СУРАТГУЗОРИШ АЗ РАФТИ ҶАЛАСАИ ДУЮМИ ФОРУМИ 3-ЮМИ МАРКАЗҲОИ ТАҲЛИЛИИ «ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ»
Дар доираи Форуми 3-ЮМИ марказҳои таҳлилии «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» ҷаласаи дуюми мавзуӣ таҳти унвони «Фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ байни Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид.
Мудирияти ҷаласаро Гу Хо Эом, профессори фахрии Донишгоҳи Ханян ба уҳда дошт.
Дар ҳайати маърӯзачиён:
- Шири Шириев — директори Маркази илмии тадқиқоти стратегии назди Институти муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон;
- Юнкю Ким — директори Маркази таҳқиқоти Осиё ва Уқёнуси Ороми Донишгоҳи Ханян;
- Хён Суб Бён — профессор, мудири кафедраи таҳдиқоти Русия ва Осиёи Марказии Донишгоҳи Кеймён;
- Шариф Раҳимзода — доктори илмҳои иқтисодӣ, сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии иқтисодиёти соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Дастан Акебаев — муовини раиси раёсати Институти таҳқиқоти иқтисодии Ҷумҳурии Қазоқистон;
- Пак Вячеслав — мудири шуъбаи масъалаҳои иқтисодии Институти миллии ташаббусҳои стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон.
Зимни ҷаласа иштирокчиён масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва обию экологиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таваҷҷуҳи махсус ба мубодилаи таҷрибаи пешқадам, муайян намудани самтҳои ояндадори ҳамкории иқтисодӣ ва таҳияи пешниҳодҳо ҷиҳати густариши минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ зоҳир гардид.
Ҳамчунин масъалаҳои пешбурди роҳкорҳои устувор дар соҳаи идоракунии захираҳои об, рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва тавсеаи иқтидори сайёҳии экологӣ ҳамчун яке аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.





Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон