ИШТИРОКЧИЁНИ ФОРУМИ «ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ» АЗ ИНШООТҲОИ МУҲИМИ ПОЙТАХТ БОЗДИД НАМУДАНД
25 июни соли ҷорӣ дар доираи Форуми III марказҳои таҳлилии «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея», ки рӯзҳои 24–25 июн бо ташаббуси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, меҳмонон ва иштирокчиёни форум бо мусоидати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як қатор иншооти муҳими илмиву технологӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии пойтахт боздид намуданд.
Нахуст ҳайати иштирокчиён аз Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» (Smart City) дидан карда, бо фаъолияти муассиса ва таҷрибаи Тоҷикистон дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва татбиқи технологияҳои муосири шаҳрсозӣ шинос шуданд.
Дар доираи боздид роҳбарияти корхона ба меҳмонон маълумоти муфассал оид ба самтҳои асосии фаъолият, лоиҳаҳои амалишаванда ва нақшаҳои рушди минбаъдаи «Шаҳри ҳушманд» пешниҳод намуд. Ҳамчунин иштирокчиён аз бино ва марказҳои идоракунии корхона боздид намуда, навори муаррифии лоиҳаҳои амалишавандаро тамошо карданд.
Сипас меҳмонон аз Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии «Кохи Наврӯз» боздид намуда, бо намунаҳои нодири санъати миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғании тоҷикон аз наздик шинос гардиданд.
Ба иштирокчиён иттилоъ дода шуд, ки «Кохи Наврӯз», ки ба феҳристи «Ҳашт муъҷизаи Созмони Ҳамкории Шанхай» шомил гардидааст, яке аз шоҳкориҳои барҷастаи даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Маҷмааи мазкур бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳё, ҳифз ва муаррифии таъриху тамаддуни куҳан ва фарҳанги волои миллати тоҷик бунёд шудааст.
Меҳмонон маҳорати баланди устоҳои тоҷикро, ки дар ороиши маҷмаа тавассути гаҷкорӣ, оинабандӣ, наққошӣ, кундалкорӣ, кандакорӣ, сангтарошӣ ва чӯбкорӣ таҷассум ёфтааст, баланд арзёбӣ намуданд. Ба хусус, толорҳои бошукӯҳи «Зарандуд», «Гулистон», «Дидор» ва «Аржанг», ки аз ҷолибтарин қисматҳои маҷмаа ба шумор мераванд, таваҷҷуҳи меҳмононро бештар ҷалб карданд.
Иштирокчиёни форум аз тамошои ин маҷмааи нодири фарҳангӣ таассуроти амиқ бардошта, аз зебоӣ, шаҳомати меъморӣ ва маҳорати волои ҳунармандони тоҷик изҳори хушнудӣ намуданд. Ба гуфтаи онҳо, «Кохи Наврӯз» на танҳо як иншооти муҳташами фарҳангӣ, балки таҷассумгари таърихи пурғановат, фарҳанги ғанӣ ва анъанаҳои куҳани мардуми тоҷик мебошад. Меҳмонон таъкид карданд, ки боздид аз ин макон барои онҳо хотирмон буда, имконият фароҳам овард, то бо мероси фарҳангӣ ва ҳунарҳои миллии тоҷикон аз наздик ошно гардиданд.
Қайд гардид, ки имрӯз «Кохи Наврӯз» ба яке аз рамзҳои асосии шаҳри Душанбе табдил ёфта, ҳамасола ҳазорон сайёҳи дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб намуда, дар рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда мегузорад.



















Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон