ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ҶОПОН

Муносибатҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷопон ҳанӯз аз 2 феврали соли 1992 оғоз гардида, имрӯз ба сатҳи сифатан нав ва шарикии стратегӣ расидааст. Ҷопон яке аз аввалин давлатҳое ба шумор меравад, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф намуда, тайи зиёда аз сӣ сол ҳамчун шарики боэътимод дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва ташаккули инфрасохтории соҳаҳои гуногуни кишвари мо саҳми назаррас гузошта истодааст.
Бояд гуфт, ки робитаҳои ду давлат дар асоси эҳтироми мутақобила, эътимод ва манфиатҳои муштарак бунёд ёфта, имрӯз ҳамчун намунаи ҳамкории созанда ва устувор арзёбӣ мегардад. Айни замон ҳамкориҳои Тоҷикистону Ҷопон соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сиёсат, иқтисод, маориф, нақлиёт ва рушди иҷтимоиро дар бар мегиранд.
Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар рушди муносибатҳои дуҷониба ифтитоҳи Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки 26 январи соли 2002 бунёд гардидааст. Ин иқдом барои густариши ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда, муносибатҳои иқтисодии байни Тоҷикистон ва Ҷопон дар солҳои охир тамоюли мусбати рушдро касб намудаанд. То имрӯз, се даври машваратҳои сиёсӣ (солҳои 2013, 2018 ва 2021) байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор шудаанд.
Ҷаласаи аввали Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ҷопон оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ 14 апрели соли 2017 дар Токио ва Ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматӣ соли 2023 дар Душанбе баргузор гардид. Фаъолияти Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба хеле муҳим мебошад. Аз моҳи августи соли 2006 инҷониб, он дар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ саҳми назаррас гузоштааст.
Ҳамкориҳои байни Тоҷикистон ва Ҷопон дар соҳаи маориф аз соли 1993 мунтазам рушд намуда, дар ин муддат, беш аз 2500 намояндаи соҳаҳои гуногун дар курсҳои таълимӣ ва омӯзишӣ дар Ҷопон иштирок намудаанд. Лоиҳаи стипендияи рушди захираҳои инсонии JDS (магистратура ва докторантура) аз соли 2009 дар доираи барномаи кӯмаки грантии Ҷопон саҳми бениҳоят калон дорад. То имрӯз 136 хизматчии давлатӣ аз кишвари мо дар доираи ин барнома, дараҷаҳои магистрӣ ва докториро гузаштаанд.
Дар баробари ин, қайд намудан ба маврид аст, ки соҳаи нақлиёт аз самтҳои муҳими тақвияти робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон бо Ҷопон ба шумор меравад. Бинобар ин, аз соли 1999 инҷониб дар доираи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин соҳаи ниҳоят муҳими иқтисодӣ, мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.
То имрӯз лоиҳаҳои хурду калон тавассути грантҳо ва кумакҳои техникӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои грантӣ барои таҷдиди роҳҳои автомобилгарди Дӯстӣ – Панҷи Поён) ва Бохтар – Дӯстӣ, сохтмони терминали боркашонӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва қисмати Қизилқалъа – Бохтар дар шоҳроҳи Душанбе – Бохтар амалӣ карда шудаанд.
Яке аз нишондиҳандаҳои дигари иқтисодӣ, ки ба афзоиши нишондиҳандаҳои муҳимми макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбат расонида метавонад, ин гардиши тиҷорати хориҷӣ бо шарикони стратегӣ ба ҳисоб меравад. Ин ҷо, зарур мешуморем, ки гардиши тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопонро тай солҳои 2021 – 2025 тавассути (ҷадвали 1) мавриди таҳлил қарор диҳем.
Ҷадвали 1. Гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон
Аз нишондиҳандаҳои ҷадвали 1 хулоса баровардан мумкин аст, ки гардиши тиҷорати хориҷӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон давоми панҷ соли охир номутавозин сурат гирифтааст. Масалан, соли 2025 нисбат ба соли 2021 гардиши тиҷорати хориҷӣ байни ин ду кишвар 30,2 млн. доллар ё ин ки 34,1 дарсад зиёд гардидааст. Ин аз густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва таҳкими робитаҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Ҷопон шаҳодат медиҳад.
Ҳамзамон, соли 2025 ҳиссаи Ҷопон дар сохтори баланси савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дар қисмати воридот 1,4 дарсадро ташкил намуда, ба кишвари мо асосан таҷҳизоти саноатӣ барои корхонаҳои истеҳсолӣ, техникаи сохтмонӣ ва кӯҳӣ, таҷҳизоти энергетикӣ, воситаҳои нақлиёт ва техникаи кишоварзӣ ворид гардидааст, ки дар рушди бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ нақши муҳим доранд.
Дар баробари ин, ҳиссаи гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷопон дар давоми солҳои 2023 – 2024 ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Агар соли 2023 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷопон 189,0 млн долларо ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 92,6 млн. доллар баробар гардидааст, ки 96,4 млн доллар ё ин ки 104 дарсад кам гардидааст.
Хушбахтона, ин нишондиҳандаи муҳими макроиқтисодӣ, яъне гардиши савдои хориҷӣ дар солҳои 2021-ум маблағи 88,8 млн долларо ташкил намуд ва соли 2023 ба 189,0 млн доллар баробар гардид, яъне дар давоми се сол гардиши савдои хориҷӣ байни ин кишварҳо ба маблағи 100,2 млн доллар ё ин ки 2,1 маротиба зиёд гардидааст.
Аз рӯй таҳлили коршиносон, барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистону Ҷопон имкониятҳои васеъ мавҷуд буда, ҷалби сармоягузорӣ, татбиқи технологияҳои пешрафта ва рушди тиҷорати мутақобила метавонанд ба таҳкими муносибатҳои иқтисодии ду кишвар мусоидат намоянд.
Илова бар ин, тибқи маълумотҳои оморӣ дар семоҳаи аввали соли 2026 ҳаҷми гардиши тиҷорати хориҷии байни Тоҷикистон ва Ҷопон ба 31,6 млн доллар баробар гардид ва ҳиссаи он дар сохтори умумии воридот 1,5 дарсадро ташкил додааст. Ин нишондиҳандаҳо аз идома ёфтани рушди робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва мавҷуд будани заминаи мусоид барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба шаҳодат медиҳанд.
Дар маҷмуъ муносибатҳои Тоҷикистон ва Ҷопон дар давраи истиқлолият ба як намунаи ҳамкории устувори байналмилалӣ табдил ёфтаанд, ки дар он на танҳо манфиатҳои иқтисодӣ, балки рушди иҷтимоӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ низ дар марказ қарор доранд. Дар ин раванд, дастгирии техникиву молиявии Ҷопон ба рушди инфрасохтор, соҳаи маориф ва баланд бардоштани иқтидори кадрӣ дар Тоҷикистон таъсири назаррас расонидааст. Ҳамзамон, ҳамкориҳои ду кишвар собит месозанд, ки шарикии дарозмуддат метавонад ба натиҷаҳои устувори иқтисодӣ ва сиёсӣ оварда расонад. Дар шароити имрӯза зарур аст, ки ин робитаҳо боз ҳам ба самти технологияҳои инноватсионӣ, истеҳсолоти саноатӣ ва иқтисоди рақамӣ равона карда шаванд, то сатҳи ҳамкориҳо ба марҳилаи сифатан нав бардошта шавад.
Махсуддинов Ораз,
мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил
ва ояндабинии иқтисодиёти соҳавии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон