(Тоҷикӣ) НИГОҲЕ БА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ДИНӢ ДАР ПАРТАВИ “МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН”

Извините, этот техт доступен только в “Тоҷикӣ”. For the sake of viewer convenience, the content is shown below in the alternative language. You may click the link to switch the active language.

Ҳуввияти миллӣ яке аз падидаҳои равонӣ ва иҷтимоии ҷомеаи муайян аст, ки дар натиҷаи сипари гардидани вақт ба вуҷуд меояд. Ҳуввияти миллӣ бо мурури замон шаклгирифта, дарки эътирофи “Мо” ва “Дигарон”-ро дар шуури инсон ташаккул медиҳад. Ҳуввияти миллӣ дар шакли рамзу фарҳанг, таърихи муташаккил ва дигар унсурҳо пайдо мегардад. Раванди ҷаҳонишавӣ ва рӯз аз рӯз тавсеаи фарҳанги бегона ба ҳуввияти миллӣ таъсири амиқ мерасонад. Дар натиҷаи ин, масъалаи ҳифзи ҳуввияти миллӣ ба миён меояд. Аксар коршиносон ба он назаранд, ки раванди ҷаҳонишавӣ ба тавсеаи бисёр фарҳангҳо мусоидат намуда, фарҳангҳои дигарро бо мурури вақт аз байн мебарад. Ин ба он оварда мерасонад, ки мавқеи бархе аз фарҳангҳо пурра ё қисман аз байн меравад.
Ҳамин аст, ки аз қадим мансубият ба дини Ислом барои мардуми мо бегона нест, зеро саҳифаҳои таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик чун миллати қадимтарини олам шинохта шуда, дорои фарҳанг ва тамаддуни аллакай шаклгирифта мебошад. Агар таърихи миллати тоҷикро варақгардон намоем дар он ба назар мерасад, ки ин миллати куҳанбунёд, қабл аз пайдоиши Ислом дорои таммадуни ғании фарҳангӣ буд, ки дар ташакули ҳамаҷонибаи қавмҳои ориёи нақш гузошта аст.
Ҷузъи таммадуни фарҳангии миллати тоҷикро ин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, неки намудан, ёри расондан ба ниёзмандон ташкил медиҳад, ки ин хусусиятҳо дар дини Ислом низ мавҷуд аст.
Агар ба пайдоиши мазҳаби таҳамулпазири ҳанафӣ нигоҳ андозем дар саргаҳи он фарзанди тоҷик Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит меистад, ки ин мазҳаб дар ҳама давру замон барои манфиати мардум нигаронида шуда буд. Дар масъалаи тарғиби ғояҳои дини Ислом, Имом Тирмизӣ, Форобӣ, Ибни Сино ва Мотуридӣ нақши марказиро ишғол менамуданд.
Дар ин радиф шаҳрҳои қадимии тоҷикон бахусус Хуросону Мовароуннаҳр дар тараққии дини Ислом саҳми арзанда доштанд. Аз ҷумла Бухоро чун маркази олами Ислом шинохта мешуд, зеро мавҷудияти мадрасаҳои гуногун боис гардид, ки ба дараҷаи марказҳои асосии олами Ислом расид. Ҳамин буд, ки мардуми мо ба порсоӣ рӯй оварданд.
Шароити кунунӣ зиндагии инсониятро ба равандҳои гуногун рӯ ба рӯ карда истодааст, ки инҳо аз қабили бархӯрди фарҳангу тамаддунҳои гуногуни ҷаҳонӣ, авҷу тавсеаи низоъҳои миллию динӣ, афзоиши хатарҳои гурӯҳҳои тундгаро ва дигар масъалаҳои монанд мебошанд, ки барои ояндаи инсоният бетаъсир буда наметавонад. Қисми таркибии хатарҳои замони навро ин андохтани тафриқа миёни қавму нажод ва дин ташкил медиҳад.
Пушида нест, ки тули якчанд даҳсолаи охир дин ҳамчун василаи пиёда кардани манфиатҳо барои аксар гурӯҳҳо табдил ёфтааст. Ин масъала ба дигар равандҳои ҷомеа бетаъсир буда наметавонад. Тамоми хатарҳои болозикр миллати моро бори дигар барои дуруст дарк намудани масъалаи «ман аввал тоҷикам, баъд мусалмон» водор менамояд. Миллати мо бояд дарк намояд, ки «ман аввал тоҷикам», бо ин мафҳум мо дини Исломро инкор наменамоем, ин эътирофи он аст, ки ман тоҷики мусалмонам.
Кулвори таърихии миллати тоҷик саросар аз мутафаккирони мусалмон аст, ки ин бевосита аз арзиши дини Ислом дар гузаштаи миллати мо дарак медиҳад. Яъне миллати мо агар гузаштаи худро пурра ба таври амиқ омӯзад ҳеҷ гоҳ барои пайвастан ба гуруҳҳои тундгаро андеша намекунад. Зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби Қуръон ба забони тоҷикӣ баргардонида шуд, ки бевосита аз ҷойгоҳи ин дин дар мамлакат гувоҳӣ медиҳад.
Баҳсҳои гуногуни дар сатҳҳои мухталиф ба миён омада, ки аксаран дар пушти онҳо манфиати гуруҳҳои мухталиф меистад, пеш аз ҳама дар ҷавоб ба ин тазодҳо аз миллати мо тафаккури таърихии амиқ талаб менамояд. Тавре Муҳаммадҷон Шакурӣ таъкид мекунад: “Тафаккури таърихӣ аз муҳимтарин хусусиятҳои башарияти мутамаддин аст, омили моҳиятнамоест, ки барои фаҳмидани аҳамияти таърихии ҳодисањо, барои дарки маънои рўйдодҳои дирӯзу имрӯз ва робитаи онҳо имкон дода, андӯхтаҳои хираду закои инсонро, ки дар саҳифаҳои китоби таърих сабт аст, ба хидмати имрӯзу фардо мегузорад”.
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар рӯйдоди амиқи таърихи маҳсуб меёбад, ки дар шароити кунунӣ аҳамияти бештар аз пештаро доро аст. Дар гузашта миллати тоҷик муносибати дурустро бо ду рукни ҳастии инсоният яъне миллат ва дин ба роҳ монда буданд, ки дар майдони таърих ҷойгоҳи вежаро касб карданд. Набудани тафакури таҳлили дар робита ба масъалаи миллату дин ин пеш аз ҳама таҳдид ба амнияту суббот маҳсуб меёбад.
Миллати тоҷик, ки дар гузашта ба бунёдкории таърих ва таммадуни хеш камари ҳиммат баста буд, имрӯз вақти шинохти дурусти он фаро расидааст. Сокинони кишварро мебояд дарк намоянд, ки ҳеҷ як нафари хориҷӣ ҳақ надорад, ки ба миллати мо диндориро омӯзонад, зеро миллати мо аз азал ба масъалаҳои эътиқодӣ бетараф набуд. Дар пушти пардаи дин ниҳон доштани ҳадафҳои гуногун ва дарк накардани ин масъала аз ҷониби омма, таҳдид ба амният маҳсуб мешавад.
Ҳамин тавр, масъалаи ман аввал тоҷикам баъд мусалмон айни ҳол масъалаи фарогир мебошад. Акнун замони он расидааст, ки тавозунро нисбат ба мансубияти миллӣ аз ҳар гуна мансубияти дигар боло гузоранд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳангоми дар вазъи муносиб нигоҳ надоштани миллият ва динният метавонад, муҳити носолимро ба бор орад. Дар радифи ин гуфтаҳо дарки дурусти ҳуввияти миллӣ аз ҷониби сокинони мамлакат талаб карда мешавад. Ноогоҳӣ аз таъриху таммаддуни қадимаи миллати тоҷик метавонад миллатро ба тангнои гумроҳӣ барад.
Шарифхонзода Моҳира,
сармутахассиси Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон