ТАШРИФИ ҲАЙАТИ АКАДЕМИЯИ ТАДҚИҚОТИ МАЛАЙӢ ДОНИШГОҲИ МАЛАЙЯ БА МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ
24 декабри соли ҷорӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти роҳбарияти Марказ бо намояндагони Академияи тадқиқоти малайии Донишгоҳи Малайя баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини якуми директори Марказ Ораз Муртазозода, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Марказ Маъруф Абдуҷабборов, ректори Академияи тадқиқоти малайии Донишгоҳи Малайя профессор Сабзалӣ Мусо Хон, директори Маркази лаёқадмандӣ дар тадқиқоти малайӣ профессор Аванг Азман бин Аванг Павӣ, муаллими калони Академия тадқиқоти малайӣ Донишгоҳи Малайя Маҳди Султонзода, инчунин намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои илмию таҳқиқотӣ, муносибатҳои фарҳангӣ, такмили ихтисоси мутахассисон, инчунин роҳандозии ҳамкории мустақими Академияи тадқиқоти малайӣ бо институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва академии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон бо зиёда аз 44 маркази тадқиқотҳои кишварҳои хориҷӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, бо ниҳодҳои мазкур ҳамкории самарабахш ба роҳ мондааст. Дар ин робита, барқарор намудани робитаҳои илмию таҳқиқотӣ бо марказҳои зеҳнии Малайзия низ муҳим арзёби гардид.
Зимни вохӯрӣ таъкид карда шуд, ки Маркази тадқиқоти стратегӣ густариши робитаҳои илмию таҳқиқотӣ, фарҳангӣ ва таърихиро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия бо дарназардошти рушди минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак муҳим арзёбӣ намуда, баргузории чунин мулоқотҳоро барои таҳкими робитаҳои соҳавӣ қобили дастгирӣ мешуморад.
Роҳбари ҳайати Донишгоҳи Малайя барои пазироии самимӣ ва баргузории мулоқоти судманд изҳори сипос намуда, зимнан таъкид намуд, ки Донишгоҳи Малайя дар радабандии донишгоҳҳои Малайзия ҷойи аввал ва дар ҷаҳон ҷойи 58-умро ишғол намуда, яке аз бонуфузтарин донишгоҳҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (ҷойи 3-юм) ба шумор меравад. Ҳамчунин зикр гардид, ки Донишгоҳи Малайя ба барқарор намудани робитаҳои соҳавӣ дар заминаи имзои ёддоштҳои ҳамкорӣ ҳавасманд мебошад.
Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои илмию таҳлилӣ иброз намуда, ҷониби малайӣ манфиатдории худро барои густариши ҳамкориҳои зич дар оянда таъкид намуд.
