ТАЪМИНИ РУШДИ СОҲАҲОИ ИҚТИСОДИЮ МОЛИЯВӢ ДАР МЕҲВАРИ СИЁСАТИ ДУРБИНОНА ВА ХИРАДМАНДОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ стратегияи ислоҳоти куллии иқтисодиро бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум тавассути амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ, пеш аз ҳама, таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар пеш гирифт. Ҳамзамон, барои рушди соҳаҳои иқтисодию молиявӣ дар меҳвари сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи мақсадноки захираю имкониятҳои мавҷуда, дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, нақлиёту энергетика ва хизматрасонию сайёҳӣ, метавонем корҳои зиёдро ба анҷом расонем.
Барои таъмини рушди иқтисодиёти кишвар тавассути самаранок истифодабарии замин ва имкониятҳои соҳаи кишоварзӣ, барқарорсозии зарфияти мавҷуда, афзоиши ҳаҷми истихроҷу коркарди сарватҳои зеризаминӣ ва бунёди корхонаҳои металлургӣ, маъдантозакунӣ, рушди саноати мошинсозӣ, нассоҷӣ, хӯрокворию дорусозӣ, истифодаи имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ имкониятҳо бештар мебошанд.
Дар робита ба ин, дар доираи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат натиҷаи фаъолияти соҳаҳои молиявию иқтисодӣ дар соли 2024-ум бо нишондиҳандаҳои қаноатбахш ҷамъбаст гардиданд ва ҳаҷми ММД бо нархҳои ҷорӣ ба 153,4 млрд. сомонӣ ва суръати рушди он ба 8,4 дарсад расонида шуд. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 22,8 дарсад, истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ беш аз 16,9 дарсад, дигар намуди хизматрасонӣ 18,3 дарсад, савдои яклухту чакана, таъмири автомобилҳо ва меҳмонхонаҳо 15,2 дарсад, сохтмон, нақлиёт ва хоҷагии анбору алоқа 17,4 дарсад, инчунин андозҳои холис аз маҳсулот 9,4 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар натиҷаи амалӣ намудани тадбирҳои судманди Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда, новобаста аз шиддат гирифтани омилҳои манфии берунӣ ба иқтисодиёти миллӣ, сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои мақсаднок 3,6 фоизро ташкил намуд.
Ҷиҳати ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, дар замони соҳибистиқлолӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ беш аз 4,1 млн. ҷойи кор таъсис дода шудааст, ки дар натиҷа даромади пулии аҳолӣ дар соли 2024-ум ба 147 млрд. сомонӣ баробар гардид. Яъне, даромади пулии аҳолӣ дар муқоиса ба соли 2019 бештар аз се маротиба, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар зиёд гардидааст.
Дар маҷмуъ, давоми панҷ соли охир истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ низ хеле афзоиш ёфта, ин нишондиҳанда аз татбиқи босамари барномаҳои молиявию иқтисодии Ҳукумати мамлакат дар самти таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар, инчунин, таъмини шаҳрвандон бо шуғли пурмаҳсул гувоҳӣ медиҳад. Ҳиссаи соҳаҳои асосии иқтисодиёт дар ММД дар соли 2024 тавассути диаграмма нишон дода шудааст.

Аз рӯйи нишондиҳандаҳо мушоҳида карда мешавад, ки дар давоми соли 2024-ум ҳиссаи соҳаи савдои яклухт ва чакана, таъмири автомобилҳо, хизматрасонии меҳмонхонаҳо ба 15,2 дарсади ММД баробар гардидааст. Ғайр аз ин, ҳиссаи соҳаи сохтмон 12,4 млрд. сомонӣ ё ин ки 8,1 дарсад, соҳаҳои нақлиёт ва алоқа 14,3 млрд. сомонӣ ё ин ки 9,3 дарсад, андозҳои холис аз маҳсулот 14,4 млрд. сомонӣ ё ин ки 9,4 дарсад ва дигар намуди хизматрасонӣ 27,9 млрд. сомонӣ ё ин ки 18,3 фоизи ММД-ро ташкил намудааст.
Дарвоқеъ, дар шароити кишвари мо низ соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва нақлиёту энергетика аз ҷумлаи соҳаҳои муҳимму пешбарандаи иқтисодиёти миллӣ ба шумор мераванд, ки ба устувории низоми молия, хусусан буҷети давлатӣ заминаи мусоид гузошта истодаанд. Соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ҳамчун соҳаҳои тавлидкунандаи молу маҳсулот ва татбиқкунандаи ҳадафҳои рушди устувор, тавассути амалӣ намудани лоиҳаҳои давлатии сармоягузорию инноватсионӣ ва рушди иқтисодиёти рақамӣ дар амалӣ гардидани ҳадафҳои миллӣ саҳми назаррас доранд.
Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида, дар давоми солҳои охир сатҳи камбизоатӣ то 21,2 дарсад коҳиш ёфт ва баробари зиёд гардидани шумораи коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани шаҳрвандон, инчунин, пайваста дастгирӣ ёфтани қишри осебпазири ҷомеа ва тақвияти сиёсати иҷтимоии роҳбарияти Ҳукумати мамлакат, хусусан дар меҳвари сиёсати дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои минбаъда ин нишондиҳанда боз ҳам коҳиш хоҳад ёфт. Ҳиссаи соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат дар маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар давоми солҳои 2019–2024 тавассути диаграммаи 2 мавриди таҳлил қарор дода шудааст.

Дар ин давра, яъне соли 2024-ум ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ММД ба 34,9 млрд. сомонӣ баробар гардида, нисбат ба соли 2023-юм ба андозаи 10,1 дарсад афзоиш ёфт ва ҳиссаи ин соҳа дар ММД бештар аз 22,8 дарсадро ташкил намуд. Дар ин давра, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ММД ба 25,9 млрд. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2023-юм ба андозаи 22,6 дарсад афзоиш ёфта, ҳиссаи ин соҳа дар ММД ба 16,9 дарсад баробар гардид.
Илова бар ин, баробари татбиқи барномаҳои мукаммали молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2024 нақшаи даромади буҷети давлатӣ 104,1 дарсад иҷро гардид, ки дар ин давра ба буҷети давлатӣ 46978,3 млн. сомонӣ ворид гардидааст ва аз рӯйи маълумоти фаврии Вазорати молия қисми хароҷоти буҷети давлатӣ ба 45473,0 млн. сомонӣ баробар гардидааст. Дар ин давра, яъне соли 2024 кишвари мо бо 121 мамлакатҳои ҷаҳон, аз ҷумла бо 10 кишварҳои ИДМ ва бо 111 мамлакатҳои хориҷи дур муносибатҳои тиҷоратӣ, ки ҳиссаи савдои хориҷӣ бо кишварҳои ИДМ ба маблағи 4142,9 млн. доллар ё 46,3 дарсад ва бо мамлакатҳои хориҷи дур ба маблағи 4812,1 млн. доллар ё 53,7 дарсад муносибатҳои тиҷоратиро густариш додааст.
Бо мақсади рушди низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёт, вусъат додани истифодаи воситаҳои электронии пардохт ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарор “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” 30 ноябри соли 2018, таҳти №565 қабул карда шуд. Мутобиқи он вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатии амаликунандаи хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ, дар ин самт вазифадор шуданд, ки дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ, ба таври ҳатмӣ қабули ҳаққи ҳама намуди хизматрасониҳоро ба таври ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохт таъмин намоянд.
Дар давоми соли 2024 шумораи суратҳисобҳои шахсони воқеӣ бештар аз 14,0 млн. адад, миқдори кортҳои пардохтии бонкӣ наздик ба 8 437 млн. адад, шумораи терминалҳо дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ 8138 адад ва миқдори нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд 3817 адад, инчунин ҳаҷми пардохтҳо 2579408 млн. сомониро ташкил додааст.
Имрӯз дар баробари амалӣ гардонидани ин ҳадафҳои созанда, зарурати истифода намудани сарчашмаҳои нави таъминкунандаи рушди иқтисодиёти кишвар ба вуҷуд омадааст, ки яке аз онҳо ҳамоҳангии сиёсати монетарӣ бо сиёсати фискалӣ барои таъмини вазъи муътадили нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва такмили ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба ҳисоб мераванд. Дар иқтисодиёт ҳамоҳангии сиёсати монетарӣ бо сиёсати фискалӣ барои таъмини вазъи муътадили нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Мувозинатии сиёсати фискалӣ ва хароҷотҳои буҷети давлатӣ, ки онҳо ба иқтидорҳои воқеии иқтисодиёт муносиб мебошанд, на танҳо барои нигоҳ доштани устувории низоми молияи давлатӣ, балки барои татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ ва нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳо мусоидат менамоянд.
Таъмини рушди соҳаҳои иқтисодию молиявӣ дар меҳвари сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешбурди иқтисоди рақамӣ, технологияҳои инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ ҳамчун заминаҳои асосии рушди иқтисоди миллӣ вобастагии бештар дорад, ки ин нишондиҳандаҳо:
Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ;
Дуюм, то шабакаҳои панҷ – ҷӣ (5G) инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот;
Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ;
Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ;
Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ;
Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот;
Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ, ифода ёфтаанд.
Иброҳимзода Иброҳим Шоҳ,
сармутахассиси Раёсати таҳлили масъалаҳои
макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон