ДАР ШАҲРИ ТОШКАНД КОНФРОНС ОИД БА ДУРНАМОҲОИ НАВИ ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН ВА УЗБЕКИСТОН БАРГУЗОР ШУД
12 марти соли 2026 дар Институти байналмилалии Осиёи Марказии шаҳри Тошканд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи «Узбекистон ва Тоҷикистон: дурнамои нави ҳамкории иттифоқӣ ва минтақавӣ» дар формати омехта (офлайн ва онлайн) баргузор гардид.
Ин чорабинӣ аз ҷониби Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ бо ҳамкории Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, дар арафаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон доир шуд.
Конфронс намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ, доираҳои соҳибкорӣ, марказҳои таҳлилӣ ва ҷомеаи илмии ду кишварро ҷамъ овард. Ҳадафи он муҳокимаи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди шарикии Тоҷикистону Узбекистон ва таҳияи пешниҳодҳои коршиносӣ барои ғанигардонии рӯзномаи дуҷониба дар сатҳи олӣ буд.
Бо сухани ифтитоҳӣ дар конференсия Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ Хайриддин Усмонзода баромад намуд. Ӯ таъкид кард, ки таҳкими муносибатҳои иттифоқӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон омили муҳими таъмини субот ва рушди устувори Осиёи Марказӣ мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамкорӣ байни ду кишвар пайваста густариш ёфта, соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиёту логистика, энергетика, маориф ва фарҳангӣ-гуманитариро фаро гирифта, инчунин ҳамкорӣ дар самти иқтисоди «сабз», истифодаи оқилонаи захираҳои об ва рушди долонҳои нақлиёти минтақавиро дар бар мегирад.
Хайриддин Усмонзода таъкид кард, ки конфронс дар шароити мураккаби минтақавӣ ва байналмилалӣ баргузор мегардад, ки бо афзоиши чолишҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ тавсиф мешавад. Дар чунин вазъ, рушди ҳамкории минтақавӣ аҳаммияти хоса пайдо мекунад. Тоҷикистон муносибатҳоро бо Узбекистон дар заминаи стратегӣ ва дурнамои дарозмуддат баррасӣ мекунад ва ҳар ду кишвар дар амал содиқ будани худро ба шарикии судманд тасдиқ менамоянд.
Зикр карда шуд, ки қадами муҳим дар рушди муносибатҳои ду кишвар имзо шудани Шартнома дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон рӯзи 31 марти соли 2025 дар Хуҷанд ва ҳамзамон ратификатсияи ин санад буд. Ин қарор воқеан равандҳои чандсолаи ҳалли масоили марбут ба муайянкунии сарҳадҳои се давлат дар водии Фарғонаро ба анҷом расонд.
Ба гуфтаи Хайриддин Усмонзода, ин иқдом собит сохт, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ тавоноии ҳаллу фасли масъалаҳои душворро бо роҳи муколама ва фаҳмиши мутақобил доранд.
Созишномаи имзошуда заминаи устувор барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба дар минтақаро фароҳам оварда, принсипҳои калидии ҳамкорӣ байни давлатҳоро муайян намуд.
Ӯ таъкид намуд, ки ҳалли масъалаҳои марзӣ имкониятҳои навро барои рушди водии Фарғона фароҳам меорад. Ин раванд водиро ба фазои муносиб ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ замина гузошта, шароити мусоидро дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки инфрасохторӣ ва амиқтар гардидани ҳамкории иқтисодӣ муҳайё месозад.
Ба гуфтаи ӯ, кушодагии марзҳо ба густариши робитаҳои башардӯстона, таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ ва ташкили имкониятҳои нав барои рушди муштарак мусоидат мекунад.
Дар анҷоми суханронии худ Хайриддин Усмонзода таъкид намуд, ки Тоҷикистон дӯстиро бо мардуми Узбекистон арзишманд арзёбӣ мекунад ва мекӯшад ин руҳияро ба наслҳои оянда интиқол диҳад. Ӯ зикр кард, ки таҳкими муносибатҳои бародарона ва эътимоди мутақобил ҳамчун заминаи муҳим барои рушди минбаъдаи ҳамкории ду кишвар боқӣ мемонад.
Дар ҷараёни чорабинӣ таъкид гардид, ки дар солҳои охир муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон бо суръати баланди ҳамкории амалӣ тавсиф мешаванд. Қадами муҳим дар ин раванд имзои «Созишнома оид ба муносибатҳои иттифоқӣ» дар соли 2024 буд, ки заминаи марҳилаи нави ҳамкории дуҷонибаро гузошт.
Иштирокчиён ҳамчунин ба суръати мусбати ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ишора карданд, инчунин рушди ҳамкории сармоягузорӣ ва аҳамияти таҳкими робитаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ байни ду кишварро таъкид намуданд.
Конфронс аз се бахши асосӣ иборат буд, ки ба рушди шарикии ҳамсоягӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёт, маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ, инчунин таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар форматҳои бисёрҷониба бахшида шуданд.
Дар натиҷаи муҳокимаҳо иштирокчиён як қатор пешниҳодҳои амалӣ барои рушди минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон таҳия карданд. Ин пешниҳодҳо соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, ҳамкории саноатӣ ва рушди сармояи инсонӣро дар бар мегиранд. Ҳамчунин ташаббусҳое баён гардиданд, ки ба таҳкими ҳамкории кишварҳо дар сатҳи минтақавӣ равона шудаанд.
Конфронс дар руҳияи дӯстиву андешаҳои муассир баргузор гардид.

Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон