МИЗИ ГИРДИ ИЛМИЮ АМАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

2 июни соли 2026 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон мизи гирди илмию амалӣ таҳти унвони «Стратегияи омӯзишу парвариши кӯдакон ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо» баргузор гардид.
Ҳамоишро муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ, доктори илмҳои сиёсӣ Лоҳутӣ Шарифзода ифтитоҳ намуда, аҳамияти ҳифзи ҳуқуқ, таълиму тарбия ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасонро ҳамчун яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат таъкид кард.
Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокчиён бо маърӯзаҳо дар мавзӯъҳои «Ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дурнамо ва рушди он», «Тарбияи маънавию ахлоқии кӯдакону наврасони муосир: шинохти мушкилот, осебшиносии тамоюл ва роҳандозии тадбирҳо» ва «Масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд.
Зимни муҳокимаҳо таъкид гардид, ки ҳифзи ҳуқуқи кӯдак яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Давлат барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон заминаҳои мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам оварда, ҳифзи манфиатҳои онҳоро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳои асосии кӯдаконро кафолат дода, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо шароити мусоид муҳайё менамояд.
Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳамроҳ гардида, уҳдадориҳои байналмилалии худро дар самти ҳифз ва таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон пайваста амалӣ менамояд. Дар кишвар як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул гардидаанд, ки ба беҳтар намудани вазъи иҷтимоӣ, таълимӣ ва тандурустии кӯдакон равона шудаанд.
Иштирокчиён иброз доштанд, ки дар шароити муосир масъалаҳои марбут ба ҳифзи кӯдакон аз таҳдидҳои иттилоотӣ, таъмини амнияти онҳо дар фазои рақамӣ, пешгирии зӯроварӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои таҳсил ва рушди шахсият аҳамияти бештар касб менамоянд. Дар ин замина тақвияти ҳамкории мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оила барои ҳалли самараноки масъалаҳои мавҷуда зарур арзёбӣ гардид.
Ҳамзамон, зикр карда шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ пайваста ба масъалаҳои таълиму тарбия, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, дастгирии кӯдакони ятиму бепарастор ва шахсони имконияташон маҳдуд таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдаконро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян кардаанд.
Таъкид гардид, ки Сарвари давлат ҳанӯз дар Паёми аввалинашон ба Маҷлиси Олӣ аз 27 апрели соли 2000 масъалаи омодасозии кӯдакон ба таҳсил ва тавсеаи ҷаҳонбинии онҳоро яке аз вазифаҳои муҳими давлату ҷомеа арзёбӣ намуда буданд. Дар ин замина ба мақомоти дахлдор ҷиҳати таҳия ва нашри адабиёти бадеӣ барои кӯдакони синни томактабӣ ва хурди мактабӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар идомаи ҳамоиш аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» махсус таъкид гардид. Зикр шуд, ки қонуни мазкур яке аз санадҳои муҳими ҳуқуқӣ буда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти таълиму тарбияи кӯдакон танзим менамояд. Ҳадафи асосии он баланд бардоштани масъулияти падару модар, омӯзгорон, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеа дар тарбияи насли наврас мебошад. Ҳамзамон қабул ва амалишавии ин қонун далели таваҷҷуҳи махсуси давлат ба масъалаи тарбияи кӯдакон ва таҳкими заминаҳои ҳуқуқии рушди ҳамаҷонибаи онҳо мебошад.
Дар анҷоми ҳамоиш иштирокчиён таъкид намуданд, ки татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ, такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеа барои ҳифз ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон аҳамияти муҳим дошта, барои ташаккули насли донишманд, ватандӯст ва масъулиятшинос заминаи устувор фароҳам меорад.
 
Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон