ДАР МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ БАХШИДА БА 80-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ СММ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ТОҶИКИСТОН ВА СММ: ҲАМКОРӢ БАҲРИ ТАҲКИМИ СУЛҲ, ҲАМЗИСТИИ ОСОИШТА ВА РУШДИ УСТУВОР» БАРГУЗОР ГАРДИД

28 августи соли 2025 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии таъсисёбии СММ конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон ва СММ: ҳамкорӣ баҳри таҳкими сулҳ, ҳамзистии осоишта ва рушди устувор» баргузор гардид.

Қобили зикр аст, ки 80 сол муқаддам, пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ,  соли 1945 намояндагони тақрибан 50 давлат дар Сан-Франсиско ҷамъ омаданд, то таҳкурсии созмонеро гузоранд, ки аз такроршавии даҳшати ҷангҳои харобиовар пешгирӣ намояд.

26 июни соли 1945 Оинномаи СММ ба имзо расид ва 24 октябри ҳамон сол пас аз тасвиби кишварҳои узв эътибор пайдо кард, ки санаи расмии таъсиси СММ маҳсуб мешавад.

Соли 2025 аз имзои Оинномаи СММ, санади таъсисии ин созмон, ки имрӯз меҳвари ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ боқӣ мемонад, 80 сол пур шуд.

СММ бо кӯшишҳои муштараки кишварҳо дар зарфи ин солҳо дар роҳи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ ва ҳифзи ҷаҳон аз ҷанги нави васеъмиқёс  фаъолияти пурсамар ва муваффақонаро анҷом дод. Бо шарофати ин Созмон то имрӯз новобаста аз мушкилоти мавҷудаи ҷаҳонӣ, дипломатияи бисёрҷониба ҳамчун рукни муҳимми равобити  байналмилалӣ боқӣ мемонад.

Дар робита ба ин, дар конфронси мазкур иштирокчиён дастовардҳои ҳаштодсолаи охир дар равобити байналмилалӣ, нақши СММ дар шароити муосир ва тағйирёбандаи геополитикӣ, инчунин саҳми Тоҷикистонро дар таъмини сулҳу амният ва рушди устувори ҷаҳонӣ баррасӣ қарор доданд.

Конфронсро Усмонзода Хайриддин Усмон – директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ ҳусни оғоз бахшида, зимни суханронии ифтитоҳии худ, аз ҷумла қайд намуд, ки «Омодагиҳо ба таҷлили 80-солагии таъсиси СММ дар саросари дунё ва баргузории ҷаласаи Шўрои сарони кишварҳои аъзои СҲШ, ки санаи 31 август то 1 сентябри соли 2025 дар шаҳри Тянҷзин доир мешавад, минбари муҳим дар пасманзари рўйдодҳои ахир дар геополитикаи ҳамгироӣ, ҳамкорӣ, бархўрд ва низоъҳои байналмилалию минтақавӣ ба шумор мераванд».

Зикр гардид, ки «Дар марҳилаи омодагӣ ба нишасти сарони кишварҳои аъзо вобаста ба вазъи ноороми байналмилалӣ маҷмуи чорабиниҳо ва тасмимҳои зарурӣ ҷиҳати тақвияти талошҳо барои таҳкими амният ва робитаҳои неки ҳамсоягӣ миёни кишварҳои узви СҲШ, такмили механизмҳои амниятӣ, тақвияти пайвастаи тавонмандиҳои СҲШ дар муқобили таҳдиду чолишҳои амниятӣ дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, муқовимат ба гардиши ғайриқо­нунии маводи мухаддир ва таъмини амнияти иттилоотӣ пешбинӣ гардидааст. Масалан, чорабиниҳои хусусияти сиёсӣ-идеологӣ дошта вобаста ба таҷлили 80-солагии анҷоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва 80-солагии таъсиси СММ хоҳад буд. Пешбинӣ мешавад, ки кишварҳои узви СҲШ аз мавқеи калидии Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъ ва буҳронҳои байналмилалӣ пуштибонӣ хоҳанд кард».

Тавре директори Маркази тадқиқоти стратегӣ қайд намуд, «То имрўз панҷ ташаббуси ҷаҳонии кишвари мо дар соҳаи об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, басо рамзист, ки 22 марти соли 2018 дар «Рӯзи ҷаҳонии об» татбиқи ташаббуси чоруми Тоҷикистон, яъне Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018–2028» оғоз гардида, амалишавии он бомаром идома дорад».

Дар идомаи суханронии худ Усмонзода Хайридин қайд намуд, ки «мо дар рушди ҷомеаи демократӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон ба мероси ғании таърихии худ, аз ҷумла саҳми бебаҳои Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир такя мекунем. Маҳз ин санади нодир, ки аввалин маротиба дар таърихи башар принсипҳои озодӣ, баробарӣ ва таҳаммулпазириро эълон намудааст, на танҳо далели тамаддуни қадимии миллати тоҷик, балки сароғози бевоситаи мафҳумҳои муосири ҳуқуқи инсон мебошад». Вобаста ба ин, таъкид гардид, ки пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи ЮНЕСКО таҷлил намудани 2550-солагии Эъломияи мазкур иқдоми басо рамзӣ ва хирадмандона мебошад.

Баъди анҷоми қисмати ифтитоҳии конфронс, дар бахши асосии чорабинӣ иштирокчиён, аз ҷумла, Шарифзода Саидҳомид –  сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавӣ, Бобоев Ҷурахон – сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии иқтисодиёти соҳавӣ, Содиқова Аниса – муовини сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, Ҳомидов Анвар – мутахассиси пешбари Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷӣ дар мавзуъҳои зерин маъруза намуданд:

  • «Нақши Тоҷикистон дар ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувори СММ».
  • «Принсипҳои асосии рушди ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаи СММ».
  • «Нақши барномаҳои СММ дар самти дастгирии занон ва фаро гирифтани онҳо ба шуғл».
  • «Арзёбии иҷрои ӯҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди сохторҳо ва конвенсияҳои СММ оид ба ҳифзи муҳити зист».

Пас аз хотимаи маърузаҳо аз ҷониби иштирокчиён роҷеъ ба нуктаҳои муҳимми ироашуда мубодилаи афкор сурат гирифт.

Конфронсро Усмонзода Хайриддин Усмон – директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви вобастаи АМИТ натиҷагирӣ ва ҷамъбаст намуд.

 

Хадамоти матбуотии
Маркази тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон