ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ: БАРГУЗОРИИ МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ ДАР БОҒИ “ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН”
28 феврали соли равон дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои шаҳри Душанбе дар Боғи фарҳангию фароғатии «Парчами давлатии Тоҷикистон» машқи дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар заминаи сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташаккули тарзи ҳаёти солим ва густариши фарҳанги варзиш миёни ҷомеа, бахусус ҷавонон, роҳандозӣ гардидааст. Тибқи ин ташаббус, ҳар рӯзи шанбе дар қаламрави ҷумҳурӣ “Рӯзи варзиш” эълон гардида, ба он бояд тамоми қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявӣ фаъолона ҷалб карда шаванд.
Машқи пагоҳирӯзӣ дар фазои руҳбаландӣ ва ҳамбастагӣ сурат гирифта, ба таҳкими саломатӣ ва тақвияти рӯҳияи дастаҷамъона мусоидат намуд.








Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.