НАҚШИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

“Технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор заминаи муносиб ба шумор мераванд”.

Эмомалӣ Раҳмон

 Дар асри 21 рушди босуръати илму техника боиси пешравии инсоният дар бисёре аз соҳаҳо гардид, аз ҷумла дар самти таъмини суботу пешрафти ҷомеа. Вале ба ҳамаи ин дастовардҳо нигоҳ накарда, инсоният то ҳол ба мушкилотҳое рӯ ба рӯ мешавад, ки барои ҳалли онҳо танқисӣ мекашад, бахусус барои ҳалли мушкилотҳои глобалӣ. Айни ҳол, барои ҳалли баъзе аз ин мушкилотҳо аксарияти давлатҳои рушдкардаи ҷаҳон бо тақозои замон ба зеҳни сунъӣ такя мекунанд, зеро зеҳни сунъӣ ҳамчун қувваи рушд ва субот дар сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ нақши муҳим дорад. Ин технология ба самаранокии идора, пешгирӣ ва вокуниш ба таҳдидҳои ҷаҳонӣ дар соҳаҳои амният, рақамикунонии иқтисодӣ ва рушди устувор мусоидат мекунад.

Вазифаи асосии зеҳни сунъӣ дар аввал барои ҳалли дигар масъалаҳо равона шуда буд, вале дар натиҷаи бо суръати ниҳоят тез рушд намудани он бисёре аз кишварҳои ҷаҳон зеҳни сунъиро дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, амниятӣ ва дигар соҳаҳо истифода мебаранд, ки ба натиҷаҳои хуб низ дастёб шудаанд.

Қобили қайд аст, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ таъмини яке аз манфиатҳои ҳаётан муҳимми кишвар – таъмини амнияти миллӣ мушкил шудааст, ба хотири он ки ҳатто гурӯҳҳои террористию экстремистӣ барои ноил шудан ба мақсадҳои ғаразноки худ аз ҳар роҳу восита, бахусус аз технологияҳои муосир низ истифода мебаранд. Чунин ҳолат бисёре аз кишварҳоро ба мушкилӣ мувоҷеҳ намудааст. Барои таъмини амнияти миллӣ ва мубориза бо гурӯҳҳои террористию экстремистие, ки аз техникаю технологияҳои муосир истифода мебаранд, зеҳни сунъӣ метавонад яке аз воситаи хуби ҳалли ин мушкилотҳо гардад.

Идора кардани таҳдидҳои муосир дар соҳаи амният ба воситаи технологияи зеҳни сунъӣ яке аз самтҳои стратегӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ ва минтақавӣ гаштааст. Зеҳни сунъӣ — ин рафтори зеҳни инсонӣ дар шакли барномасозӣ ва автоматизатсияшуда имкон медиҳад, ки сарчашмаҳоро самараноктар истифода карда, таҳдидҳои дар пешгузошташударо ҳамеша назорат намояд.

Ба андешаи мо сабаби истифодаи зеҳни сунъиро дар таъмини амнияти миллӣ ва мубориза бо гурӯҳҳои террористию экстремистӣ метавон чунин баён намуд:

– якум, коркарди босуръати маълумот: Системаҳои зеҳни сунъӣ метавонанд маҷмуаҳои бузурги маълумотро нисбат ба таҳлилгарон зудтар таҳлил кунанд ва ба таҳдидҳои ба миён омада зудтар вокуниш нишон диҳанд.

Коркарди мавод яке аз масъалаҳои муҳимми фаъолияти иттилоотӣ ва таҳлилӣ ба ҳисоб меравад, ки дар шароити анъанавӣ вақт ва захираҳои зиёдро талаб мекунад. Бо истифодаи зеҳни сунъӣ, ин раванд ба маротиб самараноктар ва босуръаттар мегардад. Технологияҳои зеҳни сунъӣ имкон медиҳанд, ки дар муддати кӯтоҳ ҳаҷми зиёди маълумот таҳлил шуда, аз миёни онҳо танҳо иттилооти муҳим ва зарурӣ ҷудо ва пешниҳод карда шавад. Ин хусусият на танҳо барои муассисаҳои давлатӣ ва амниятӣ, балки барои тамоми бахшҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ аҳаммияти хоса дорад.

– дуюм, таъмини амнияти иттилоотӣ: Зеҳни сунъӣ метавонад аз хатарҳои киберӣ муҳофизат намояд ва омилҳои ғайриоддие, ки барои халалдор намудани системаи технологӣ равона шудаанд, онҳоро саривақт ошкор карда пешгирӣ намояд.

Дар замони муосир, давлатҳои ҷаҳон ба як қатор мушкилотҳои нав ва мураккаби ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, ки яке аз хатарҳои асосӣ ва афзояндаи онҳо ҳамлаҳои киберӣ мебошад. Ин гуна ҳамлаҳо на танҳо ба сохторҳои давлатӣ ва низомӣ, балки ба соҳаҳои иқтисодӣ, молиявӣ, иҷтимоӣ ва ҳатто ҳаёти шахсии шаҳрвандон таҳдид мекунанд.

Ҳамлаҳои киберӣ, ки аз тарафи гурӯҳҳои ҷинояткорони киберӣ, созмонҳои террористӣ ва ҳатто давлатҳои манфиатдор анҷом дода мешаванд, рӯз аз рӯз бо шаклҳои мураккабтар ва усулҳои нозуктари техникӣ зуҳур мекунанд. Танҳо дар чанд соли охир шумораи ҳамлаҳои бақайдгирифташуда дар ҷаҳон даҳҳо маротиба афзудааст. Ин раванд нишон медиҳад, ки хатари киберӣ аз як таҳдиди техникӣ ба масъалаи стратегӣ табдил ёфтааст, ки ба амнияти миллӣ ва суботи иҷтимоӣ таъсири мустақим мерасонад.

Бо рушди босуръати иқтисоди рақамӣ, вобастагии ҷомеа ва давлат аз технологияҳои иттилоотӣ бештар мешавад. Аммо ҳамин вобастагӣ, агар бо чораҳои муосири муҳофизатӣ дастгирӣ нашавад, ба як нуқтаи заъфи ҷиддӣ табдил меёбад. Дар чунин вазъият, зиёд кардани иқтидори мудофиавии рақамӣ бо истифода аз зеҳни сунъӣ дигар як ихтиёрӣ нест, балки талаботи ҳаётан муҳим мебошад.

– сеюм, шинохти чеҳра: Системаҳои шинохти чеҳра, ки тавассути зеҳни сунъӣ кор мекунанд, ҷинояткорон, террористон ва экстремистонро аз рӯйи чеҳра, ҳаракатҳо ва имову ишораҳо муайян карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пайдо ва дастгир кардани онҳо кӯмак мекунанд.

Истифодаи системаҳои шинохти чеҳра, ки дар асоси алгоритмҳои пешрафтаи зеҳни сунъӣ фаъолият мекунанд, имрӯз ба яке аз воситаҳои муосир ва стратегӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ, гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ табдил ёфтааст. Технологияҳои шинохти чеҳра имкон медиҳанд, ки шахсони мавриди ҷустуҷӯ дар муҳитҳои ҷамъиятӣ ва инфрасохторҳои муҳими давлатӣ фавран муайян ва безарар гардонида шаванд.

Таҷрибаи чанд соли охир нишон медиҳад, ки чунин системаҳо дар пешгирии амалҳои террористӣ ва муайян кардани ҷинояткорони байналмилалӣ нақши калидӣ мебозанд. Масалан, дар Ҷумҳурии Мардумии Чин шабакаи бузурги камераҳои мушоҳидавӣ бо зеҳни сунъӣ насб карда шудааст, ки имкон медиҳад ҳаракати шахсони шубҳанок дар вақти воқеӣ пайгирӣ шавад. Ин таҷриба тавонистааст сатҳи амнияти ҷамъиятиро ба таври назаррас боло барад ва шумораи ҷиноятҳои вазнинро коҳиш диҳад.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, бо назардошти таҳдидҳои муосири амниятӣ ва зарурати ҳифзи суботи ҷамъиятӣ, таҳия ва татбиқи чунин системаҳо аҳаммияти стратегӣ дорад. Он метавонад на танҳо дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва терроризм самаранок бошад, балки дар назорати марзҳо, таъмини амнияти чорабиниҳои оммавӣ ва ҳифзи инфрасохтори муҳими давлатӣ низ нақши муҳим бозад.

Аз гуфтаҳои боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки зеҳни сунъӣ имрӯз ба унсури ҷудонашавандаи рушди устувори давлатҳо ва ҳифзи амнияти миллӣ табдил ёфтааст. Дар шароите, ки ҷаҳон бо таҳдидҳои нав — аз киберҳамлаҳо то терроризми байналмилалӣ — рӯ ба рӯ мешавад, истифодаи самараноки ин технологияҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти стратегӣ дорад. Иқдомҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти татбиқи технологияҳои муосир ва дастгирии ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ, имкониятҳои нав барои таъмини амният ва рушди устувори кишвар фароҳам меоранд. Ҳамин тавр, татбиқи оқилонаи зеҳни сунъӣ метавонад ба таҳкими суботи миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидати назаррас намояд.

 

Эмомализода Қосимҷон Сироҷиддин,
сармутахассиси Раёсати таъмини
иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон