ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХИИ ТАҚДИРСОЗ ВА ЗАМИНАҲОИ АСОСИИ ТАЪМИНИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ
Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди таъмини ваҳдату ягонагӣ, вусъати худогоҳиву худшиносӣ, ифтихору ҳувияти миллӣ ва ба иттиҳод даъват кардани халқи тоҷик нақши муассир дорад. Хушбахтона, ин Иҷлосияи тақдирсоз ба хотима бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини сулҳи пойдор ва ба ташаккули Ҳукумати Конститутсионӣ замина фароҳам овард. Бо шарофати ин иҷлосияи сарнавиштсоз суботи комил ба даст омад ва хурду бузурги кишвар 33-солагии онро ботантана таҷлил мекунанд.
Қобили ёдоварист, дар Иҷлосияи XVI–ум аз 230 нафар вакилони онвақта 197 нафар иштирок доштанд ва 186 нафарашон номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Сарнавиштсоз будани Иҷлосияи XVI–уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик ва маҳз ба ҳамин хотир аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ягонаи таъмин намудани сулҳу субот, рушди минбаъдаи кишварро ва тақдири миллати тоҷикро ба дасти худ гирифт.
Зимнан, таҳкими сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва сарҷаъмии миллати тоҷик, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, таъмини фаъолияти муътадил, инчунин таҳкими мақомоти давлатӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии иҷлосия ба шумор мерафтанд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданашон бо мақсади ба эътидол овардани вазъияти сиёсиву иҷтимоии кишвар ва ҳарчӣ зудтар ба сулҳи комил расидани миллати тоҷик бо талошҳои зиёд худро фидо намуданд.
Дар шароити ниҳоят душвор қарор доштани кишвар боис гардид, ки Иҷлосияи XVI–уми Шурои Олӣ барои ба эътидол овардани вазъияти сиёсии мамлакат 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул намуд.
Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Иҷлосия собит сохтанд, ки роҳбарияти нави Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сохтани ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ азму талош доранд ва ҳимояи шарафи инсонии ҳар фардро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонанд. Дар ин замина, таъмини сулҳу субот, ризояти комили ҷомеа ва таъмини ваҳдату ягонагӣ аз ҷумлаи вазифаҳои дигари ниҳоят муҳим буда, аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 дар кишварҳои гуногун аз ҷумла, дар Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Туркманистон бо талошҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идома ёфт. Ниҳоят, дар 9 даври музокирот ва 6 мулоқоти сарон 40 санади муҳим ба имзо расонида шуд, ки бузургтаринаш «Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» буд.
Боиси хушнуди аст, ки баргузории Иҷлосияи ХVI–уми Шурои Олии кишвар ва қонуну қарорҳои қабулнамудаи он барои қабули Конститутсия заминаи воқеӣ гузошт. Маҳз ба шарофати Иҷлосияи XVI–ум халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, таъмини соҳибихтиёрии давлаташро дарк намуда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, Конститутсияи нави мамлакатро санаи 6-уми ноябри соли 1994 қабул намуданд.
Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки Сарвари давлат ба монанди роҳбарони дигар давлатҳо на дар шароити орому пешравӣ, балки дар шароити ниҳоят душвор, ки касе ҷуръати роҳбарӣ карданро надошт, ба ин вазифаи масъулиятнок таъин гардид. Ин шахсияти таърихӣ ба арсаи сиёсат бо ҷасорату, матонат, дилу нияти пок ворид шуд ва чун як фарзанди сарсупурдаи миллат дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ тавонист мардуми аз ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ азияткашидаи Тоҷикистонро сарҷамъ намояд. Бо боварӣ метавон гуфт, ки таҷрибаи сулҳофарии миллати тоҷикро бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишварҳои дигар омӯхта, барои таъмини сулҳу оромӣ ва якпорчагии давлатҳояшон истифода менамоянд.
Воқеан ҳам, Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар Иҷлосияи XVI–уми Шурои Олӣ натанҳо равобити судманде бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили ҷаҳонӣ шинохта шавад. Бо гузашти 33 сол аз рӯзи баргузории Иҷлосияи мазкур ва ба амал омадани дигаргуниҳои куллӣ дар Тоҷикистон метавон гуфт, ки иҷлосияи мазкур барои миллати соҳибтамуддуни мо тақдирсоз буд, ҳаст ва мемонад.
Ҳамзамон, беназирӣ ва шахсияти барҷаста будани Пешвои миллат боис гардидааст, ки Тоҷикистон бо татбиқи барномаҳои давлатӣ мунтазам рушд намояд ва мавқеи худро дар минтақа ва ҷаҳон боз ҳам устувор гардонад. Воқеан ҳам, афзалият ва дастовардҳо дар соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ назаррас буда, соли 2000 ҳаҷми ММД ҳамагӣ 1,7 млрд. сомониро ташкил медод. Бо дарназардошти ин нишондиҳанда дар соли 2015 50,9 млрд. сомонӣ ва дар соли 2023 ба 130,7 млрд. сомонӣ, соли 2024-ум бошад ба 153,4 млрд. сомонӣ баробар гардида, дар ин давра бештар аз 90,2 маротиба зиёд мебошад, ки дар диаграммаи №1 оварда шудааст.

Чи тавре, ки аз нишондиҳандаҳои ҷадвал мушоҳида карда мешавад, сатҳи рушди ММД соли 2024 153,4 млрд сомонӣ баробар гардида нисбат ба соли 2015 ба маблағи 102,5 млрд сомонӣ ё ин, ки 3,0 баробар зиёд гардидааст.
Вобаста ба ин, рушди иқтисоди миллӣ дар нӯҳ моҳи соли 2025 хуб ба назар расида, суръати рушди маҷмуи ММД дар сатҳи 8,2 дарсад таъмин гардидааст.
Новобаста аз вазъи нооромии имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва таъсири омилҳои манфии беруна ба иқтисодиёти кишвар, сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ 3,6 дарсадро ташкил намуда, дар давоми соли 2025 ҳиссаи рушди соҳаҳои асосии иқтисодиёт дар ММД дар диаграммаи №2 нишон дода шудааст.

Дар ин давра, яъне давоми моҳҳои январ – сентябри соли 2025 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бо татбиқи барномаҳои қабулгардидаи Ҳукумати кишвар, ҷумла 13 июни соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа+» аз ҷониби Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) қабул гардидааст, ки то соли 2030 идома хоҳад дошт. Соҳаи мазкур сол то сол рушд намуда, дар нӯҳ моҳи соли 2025 ба 27210,1 млн. сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 ба андозаи 1910,1млн. сомонӣ ё ин, ки беш аз 7,5 дарсад афзоиш ёфтааст ва ҳиссаи ин соҳа дар ин давра нисбат ба ММД 23,1 дарсадро дар бар мегирад. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ низ дар ҳамин давра зиёд гардида, бо татбиқи “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” ва расидан ба ҳадафи стратегии мамлакат “Саноатикунонии босуръати кишвар” замина гузошта, рушди соҳаи мазкур дар ҳамин давраи соли 2025 ба 20824,5 млн. сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба моҳҳои январ–сентябри соли 2024 ба маблағи 3245,5 млн. сомонӣ, ё ин, ки 16,9 дарсад афзоиш ёфтааст ва ҳиссаи соҳаи саноат дар ММД ба 17,4 дарсад баробар гардидааст.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаи кӯтоҳмуҳлати рушди соҳаҳои асосии иқтисодиёт дар давоми моҳҳои январ – сентябри соли 2025 бо нархҳои ҷорӣ ба 117833,4 млн. сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 бо меъёри 8,2 дарсад зиёд мебошад.
Аз ин лиҳоз, гуфтан ба маврид аст, ки дар 9 моҳи соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо 1409652 тонна, аз ҷумла гандум 767712 тонна, картошка 896519 тонна, сабзавот 2571722 тонна, пиёз 588287 тонна, полизӣ 1106759 тонна, мевагиҳо 715755 тонна ва пахта 247587 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли пахта 2,4 баробар, полизӣ 7,6 дарсад, мевагиҳо 16,4 дарсад зиёд гардидааст. Дар ин замина барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат “Таъмини амнияти озуқаворӣ” заминаи хуб фароҳам мегузорад. Ҳамаи ин дастовардҳои соҳаи мазкур бевосита аз ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, барои расидан ба ин ҳадафи асоси талошҳои зиёд намуда истодааст.
Аз гуфтаҳои боло метавон хулоса намуд, ки сатҳи некӯаҳолии мардум сол то сол дар мамлакат беҳтару хубтар гардида истодааст. Бахусус, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳои худ таъкид менамоянд, ки «аҳаммияти таърихии интихоби дурусти давлатдорӣ ба таъмини рушди иқтисоди миллӣ, амнияти озуқаворӣ ва дигар ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мусоидат менамояд».
Албатта, ҷонфидоии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар арсаи сиёсат дар давраи соҳибистиқлолии кишвар собит месозад, ки воқеан шахсиятҳои бузург дар таъмини тақдири ояндаи миллат нақши муҳим доранд. Бо шукргузорӣ аз дастовардҳои беназири Тоҷикистони соҳибистиқлол метавон гуфт, ки имрӯз кишвар дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои созандаи худ ҳамчун давлати ташаббускор нуфуз ва эътибори хоса пайдо кардааст. Пешвои миллат, дар Созмонҳои байналмилалӣ баромад намуда ташаббусҳои худро пешниҳод менамояд, ки на танҳо ба миллати тоҷик, балки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоид ва зарурӣ мебошад. Ташаббуси шашуми беназири Пешвои миллат «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» аст, ки итминони комил дорем, ки ин ташаббус аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид ҷонибдорӣ мешавад, зеро ба ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳонӣ мавқеи густурда дорад.
Иброҳимзода Иброҳим Шоҳ,
сармутахассиси Раёсати таҳлили масъалаҳои
макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон