(Тоҷикӣ) ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН САДИР ЖАПАРОВ МУЛОҚОТ АНҶОМ ДОДАНД

Sorry, this entry is only available in Тоҷикӣ and Русский. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in this site default language. You may click one of the links to switch the site language to another available language.

ДУШАНБЕ, 29.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Чолпон-Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров доир гардид.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамсоягӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистонро ҳамаҷониба муҳокима карданд.

Натиҷаҳои самараноки сафарҳои давлатии чанде пеши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин замина, Сарони давлатҳо муҳиммияти рушди минбаъдаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва дигар ҷанбаҳои робитаҳои дуҷонибаро таъкид карда, ба масъалаҳои пешбурди раванди демаркатсияи хатти Сарҳади давлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.

Ҳамчунин, мубодилаи афкор атрофи мавзӯъҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ сурат гирифт.