СУРАТГУЗОРИШ АЗ РАФТИ ҶАЛАСАИ СЕЮМИ ФОРУМИ 3-ЮМИ МАРКАЗҲОИ ТАҲЛИЛИИ «ОСИЁИ МАРКАЗӢ ВА ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ»
Дар доираи Форуми 3-ЮМИ марказҳои таҳлилии «Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» ҷаласаи сеюми мавзуӣ таҳти унвони «Тавсеаи дурнамои ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид.
Мудирияти ҷаласаро Шариф Раҳимзода, доктори илмҳои иқтисодӣ, сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии иқтисодиёти соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дошт.
Дар ҳайати маърӯзачиён:
Ҳаким Исмоилзод — муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Бэк Хи Ли — директори генералии ширкати Data24 (Тошканд);
Омирбек Нуржан — коршиноси Институти тадқиқоти сиёсати хориҷии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон;
Кенешбекова Гулбарчин — коршиноси шуъбаи таҳлил ва корҳои ҳамоҳангсозии Институти миллии ташаббусҳои стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон;
Бекдурди Амансариев — корманди калони илмии Маркази илмии тадқиқоти стратегии назди Институти муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон;
Нодир Абдусатторов — корманди пешбари илмии шуъбаи таҳқиқоти об ва экологияи Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ.
Зимни ҷаласа иштирокчиён масъалаҳои табдили рақамии иқтисодиёт, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, ҷалби сармоягузорӣ барои рушди иқтисоди «сабз», энергетикаи барқароршаванда ва технологияҳои аз лиҳози экологӣ тоза мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба дастгирии соҳибкории хурду миёна, такмили механизмҳои сохтмони «сабз», инчунин ташаккули фарҳанги истифодаи оқилонаи партовҳои сахти маишӣ зоҳир гардид. Ҳамчунин иштирокчиён оид ба масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самти рушди устувор ва пешбурди роҳкорҳои инноватсионии экологӣ мубодилаи афкор намуданд.








Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон