КОНФРОНСИ МИНТАҚАВӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ҲАМГИРОИИ КИШВАРҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ПАСМАНЗАРИ ДИГАРГУНИҲОИ МУОСИРИ ҶАҲОНӢ: ҲОЛАТ ВА ДУРНАМО”

1 майи соли 2025 Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Намояндагии минтақавии Бунёди Конрад Аденауэр доир ба Осиёи Марказӣ конфронси минтақавиро таҳти унвони «Ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзари дигаргуниҳои муосири ҷаҳонӣ: ҳолат ва дурнамо» баргузор гардид.  Конфронси мазкур тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ доир гардид.

Дар конфронс роҳбарон ва мутахассисони марказҳои таҳлилӣ ва институтҳои илмию тадқиқотии кишварҳои Осиёи Марказӣ, коршиносони хориҷӣ ва ватанӣ, намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ҳадафи баргузории ҳамоиш муҳокимаи ҳолат ва дурнамои рушд ва таҳкими робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни кишварҳои минтақа, масъалаҳои минтақавӣ ва стратегияҳои ҳалли муштараки онҳо, масъалаҳои пешгирии таъсири мушкилоти эҳтимолӣ ба амният ва иқтисоди минтақавӣ, арзёбии ҷараёни татбиқи санадҳо ва созишномаҳое, ки дар доираи Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расидаанд, рақамикунонии иқтисодиёт ва ташаккули «иқтисоди сабз», таҳкими иқтидори содиротии кишварҳои минтақа, муборизаи муштарак бо хатарҳо ва тағйироти иқлимӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва ғайра дарбар гирифт.

Дар оғози конфронс Усмонзода Хайридин – директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, Ҷалолов Мирзошариф,  – сардори Раёсати таҳқиқоти стратегии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Андре Алгермиссен,  – намояндаи ваколатдори минтақавии Бунёди Конрад Аденауэри Олмон дар Осиёи Марказӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд.

Директори Марказ Хайриддин Усмонзода дар суханронии ифтитоҳии худ қайд кард, ки дар партави вазъи тағйирёбандаи геополитикӣ рушди иқтидори нақлиётӣ-логистикии Осиёи Марказӣ аҳаммияти бештар пайдо мекунад. Бо ин мақсад, имрӯз дар Осиёи Марказӣ ба рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва таҷдиди роҳҳо диққати махсус дода, ҳам роҳҳои оҳан ва ҳам роҳҳои автомобилӣ, инчунин ба дигар роҳҳо барои намудҳои гуногуни нақлиёт таваҷҷӯҳи бештар дода мешавад.

Конфронс аз се бахши асосӣ иборат буд ва суханрониҳои иштирокчиён дар доираи ин бахшҳо сурат гирифт.

Дар доираи бахши аввал «Нақши Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳо дар ҷараёни равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ» ҳолат ва дурнамои ҳамгироии минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар он Ҷавлон Ваҳобов – директори Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ; Алуа Жолдыбалина – муовини директори Институти тадқиқоти стратегии Қазоқистон дар назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон; Шири Шириев – директори Маркази тадқиқоти стратегии Институти муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон; Жумабек Сарабеков (маҷозӣ) – иҷрокунандаи вазифаи директори Институти иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва сиёсати Қазоқистон; Дуйшенкул кызы Динара (маҷозӣ) – муовини директори Институти миллии ташаббусҳои стратегии Ҷумҳурии Қирғизистон; Рустам Ҳайдарзода – директори Институти омӯзиши масъалаҳои кишварҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

­­Дар доираи бахши мазкур иштирокчиён ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ, имкониятҳо ва иқтидори мавҷуда баҳри ҳамгироӣ,  нақши Вохӯриҳои машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳалли масъалаҳои мубрами рушди минтақавӣ, мушкилоти минтақавӣ ва усулҳои муассири ҳалли онҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Дар доираи бахши дуюм  «Таъмини амнияти минтақавӣ дар партави тағйироти байналмилалӣ ва пайдоиши чолишҳои нав» маърузаҳои Акрамҷон Неъматов — муовини якуми директори Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон; Бермет Каниметова — мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва ҲРУ-и Институти миллии ташаббусҳои стратегӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон; Абдуғанӣ Мамадазимов — номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсенти кафедраи минтақашиносии хориҷии факултаи муносибатҳои байналмилалии ДМТ; Шерали Ризоён — номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, пажӯҳишгари мустақил; Руслан Изимов — коршиноси мустақил ва Эмил Ҷӯраев — коршиноси мустақил шунида шуд.

Дар доираи бахши мазкур иштирокчиён масъалаҳои чолишҳои муосир ва таҳдиди онҳоро ба амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ, мушкилоти асосии таъмини амнияти минтақавӣ, усулҳои муосири таъмини амнияти минтақавӣ,  масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии механизми муқовимат ба таҳдидҳои мавҷударо баррасӣ намуданд.

Дар бахши сеюм «Ҳолат ва дурнамои рушди “иқтисоди сабз” дар фазои ОМ» масъалаҳои нақши рушди “иқтисоди сабз” дар пешгирии тағйирёбии иқлим, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва ҷорӣ намудани технологияҳои сабз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ба обшавии пиряхҳо ва захираҳои об, равишҳо, стратегияҳо, тадбирҳо ва ташаббусҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва татбиқи принсипҳои «иқтисоди сабз» баррасӣ гардид. Иштирокчиён Лутфулло Саидмуродзода — мудири шуъбаи тадқиқоти муқоисавии иқтисодии Институти иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Барбара Януш-Павлетта — раиси дафтари минтақавии Институти байналмилалии идораи захираҳои об (IWMI) дар Осиёи Марказӣ, Рустам Раҳматзода — доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, Дилшод Умаров — директори Муассисаи давлатии “Институти илмӣ-тадқиқотии гидротехника ва мелиоратсияи Тоҷикистон”-и Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Анна Альшанская — роҳбари шуъбаи таҳлили сиёсати иқтисодии Институти тадқиқоти стратегии Қазоқистон дар назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон, Сулимонов Азамат — роҳбари шуъбаи Институти тадқиқоти стратегӣ ва байниминтақавӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, Зебунисо Муминзода — директори дафтари кишварии Маркази экологии минтақавии Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Динара Зиганшина (маҷозӣ)  — директори Маркази илмӣ-иттилоотии Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ дар доираи бахши мазкур маърузаҳои ҷолиб ва муфидеро пешниҳод намуданд, ки ба масъалаҳои устувории экологӣ ва гузариш ба модели рушди “сабз” бахшида шуда буданд.

Пас аз анҷоми қисмати расмии конфронс ба иштирокчиён барномаи экскурсионӣ ва фарҳангӣ пешниҳод карда шуд. Дар доираи экскурсия ба майдони «Истиқлол» меҳмонон аз ёдгории асосии он – «Бурҷи Истиқлол» боздид намуданд. Муаррифии намоишгоҳи бурҷ дар сатҳи баланд баргузор гардида, ба меҳмонон гуногунрангӣ ва ғановати фарҳанги тоҷикро намоиш дода шуд. Ба таваҷҷуҳи меҳмонон гӯшаҳое, ки ба либоси миллӣ, туҳфаҳо, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ, сангҳо, созҳои мусиқӣ, тахти рамзии Исмоили Сомонӣ, осори санъат, Осорхонаи шаҳри Душанбе ва кинотеатри муосири 5D бахшида шудаанд, муаррифӣ карда шуданд.

Конфронси баргузоршуда далели қотеъи афзоиши иродаи сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ барои муттаҳид сохтани кӯшишҳо дар баробари чолишҳои умумӣ гардид. Ҳамоҳангсозии пайдарпайи амалҳо дар сохторҳои байналмилалӣ — ба монанди СММ, САҲШ, СААД ва БРИКС ташаккули тафаккури стратегии давлатҳои минтақаро инъикос мекунад.

Дар натиҷаи чорабинӣ тавсияҳо таҳия карда шуданд, ки ба баланд бардоштани самаранокии ҳамкории минтақавӣ, рушди механизмҳои ҳамгироӣ, инчунин амалисозии ташаббусҳои муштарак дар соҳаи амният, рушди устувор ва мутобиқшавии экологӣ нигаронида шудаанд. Таваҷҷуҳи махсус ба нақши илм ва марказҳои таҳлилӣ ҳамчун шарикони калидӣ дар таъмини дастгирии коршиносии давлатҳои минтақа дар шароити тағирёбии ҷаҳонӣ зоҳир карда шуд.

 

Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти
 стратегии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон