ТАЪМИНИ РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ ДАР ЗАМИНАИ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГӢ
(таҳлили натиҷаҳои рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2024 – 2025)
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати созандаву бунёдкорона ва башардӯстонаи Пешвоми миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди иҷтимоию иқтисодиро дар заминаи ҳадафҳои дар “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” пешбинигардида, таъмин намуда истодааст. Дар ин самт таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳим эълон гардиданд. Дар баробари ин, беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тавассути ҳалли масъалаҳои рушди устувор, тақвияти неруи инсонӣ, рушди имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, ташаккули вазъи бозори меҳнат ва таъмини шаҳрвандон бо шуғли пурмаҳсул ҳамчун омилҳои асосии расидан ба ҳадафҳои стратегӣ муайян карда шуданд.
Дар давоми нимсолаи аввали соли 2025-ум бо андешидани чораҳои муҳимми иқтисодӣ, таъмини шаффофияти амалиётҳои молиявӣ ва дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин карда шуд. Дар ин давра ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 70856,4 млн. сомонӣ баробар гардид, ки суръати рушди он 8,1 дарсадро ташкил намуд. Ин нишондиҳанда асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 17,4 дарсад, кишоварзӣ 15,9 дарсад, сохтмон, 7.1 дарсад, савдо ва хизматрасонӣ 18,5 дарсад, нақлиёт ва хоҷагии амбор, алоқа 8,8 дарсад, дигар намуди хизматрасониҳо 20,3 дарсад ва андозҳои холис аз маҳсулот 12 дарсад таъмин гардид. Сатҳи таваррум дар ин давра 3,5 дарсадро ташкил дод, ки тағйироти (болоравии) нархи маҳсулоти озуқаворӣ – 0,1 дарсад, пастравии нархи молҳои ғайриозуқаворӣ – 0,2 дарсад ва арзиши хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ – 0,4 дарсад таъсир расонданд.
Гардиши савдои хориҷӣ дар давоми моҳҳои январ – июни соли 2025 тамоюли мусбат дошта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2 дарсад ё 316,6 млн. доллар афзоиш ёфтааст. Тадбирҳо ҷиҳати содагардонии расмиёти савдои хориҷӣ ва ба талаботи байналмилалӣ мувофиқ намудани ин низом имкон дод, ки доираи ҳамкории тиҷоратӣ васеъ гардад. Шарикони тиҷоратии Тоҷикистон асосан давлатҳои Русия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Эрон. Белорусия, Ҷумҳурии Корея, Туркия, Олмон, Афғонистон, Ҷопон, ИМА, Ҳиндустон ва ғайраҳо ба ҳисоб мераванд.
Дар сохтори гардиши тиҷорати хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ – 45,1 дарсад (2131,8 млн. доллари ИМА) ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 54,9 дарсад (2599,3 млн. доллар) рост меояд, ки ин нишондиҳандаро тавассути диаграммаи 1 мушоҳида карда мумкин аст.
Диаграммаи 1
Нишондиҳандаҳои гардиши тиҷорати хориҷӣ дар давоми моҳҳои январ – июни солҳои 2024-2025
(млн. доллар)

Манбаъ: таҳияи муаллиф дар асоси маълумоти омории Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ – июн 2024 саҳ. 103 ва Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ – июн 2025 саҳ. 107.
Тибқи маълумоти диаграммаи 1 гардиши тиҷорати хориҷӣ дар давоми моҳҳои январ – июни соли 2025-ум ба 4731,1 млн. доллар баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 316,8 млн. доллар бештар мебошад. Содироти мол дар ин давра маблағи 955,3 млн. долларро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2024-ум 4,3 дарсад ё 42,5 млн. доллари ИМА коҳиш ёфтааст. Воридот ба маблағи 3775,8 млн. доллари ИМА баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум ба андозаи 10,5 дарсад ё ин ки 359,3 млн. доллар зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ давра аз Тоҷикистон асосан молҳои зерин содир карда шудааст: фулузоти арзон ва маснуоти онҳо 47,3 дарсад, маҳсулоти маъданӣ 35,0 дарсад, газвори нассоҷӣ ва маснуоти онҳо 10,3 дарсад, маҳсулоти растанипарварӣ 3,5 дарсад, маҳсулоти саноати кимиё 1,3 дарсад, мошинолот ва таҷҳизот 0,2 дарсад ва дигар маҳсулотҳо 2,4 дарсадро ташкил намуданд.
Дар нимсолаи аввали соли 2025-ум ба Тоҷикистон молу ашёҳои зерин: маҳсулоти маъданӣ, 17,4 дарсад, мошинолот ва таҷҳизот 14,2 дарсад, фулузоти арзон ва маснуоти онҳо 10,8 дарсад, маҳсулоти тайёри озуқа 7,9 дарсад, маҳсулоти саноати кимиё 7,2 дарсад, маҳсулоти растанипарварӣ 7,1 дарсад, чубу тахта ва маснуоти онҳо 4,3 дарсад, ашёи полимерӣ, резина ва маснуоти онҳо 3,6 дарсад, чарбу равғани чорво ва растанӣ 2,4 дарсад ва дигар маҳсулот 25,1 дарсад ворид карда шуданд.
Саноат яке аз соҳаҳои афзалиятнок, хусусан тавлидкунандаи асосии неъматҳои моддӣ ба ҳисоб рафта, Ҳукумати кишвар ҳамеша барои таъмини рушди истеҳсолоти молӣ ва содироти маҳсулоти тайёри дорои арзиши баланди иловашуда бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаъҳои ашёи хом ва коркарди пурраи онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд, ки рушди соҳаи саноат дар нимсолаи аввали соли 2024-ум ва ҳамин давраи соли 2025-ум дар диаграммаи 2 нишон дода шудааст.
Диаграммаи 2
Нишондиҳандаҳои рушди соҳаи саноат дар нимсолаи аввали соли 2024 ва соли-2025
(млн. сомонӣ)

Манбаъ: таҳияи муаллиф дар асоси маълумоти омории Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ – июн 2024 саҳ. 14 ва Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ – июн 2025 саҳ. 14.
Аз рӯйи нишондиҳандаҳои диаграммаи 2 муайян мегардад, ки дар нимсолаи аввали соли 2025-ум 3849 адад коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар кишвар мавриди фаъолият қарор доштанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 269 адад бештар мебошад. Аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ 351 адад (соли 2024-ум 327), коркард 3323 адад, (соли 2024-ум 3081), таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 72 адад (соли 2024-ум 72) ва таъминоти об ва коркарди партовҳо 103 адад (соли 2024-ум 100) фаъолият менамуданд.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар нимсолаи якуми соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ якҷо бо соҳибкорони хусусӣ ба 29617 млн. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум ба маблағи 790,2 млн. сомонӣ бештар мебошад ва ҳиссаи соҳа дар ММД – 17,4 дарсадро ташкил намуд. Суръати рушди соҳаи саноат асосан аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати истихроҷ ба андозаи 1,7 баробар, саноати коркард 5,0 дарсад, таъминоти неруи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво 13,2 дарсад, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо 15,9 дарсад таъмин гардидааст.
Дар робита ба ин, бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат муайян гардидааст, чораҳои зарурӣ нисбати истеҳсоли бештари маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромаднокӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо молу маҳсулоти кишоварзӣ андешида шуда истоданд, ки ин ҷо тавассути диаграммаи 3 рушди соҳаи кишоварзӣ дар нимсолаи аввали соли 2024-ум ва ҳамин давраи соли 2025-ум нишон дода шудааст.
Диаграммаи 3
Нишондиҳандаҳои рушди соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали солҳои 2024-2025
(млн. сомонӣ)

Манбаъ: таҳияи муаллиф дар асоси маълумоти омории Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ – июн 2024 саҳ. 22 ва Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ – июн 2025 саҳ. 22.
Дар давоми моҳҳои январ – июни соли 2025-ум дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 23853,8 млн. сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 9,7 дарсад зиёд мебошад. Бояд гуфт, ки афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ асосан аз ҳисоби соҳаи растанипарварӣ ба маблағи 15891,3 млн. сомонӣ ё ин ки 9,0 дарсад, соҳаи чорводорӣ 7962,5 млн. сомонӣ ё 11,2 дарсад таъмин гардид ва дар ин давра ҳиссаи соҳаи кишоварзӣ дар ММД ба 15,9 дарсад баробар гардид.
Дар ин давра, ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 15,3 дарсадро ташкил додааст ва ин нишондиҳанда дар хоҷагиҳои вилояти Суғд 23,8 дарсад, вилояти Хатлон 12,4 дарсад, ВМКБ 1,4 дарсад ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12,6 дарсад рост меояд. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ВМКБ 225,7 млн. сомонӣ, вилояти Суғд 6158,6 млн. сомонӣ, вилояти Хатлон 14069,7 млн. сомонӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 3399,8 млн. сомонӣ баробар гардидааст.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтии кишоварзон ва риояи қоидаҳои агротехникӣ, ба ҳолати якуми июли соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалла ба 679065 тонна, картошка 267929 тонна, сабзавот 1217009 тонна, маҳсулоти полизӣ 590881 тонна, истеҳсоли мева 297731 тонна, ангур 3738 тонна ва хӯроки чорво 496962 тонна баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум истеҳсоли картошка 819 тонна, маҳсулоти полизӣ 177916 тонна, истеҳсоли мева 72905 тонна, ангур 1034 тонна ва хӯроки чорво 43903 тонна зиёд мебошад.
Ҳамзамон, соҳаи нақлиёт дар иқтисодиёти дилхоҳ давлатҳои ҷаҳон яке аз соҳаҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, бе бунёди роҳҳои замонавӣ ва рушди соҳаи нақлиёт, самаранокии дигар соҳаҳои хоҷагии халқро тассавур кардан ғайриимкон гардидааст. Бинобар ин, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои стратегӣ муайян гардидааст. Ҳадафи мазкур фарогири бозсозӣ ва сохтмони роҳҳои мошингард, роҳҳои оҳан, пулҳо ва нақбҳо, инчунин дигар зерсохторҳои нақлиётӣ мебошад, ки дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта ба истифода дода шуда истодаанд, ки ин ҷо тавассути диаграммаи 4 хизматрасонии соҳаи роҳу нақлиёт дар давоми нимсолаи аввали соли 2024-ум ва ҳамин давраи соли 2025-ум нишон дода шудааст.
Диаграммаи 4
Хизматрасонии соҳаи роҳу нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали солҳои 2024 – 2025
(бо тонна)

Манбаъ: таҳияи муаллиф дар асоси маълумоти омории Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ – июн 2024 саҳ. 44 ва Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ – июн 2025 саҳ. 44.
Бояд гуфт, ки давоми моҳҳои январ – июни соли 2025-ум дар қаламрави кишвар тавассути ҳама намуди нақлиёт 66687,8 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,3 дарсад зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ 63058,6 млн. тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли 2024-ум 9,2 дарсад зиёд мебошад. Тавассути нақлиёти роҳи оҳан 3628,6 млн. тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 12,4 дарсад зиёд мебошад.
Ҷиҳати афзоиши ҳаҷми содироти молу маҳсулот ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» то 80 дарсад сабукиҳо пешниҳод намуд. Ҳамчунин бо маъмурияти роҳи оҳани давлатҳои шарик ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст, дар ин давра аз Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Русия ва дигар давлатҳо сабукиҳои назаррас пешбинӣ намуда, дар қатораи мусофирбари Душанбе – Кӯлоб 60 дарсад ва дар мувофиқа бо роҳҳои оҳани давлатҳои Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ба мусофироне, ки пешакӣ чипта харидорӣ менамоянд то 45 дарсад сабукиҳо пешбинӣ шудааст.
Алҳол, захираҳои гидроэнергетикӣ ҳамчун сарвати табиӣ барои таъмини истиқлоли энергетикӣ, ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои гузошташудаи Ҳукумати мамлакат бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва маблағгузориҳои буҷетӣ мақсаднок истифода гардида, неругоҳҳои хурду бузург дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва таҷдиду азнавсозӣ гашта истодаанд.
Диаграммаи 5
Рушди нишондиҳандаҳои энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали солҳои 2024-2025
(млн. кВт. соат)

Манбаъ: таҳияи муаллиф дар асоси маълумоти омории Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ – июн 2024 саҳ. 18 ва Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ – июн 2025 саҳ. 18.
Дар давоми нимсолаи аввали соли 2025-ум ҳаҷми истеҳсол ва тақсимоти неруи барқ, газ ва тозакунии ҳаво ба маблағи 5612,1 млн. сомонӣ таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 956,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Истеҳсоли неруи барқ дар нимсолаи аввали соли 2025-ум 11812,4 млн. кВт. соатро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 1445,5 млн. кВт. соат ё 3,9 фоиз афзоиш ёфт. Содироти неруи барқ бошад 54887 млн. долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум мутаносибан 20111 млн. доллар зиёд гардидааст.
Дар ин радиф, рушди соҳаи сайёҳӣ ҳамчун соҳаи муаррификунандаи давлату миллат, таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои мардуми тоҷик метавонад ба инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаҳои хизматрасониву маишӣ ва истеҳсолӣ мусоидат намояд. Давоми моҳҳои январ-июни соли 2025-ум шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, бо назардошти ҳама намуди мақсадҳои сафар (хизматӣ, истироҳатӣ ва ғайра) 925,7 ҳазор нафарро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 177,4 ҳазор нафар ё 23,7 дарсад зиёд мебошад.
Диаграммаи 6
Рушди соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали солҳои 2024 – 2025
(ҳазор нафар)

Манбаъ: таҳияи муаллиф дар асоси маълумоти омории Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ – июн 2024 саҳ. 125 ва Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон январ – июн 2025 саҳ. 125.
Аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки давоми моҳҳои январ – июни соли 2025-ум ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд 762,3 ҳазор нафарашон ҳамчун сайёҳ (тибқи методологияи СУС) ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 181,8 ҳазор нафар ё ин ки 31,3 дарсад афзоиш ёфтааст. Аз ин шумора 699,4 ҳазор нафар ба кишварҳои ИДМ, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 168,8 ҳазор нафар ё 31,8 дарсад ва 62,9 ҳазор нафар ба кишварҳои хориҷи дур, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 13 ҳазор нафар ё ин ки 26,0 дарсад афзоиш ёфтааст.
Дар ин давра шаҳрвандони Узбекистон – 527 ҳазор ё 56,9 дарсади шумораи умумии сайёҳон, аз Русия – 248,5 ҳазор нафар ё 26,8 дарсад, Қирғизистон – 49,5 ҳазор нафар ё 5,3 дарсад, Қазоқистон – 17,8 ҳазор нафар ё 1,9 дасрад ва аз Туркманистон – 3,2 ҳазор нафар ё 0,3 дарсадро ташкил медиҳад. Шаҳрвандони мамлакатҳое, ки аз хориҷи дур ба қаламрави Тоҷикистон ворид шудаанд асосан аз: Ҷумҳурии Мардумии Чин – 17,5 ҳазор нафар ё 1,9 дарсад, Афғонистон – 9,7 ҳазор нафар ё 1,0 дасрад, Эрон – 7,3 ҳазор нафар ё 0,8 дарсад, ИМА – 5,9 ҳазор нафар ё 0,6 дарсад, Туркия – 3,1 ҳазор нафар ё 0,3 дарсад, Олмон – 3,3 ҳазор нафар ё 0,4 дарсад, Ҳиндустон ва Ҷопон 1,6 ҳазор нафар ё 0,2 дарсад, Австралия – 1,5 ҳазор нафар ё 0,2 дарсад, Британияи Кабир, Фаронса, Ҷумҳурии Корея ва Италия 1,4 ҳазор нафар ё 0,2 дарсад. Покистон ва Полша 1,3 ҳазор нафар ё 0,1 дарсад ва Канада 1,1 ҳазор нафар ё 0,1 дасрад рост меояд.
Дар маҷмуъ, натиҷаҳои рушди иқтисодии кишвар дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷомеаи чаҳонӣ мусбат арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла, дар ин давра суръати рушди соҳаи саноат асосан аз ҳисоби саноати истихроҷ 1,7 баробар ва саноати коркард 5 дарсад таъмин гардидааст. Бояд гуфт, ки шохисҳои мақсадноки асосии дар СМР – 2030 аз рӯйи сенарияи индустриалӣ ҳиссаи саноати коркард 74 – 75 дарсад муайян гардида, саноати истихроҷ бошад дар ҳудуи 11 – 11,5 дарсад пешбинӣ гардидааст. Дар робита ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар семинар – машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар ноҳияи Данғара ибрози назар карда, ба масъулин дастур дода буданд, ки масъалаҳои ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва зиёд намудани суръати рушди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бахусус, дар соҳаҳои коркард сари вақт ҳаллу фасл карда шаванд.
Инчунин, таъкид гардида буд, ки имкониятҳои истифоданашуда дар самти рушди соҳа дар минтақаҳои кишвар, махсусан, саноати коркард дар вилояти Хатлон ниҳоят зиёданд ва ҷиҳати пурра истифода намудани онҳо ташаббускории роҳбарону масъулони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, вазорату идораҳои соҳавӣ, ҷалби сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ ва воридоти технологияҳои пешқадам зарур мебошад.
Илова бар ин, нишондиҳандаҳои содиротии кишвар нисбат ба солҳои қаблӣ нисбатан коҳиш ёфта, ноил шудан ба нишондиҳандаҳои пешбинишудаи Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 ҳаҷми умумии содирот то 2,4 млрд. доллари ИМА муайян гаштааст, ки ин рақам дар соли 2024-ум 1947,0 млн. долларо ташкил медод. Вобаста ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ 28-уми декабри соли 2024 ба масъулин дастур дода буданд, ки дар баробари пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, инчунин, идоракунии самараноки иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат таъмин карда шавад.
Ҷамшед Солиҳов,
муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии
иқтисодиёти соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон