аз ақлбохтагону бетарафии аксар.
Дар ҷомеаи мо низ ҳамчунон гурӯҳи хурди ихтилофангезон шакл гирифтааст, ки фақат тухми нифоқу нафратро аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ миёни ҳамватанон паҳн карда истодаанд. Агар мо нисбат ба онҳо бетарафӣ кунем, оқибати нохӯшро ба суботу амнияти кишвар эҷод месозем.
Коршиноси масоили сиёсӣ
Бекназар Хушматов