ҶАШНИ НАВРӮЗ ДАР НИЗОМИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ: ТАҲЛИЛИ МОҲИЯТИ ФАЛСАФӢ ВА МАЪНАВИИ ОН

Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба гиромидошти ҷашнҳои миллӣ бештар гардид. Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, расму оинҳои миллӣ аз нав эҳё гардиданд. Ҳамчунин воқеаи фараҳбахш дар даврони соҳибистиқлолӣ он буд, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории як қатор кишварҳо дар таърихи 23 феврали соли 2010 Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид, ки дар он 21 март — Рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯз ба унвони ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Баъд аз ин воқеаи фараҳбахш, Наврӯз, ҳамчун иди байналмилалӣ эътироф гардид. Инчунин вобаста ба ин муносибат истилоҳе роиҷ гардид, бо номи «кишварҳои ҳавзаи Наврӯз», ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳо он таҷлил карда мешавад.
Вобаста ба мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз, таҷассумгари андешаҳои созанда ва мондагор будани он Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола чунин иброз намуданд:
“Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд. Воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд”. (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, декабрь 16, 2025).
Барои боз ҳам мондагор будан ва тақвият бахшидани асолати арзишии Наврӯз дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда мешавад, чуноне дар Паём омадааст: “Бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад. Итминон дорам, ки амалӣ намудани иқдомоти зикршуда далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо – тоҷикон мегардад”. (Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, декабр 16, 2025).
Дар таърихи башарият расму ойинҳо ва анъанаҳо нақши муҳимро ифода менамуданд. Анъанаҳо ҳамчун падидаҳои муҳимми иҷтимоии фаъолияти ҷомеа дар низоми танзими тарзи ҳаёти халқу миллатҳо нақши калидӣ мебозиданд. Анъанаҳо бо инкишофи ҷомеа ва метавон гуфт бо диалектикаи ҳаёт сахт алоқаманд будаанд. Мондагор будани ҷашну маросимҳо аз ду ҷанба дорои аҳаммият мебошад.
Якум, расму оинҳо ва анъанаҳои мардумӣ ифодагари хотираи таърихии як халқ будааст, ки бо воситаи он мо имрӯз метавонем аз рӯзгори пешини миллати худ огоҳ шавем.
Ҷанбаи дуюм он аст, ки анъанаҳои мардумӣ бо маънавиёти миллати мо алоқаманд буда, ҷузъи шуури ҷамъиятӣ ва ҳамчун арзишҳои маънавӣ ва миллӣ мебошанд.
Арзиш, дар доираи илмҳои фалсафа, фарҳангшиносӣ ва аксиология мафҳумест, ки дорои аҳаммият ва муҳимияти ашё, падида, ғоя ё рафторро барои инсон ва ҷомеа ифода мекунад. Арзишҳо гӯё аз он ҳастанд, ки барои одамон ва ҷомеа чӣ чиз муҳим, зарур ва қобили эҳтиром буда, ба ҷаҳонбинӣ, фарҳанг ва тарзи зиндагии инсон таъсир мерасонанд.
Пас, арзишҳои миллӣ маҷмӯи ғояҳо, меъёрҳо, анъанаҳо, урфу одатҳо ва дастовардҳои моддиву маънавие мебошанд, ки барои як миллат муҳим буда, ҳувият, фарҳанг ва тарзи зиндагии онро муайян мекунанд. Онҳо дар раванди таърихи тӯлонии миллат ташаккул ёфта, аз насл ба насл интиқол меёбанд. Чанд хусусиятҳои муҳимми арзишҳои миллиро метавон баён намуд, ки иборатанд, аз:
— ифодакунандаи таърих ва фарҳанги миллат мебошанд;
— воситаи муҳимми ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ мебошанд;
— дар ҳар як давраи таърихӣ хусусияти тарбияткунандагӣ ва ахлоқӣ доранд.
Дар баробари ин метавон арзишҳои миллиро номбар намуд, ки асоситаринашон, инҳоянд:
— забон ва адабиёти миллӣ;
— фарҳанг ва анъанаҳо;
— урфу одат ва ҷашнҳои миллӣ;
— эҳтироми калонсолон, меҳмондорӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва ғ.
Аз ин рӯ, анъанаҳо ва расму оинҳо дар низоми арзишҳои миллӣ, унсури муҳимми ҳастии иҷтимоӣ ва фарҳанги маънавӣ буда, дар натиҷаи фаъолияти якҷоя дар ҷомеаи инсонӣ ба вуҷуд омадаанд, ки воситаи муҳимми робитаи гузаштаи як халқ бо имрӯз аст.
Ҷашнҳои миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги миллӣ ва ҳастии миллат мебошанд. Ин ҷашну маросим миллатро, арзишҳои милливу фарҳангӣ, хотираи таърихӣ доштан ва соҳибфарҳангу тамаддунсоз будани онро нишон медиҳанд. Яке аз чунин анъанаҳо ва ҷашнҳои миллӣ, ки гузаштаро бо имрӯз рабту пайванд медиҳад, ҷашни Наврӯз аст. Наврӯз куҳантарин ва мондагортарин ҷашнҳои миллӣ ба шумор рафта, аз ҷашнҳои маъруф ва мондагори қавмҳои ориёинажод мебошад.
Қобили зикр аст, ки доир ба таърихи пайдоиш, хусусият ва суннатҳои Наврӯз дар сарчашмаҳои илмиву адабӣ аз он ҷумла, дар осори Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Муҳаммад Ҷарири Табарӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлоно, Ҳофиз, Мирзо Бедил ва дигар адибону мутафаккирон маълумоти гуногунро метавон пайдо намуд.
Наврӯз дар асоси тақвими ҳиҷрӣ-шамсӣ рӯзи якуми соли нав мебошад ва тибқи солшумории мелодӣ аввали баҳор аст, яъне ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Аксари муҳақкиқон ба ин назаранд, ки ҷашни Наврӯз аз аҳди Ҷамшед оғоз гардидааст, аммо иддае онро аз он ҳам пештар медонанд.
Дар асоси асарҳои мутафаккирон ва адибони номбурда бояд қайд кард, ки аҷдодони мо солро ба чор қисм ё фасли сол тақсим менамуданд. Маҳбубтарини фасли сол барои ниёкони мо – баҳор будааст, ки аввали рӯзи он Наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад.
Дар қатори ҷашнҳои миллӣ, Наврӯз аз лиҳози аҳамиятнокӣ ва анъанавӣ буданаш мавқеи муҳим дорад. Сабаби мондагории ин ҷашн дар дарозои таърих дар чист? Пеш аз ҳама ин ҷашн, мардумӣ буда, ифодагари ғояҳои табиатдӯстӣ, ободкорӣ, инсондӯстиву гуманистӣ мебошад. Сабаби мондагор буданаш ҳамин аст, ки бо табиат ва инсон наздик аст.
Суннатҳое, ки дар ҷашни Наврӯз аҷдодони мо ба иҷро мерасонданд, бевосита ба табиат вобастагии зич доштааст. Аз ҷумла, сабзондани гандум, ки гӯё аз сарсабзу хуррам намудани табиат, обод намудан ва барои таъмини ризқи фаровон дар аввали баҳор мебошад. Инчунин, сабзиши гандум, ки аз як тараф аз обод кардан гувоҳӣ диҳад, аз дигар ҷониб, барои кишоварзон ба таъбири имрӯза «чанд фоиз сабзидани тухми гандум аст». Яъне, ниёкони мо аввал тухмиро месабзониданд ва бо ин роҳ таҷриба мегузарониданд, то муайян намоянд, ки сабзиши он чӣ хел асту чӣ гуна ҳосил медиҳад.
Бояд қайд кард, ки дар ҳар як суннати наврӯзӣ фалсафаи амиқ нуҳуфтааст. Яке аз суннатҳои он дар рӯзи Наврӯз бояд душманиҳо, кинаву адоватҳо аз байн бардошта шаванд ва бо чеҳраҳои тозаву хурсандона ба истиқболи ҳамдигар бароянд. Ба гуфтаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ:
Сари соли нав Ҳурмузи Фарвардин,
Баросуда аз ранҷ – тан, дил зи кин…
Омадани Наврӯз баъд аз сардиҳо ва сахтиҳои зимистон воқеан ҳам қобили ҷашн аст. Тамоми табиат аз нав зинда мешаванд ва дар дашту чаман садои парандаҳои хушилҳон садо медиҳад ва мавсими зоғу заған пушти сар мешавад. Вобаста ба ин, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аз забони мурғон чунин меорад:
Бунафша пеши нилуфар даромад, ки муборак бод,
Ки зард рафту хушкӣ рафту умри пойдор омад.
Ҳамезад чашмак он наргис ба сӯйи гул, ки хандонӣ,
Бад-ӯ гуфто, ки хандонам, ки ёр андар канор омад…
Аз таърихи пойдории Наврӯз метавон ба чунин хулоса омад, ки он ба ҳеҷ як дину ойин рабт надошта, балки ба табиат ва зиндашавии табиат алоқаманд будааст.
Дар ин ҷо зикри чанд ҷанбаи инсондӯстӣ, табиатдӯстӣ ва мондагори ҷашни Наврӯзро муҳим аст, ки иборат аз:
– инъикоскунандаи хотираи таърихӣ, фарҳанги ободкорӣ ва сарсабзиву хуррамӣ;
– ифодагари фалсафаи бузурги созандагӣ, ахлоқӣ ва умеди созанда ба зиндагӣ доштан ва дар маҷмӯъ тамаддунсоз будани як халқ;
— Наврӯз – фарорасии соли нав, рамзи оғози корҳои нав, эҳёи табиат аст, ки дарбаргирандаи ахлоқи ҳамида ва ба танзим дароварандаи фаъолияти минбаъдаи инсон мебошад;
– барҳам задани кинаву адоват, тарғибкунандаи дӯстиву якдигарфаҳмӣ, ки аз ҷанбаҳои муҳимми фалсафаи инсондӯстӣ аст, аз ҷумлаи хусусиятҳои муҳимми суннатҳои наврӯзӣ аст ва ғ.
Наврӯз бо тамоми хусусиятҳо ва рамзҳои мондагор будани худ дар тӯли ҳазорсолаҳо ифодагари тарзи зиндагии созанда будани як халқ ва тамаддунсоз будани онро дар умқи таърих нишон медиҳад. Албатта, Наврӯз бо Тоҷикистон ва мардуми шарифи он алоқамандии зич дорад ва ин падида боқӣ мемонад. Имрӯз баъд аз соҳибистиқлол гардидан, аз лиҳози кишоварзӣ кишвар пеш рафта истодааст. Кишоварзони мамлакат маҳсулоти хушсифат ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватаниро на танҳо барои бозори дохилӣ, балки барои содирот истеҳсол мекунанд. Талу теппаҳои сарзамини кишварро дарахтони мевадиҳанда рӯпӯш кардаанд, ки гувоҳ аз бунёди боғҳои нави интенсивӣ ва анъанавӣ мебошад. Роҳраву гулгаштҳои кӯча ва хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо пур аз гулҳои сабзу хуррам ва лолаву садбаргҳо мебошанд. Маҳз дар рӯзҳои баҳорӣ бо омадани «насими боди наврӯзӣ» ҳар касе ба ин манзараҳои дилфиреб назар мекунад, бевосита далел аз ободкориву созандагӣ ва тамаддунофарии мардуми шарифи мо аст. Танҳо бояд ба ин гулҳо назар кард ва дилу ниятро барои ободии Ватан – Тоҷикистони азизи соҳибистиқлол сафарбар намуд. Танҳо аз бӯйи баҳор, ки тавъам бо гулҳои зебои шукуфои кишвар аст, метавон ҳаловат бурд ва назора кард.
Нусратулло Зокирзода,
номзади илмҳои фалсафа