РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ТАШАББУСИ НАВИ ТОҶИКИСТОН ДАР СММ ДАР МЕҲВАРИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ
26 июни соли ҷорӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ҳамзамон ба муносибати қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар кори конфронс намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ, олимону муҳаққиқони муассисаҳои илмию таълимӣ, коршиносон, мутахассисони соҳавӣ, соҳибкорон ва намояндагони бахши хусусӣ иштирок намуда, вазъи кунунии рушду суботи ҷамъиятиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷаҳои бадастомада, мушкилоти мавҷуда ва дурнамои рушди минбаъдаи соҳаҳои мавҷудаи ҳаёти ҷомеаро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор доданд.
Конфронсро муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ Ораз Муртазозода ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро ба муносибати 29-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, самимона табрик гуфт.
Зимни суханронии худ Ораз Муртазозода таъкид намуд, ки 25 июн Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи махсусро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул кард. Тибқи ин санад, солҳои 2027–2036 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон гардида, ҳадафи он мусоидат ба таҳкими сулҳ, рушди муколама ва мусолиҳа, инчунин таҳкими ҳамбастагии байни наслҳо бо дарназардошти манфиатҳои наслҳои оянда мебошад.
Қайд гардид, ки қабули ин қатъномаи муҳими байналмилалӣ маҳз дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон рамзи нек ва дастоварди муҳими сиёсиву дипломатӣ ба ҳисоб меравад. Ин рӯйдод бозгӯи эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сиёсати сулҳҷӯёна ва ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат буда, бори дигар мақому нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ тақвият мебахшад.
Дар идомаи конфронс иштирокчиён бо маърузаҳои илмӣ дар мавзуҳои «Арзёбии рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар кишвар: замина, дастовард ва мушкилот», «Соҳибкорӣ — кафили рушди саноат ва иқтисоди миллӣ», «Рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Роль промышленности в достижении ускоренной индустриализации Таджикистана», «Нақши қарзҳои низоми бонкӣ дар рушди соҳибкории истеҳсолӣ», «Баланд бардоштани устувории соҳаи кишоварзӣ дар заминаи рушди фаъолияти соҳибкорӣ», «Нақши содирот дар рушди соҳибкории истеҳсолӣ: дастовардҳо, мушкилот ва имкониятҳои нав дар шароити муосир», «Технологияи коркарди бентонит ва истифодаи он дар соҳаи комплекси агросаноатӣ» ва «Арзёбии нақши мақомоти гумрук дар рушди соҳибкорӣ ва содагардонии савдои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд.
Таъкид гардид, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ қарор дошта, сиёсати давлатӣ ба рушди иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва саноатикунонии босуръат равона гардидааст. Заминаи асосии ин пешрафт сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки барои татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ шароити мусоид фароҳам овардааст.
Дар ин замина, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ҳамчун санади калидӣ самтҳои асосии ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устуворро муайян намудааст.
Бо ин мақсад, ҳоло дар «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030», ки марҳилаи сеюми татбиқи Стратегияи мазкур ба ҳисоб меравад, дар баробари ҳалли дигар масъалаҳо, истифодаи пурраи захираҳои мавҷуда, бахусус дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои иловагӣ, коркарди васеи ашёи хоми ватанӣ, афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва содироти маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда, бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла таъсиси 5 маҷмааи нассоҷӣ, бахусус дар заминаи тақвияти соҳибкории истеҳсолӣ, инчунин ҷалби сармоя, бахусус сармояи мустақим, қарз ва грант ба маблағи 48,8 млрд. доллари ИМА аз вазифаҳои муҳими барнома ба шумор меравад.
Ҳамзамон, таъмини суръати солонаи ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла сармояи мустақим, қарз ва грант дар сатҳи 19–20 фоиз, то 25 дарсад расонидани ҳиссаи сармояи хусусӣ ва то 5 дарсад расонидани ҳиссаи иқтисоди рақамӣ дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ яке аз вазифаҳои асосӣ муайян гардидааст, — зикр гардид зимни конфронс.
Ҳамчунин, иштирокчиёни конфронс аҳаммияти таърихии Рӯзи Ваҳдати миллиро дар таҳкими давлатдорӣ, пойдории сулҳу субот ва рушди устувори кишвар таъкид намуда, қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036»-ро дастоварди муҳими сиёсиву дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозгӯи эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои сулҳпарваронаи кишвар арзёбӣ намуданд. Онҳо изҳор доштанд, ки ин ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Пешвои миллат буда, ба таҳкими сулҳу субот, тавсеаи муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ, инчунин рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.












Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон