(Тоҷикӣ) АҲАММИЯТИ ТАЪРИХИИ ИҶЛОСИЯИ XVI –УМИ ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА НАҚШИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ ДАР ТАЪМИНИ РУШДИ СОҲАҲОИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ МАМЛАКАТ
Воқеан ҳам, истиқлолу озодӣ, сулҳу субот ва оромиву сарҷамъӣ барои ҳар як миллат дастоварди муқаддас ба шумор меравад. Аз ин ҷост, ки миллати мо тӯли ҳазорсолаҳо бо орзую ормони давлати озоду мустақил зиндагӣ дошт ва имрӯз бо азму талоши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдомҳои созандагӣ ва талошҳои хастанопазир дар масири рушд қадамҳои устувор мегузорад. Дар баробари ин, ҳақиқати таърихӣ собит сохт, ки ҳифзи арзишҳои милливу маънавӣ ва истиқлоли давлатӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар шаҳрванд ба ҳисоб меравад.
Ёдовар бояд шуд, ки пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ дар кулли кишварҳои собиқ Иттиҳод зуҳури низоъҳои гуногуни иҷтимоӣ ва тағйироти сохти конститутсионӣ ба амал омад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин низоъҳои иҷтимоӣ истисно набуд. Зеро оғози ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хавфи парокандагии кишвари моро фаро гирифта, мардум ба мушкилиҳои зиёди иқтисодию иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардида буданд.
Аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон дар он зоҳир мегардад, ки роҳи ояндаи дурахшони халқи тоҷик муайян гардида, дар он масъалаи асосии кишвар ҳал гардид. Хушбахтона, дар Иҷлосия аз ҷониби вакилони халқ ва солимфикрон, фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барқарор намудани сулҳу субот масъалаи аз ҳама муҳим ба шумор мерафт.
Аз рӯзҳои нахустини фаъолияти ин шахси таърихӣ мардумро эҳсоси расидан ба рузҳои нек фаро гирифта буд, зеро Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуда буданд: «Мо ба хотири созандагӣ ба музокирот ба ҳамаи нерӯҳое, ки барои наҷот додани Тоҷикистон аз буҳрони сиёсиву иқтисодӣ манфиатдоранд, омода ҳастем. То он даме, ки мо сулҳу оромиро дар хонаи хеш барқарор насозем, силоҳро гузошта, ба кори созандагӣ шурӯъ накунем, кӯмаки ягон ҳамсоя ҳоли моро беҳ намесозад. Танҳо бо иттиҳод мо метавонем, Тоҷикистонро аз хатари ҳалокат ва парокандагӣ наҷот дода, онро ба давлати пешрафта ва соҳибистиқлол мубаддал гардонем»
Маҳз ҷасорату матонати сиёсӣ ва садоқати беназири Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, алалхусус қудрат ва тавони бахшидан, авф кардану таҳаммули ҳарфи мухолифинро шунидан имкон дод, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ хотима ёбад.
Бояд гуфт, ки дар Иҷлосияи тақдирсоз баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 2 изҳорот қабул карда шуд. Аз ин рӯ, тақдирсоз унвон гирифтани ин Иҷлосия ба тадриҷ хомуш сохтани оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ асос дошта, Ҳукумати қонунӣ барқарор гардид. Гарчанде Истиқлолияти давлатӣ ҳанӯз 9-уми сентябри соли 1991 расман эълон шуда бошад ҳам, вале амалӣ гардидани он аз Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Тоҷикистон сарчашма мегирад.
Ҳамзамон, дар Иҷлосия Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргардондани гурезаҳо», «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсони давраи ҷангӣ» пешниҳоди лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқи рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул карда шуданд.
Бояд гуфт, ки масъалаҳои ҳаётан муҳимме, ки дар кори Иҷлосияи ХVI –уми Шурои Олии Тоҷикистон ҳукми қонунӣ гирифт, пеш аз ҳама аз инҳо иборат буданд:
– ба халқи азияткашидаи кишвар роҳбари сазовор, яъне Пешвои муаззами миллатро дод;
– пеши роҳи ба гирдоби фано рафтани миллату давлат гирифта шуд;
– ҷангу нооромиҳои сиёсиро ба сулҳу якпорчагӣ иваз намуд;
– сохтори фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатиро барқарор намуда, ба ислоҳоти конститутсионӣ оғоз бахшид;
– барои қабули Конститутсияи нави Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ муҳайё намуд;
– Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро имконпазир гардонид.
– ба низоми фалаҷгардидаи иқтисоди кишвар ислоҳоти иқтисодиро фароҳам овард;
– кишвари моро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, ягона ва демократӣ дар байни кишварҳои хориҷӣ муаррифӣ намуд.
Ҷаҳду талошҳои хастанопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолии кишварамон баҳри ҳифзи истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, Ваҳдати миллӣ, пешрафту ободӣ ва муаррифии Тоҷикистони азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ буд, ки имрӯз кишвари моро ҳамчун кишвари сулҳофар, ташаббускор, соҳибистиқлол, соҳибфарҳангу соҳибтамаддун ва амнтарин кишвари дунё эътироф менамоянд.
Тамоми дастоварду муваффақиятҳои даврони соҳибистиқлолӣ аз сарҷамъу муттаҳидии халқи азизамон зери сиёсатҳои созанда ва бунёдкоронаи Пешвоми миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарварии насли ҷавону матиниродаи давлату миллат, имрӯз низ идома дорад.
Бояд гуфт, ки яке аз вазифаҳои мушкилтарини давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барқарорсозии низоми иқтисодӣ ва ташаккул додани он ба шумор мерафт. Зеро ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишвар беш аз 10 млрд. доллари ИМА хисорот расонида, қурбониҳои зиёди ҷониву молӣ дар пай дошт.
Пас аз соли 1997 дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ оғоз гардида, баъд аз соли 2000-ум як қатор барномаҳо ва стратегияҳо қабул гардиданд, ки ҳадафи асосии онҳо барқарорсозӣ ва таҳкими низоми иқтисодиёти кишвар буданд. Дар ин давра, кишвари мо ба низоми нави иқтисоди бозорӣ ворид шуда, раванди хусусигардонии корхонаҳо вусъати тоза пайдо кард. Бо мақсади таъмини рушди иқтисоди миллӣ ва татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат заминаи қонунгузорӣ такмил дода шуд ва барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ шароити мусоид фароҳам гардид. Дар ин давра, стратегияҳои дарорзмуҳлат ва миёнамуҳлат ба монанди «Стратегияи миллии рушд то соли 2015» ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки ҳадафҳои асосии иқтисодӣ ва иҷтимоиро муайян мекарданд, қабул гардиданд.
Давра ба давра, устувории иқтисодиёт бо истифода аз захираву имкониятҳо, хусусан афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаҳои воқеӣ, аз ҷумла саноату кишоварзӣ, нақлиёту энергетика ва сохтмону алоқа таъмин гардиданд.
Дар натиҷаи татбиқи бомароми стратегияву барномаҳои давлатӣ танҳо давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 153,4 миллиард сомонӣ дар соли 2024 ё 85 маротиба зиёд гардид. Инчунин, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ аз 289 сомонии соли 2000-ум то 14,3 ҳазор сомонӣ дар соли 2024-ум ё 49 маротиба бештар гардид. Илова бар ин, даромади пулии аҳолӣ дар ин давра аз 1 миллиард сомонии соли 2000-ум то 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024 ё 114 маротиба зиёд гардида, сатҳи камбизоатӣ аз 83 дарсади соли 200-ум то 21,2 дарсад дар соли 2024-ум расонида шуд.
Ҳукумати мамлакат бо ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ ва маблағгузориҳои буҷетӣ, неругоҳҳои хурду бузург бунёд ва таҷдиду азнавсозӣ намуда, расидан ба истиқлоли энергетикиро ҳадафи муҳимми стратегии кишвар муайян намудааст. Масалан, агар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар мамлакат ҳамагӣ 25 неругоҳи хурду бузурги обӣ бо иқтидори 4,4 ҳазор мегаватт фаъолият менамуд, соли 2024-ум шумораи неругоҳи хурду бузурги барқи обӣ, офтобӣ ва бодӣ ба 300 адад бо иқтидори 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ ба 22,4 миллиард киловатт соат расонида шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки неругоҳи барқи обии «Роғун» яке аз бузургтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар таъмини неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза саҳми назаррас дорад. Ду чархаи ба истифода додаи он то ҳол беш аз 10 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол намуда, пас аз пурра ба итмом расидани сохтмони неругоҳ бо иқтидори умумии 3780 МВт дар баробари таъмини амнияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар таъмини кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ (Афғонистон ва Покистон) нақши муҳим мебозад.
Дар ин давра, вобаста ба таъмини амнияти озуқаворӣ ба соҳаи кишоварзӣ таваҷҷуҳи махсус равона гардида, яке аз соҳаҳои муҳим барои иқтисоди Тоҷикистон муайян гардидааст. Зеро қисми зиёди аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва кишвари мо яке аз содиркунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла пахта ва меваҷот ба ҳисоб меравад. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин ва гирифтани ду-се ҳосил суръати миёнаи истеҳсолӣ афзуда, тибқи маълумоти оморӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз 9,5 млрд. сомонии соли 2000-ум ба 73 млрд. сомонӣ дар соли 2024-ум ё 7,5 баробар зиёд гардидааст.
Барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар, яъне баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ, дар даврони Истиқлоли давлатӣ сохтмони роҳҳои мошингард ва нақбҳо дар маркази таваҷҷуҳи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти иқтидори боркашонии он яке аз марҳалаҳои муҳимми ҳадафҳои рушди кишвар пазируфта шудааст.
Тибқи арзёбии маълумотҳои коршиносон, кишвари мо дар яке аз чорроҳаҳои калидии Авруосиё воқеъ буда, метавонад пули пайвасткунандаи Чин ва давлатҳои дигари ҳамсояи минтақа бошад. Тоҷикистон бо мавқеи ҷойгиршавиаш ва бунёд намудани роҳҳои дорои аҳамияти байналмиллалӣ яке аз долонҳои нақлиётӣ, энергетикӣ ва тиҷоратӣ байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Осиёи Ҷанубӣ ва Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки давоми 34-соли соҳибистиқлолӣ бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётӣ ва ба мамлакати транзитӣ табдил додани ҷумҳурӣ беш аз 63 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, амалӣ гардиданд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии соли 2024 аз ҳисоби нишондиҳандаи сифати роҳҳо зинаҳои болотарро ишғол намуд, ки ин рушди соҳаи нақлиёти мамлакатро нишон медиҳад. Дар робита ба ин, санаи 28 декабри соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз намуданд: «Бо таҷдиду навсозии роҳҳои мошингард дар панҷ соли охир тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати роҳҳо дар байни 165 давлати ба таҳқиқот фарогирифта аз зинаи 50 ба 44-ум баромада, нисбат ба солҳои қаблӣ 6 зина баланд гардид».
Дар доираи муайян намудакни яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат саноатикунонии босуръат ва эълон гардидани солҳои 2022 -2026 “Солҳои рушди саноат” дар кишвар тадбирҳои зиёде амалӣ гардиданд. Танҳо дар 5 соли охир бештар аз 2040 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо 74 ҳазор ҷойи корӣ бунёд гардидааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 5,4 млрд. сомонии соли 2000-ум ба 53 млрд. сомонӣ дар соли 2024-ум баробар гардид.
Ҳамин тавр, бинобар муҳиммияти истиқлолу озодӣ, давлати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сартосарӣ ва Ваҳдати миллӣ ҷиҳати таҳкиму тақвият бахшидани низоми иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ саҳми ватандӯстона гузоштан қарзи шаҳрвандии ҳар сокини кишвар маҳсуб меёбад.
Имрӯз, ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар самти тағйирёбии босуръати иқлим мешиносанд, ки давоми беш аз ду даҳсолаи охир Маҷмааи умумии СММ иқдомҳои Пешвои миллатро тавассути Қатъномаҳои махсуси худ қабул намудааст. Бояд гуфт, ки ин иқдому ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои наҷоти башарият нигаронида шудаанд ва баъди гузашти солҳои зиёд низ онҳо боз ҳам дорои арзишу эътибори бештар мегарданд.
Ҷамшед Солиҳов,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии
иқтисодиёти соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон