(Тоҷикӣ) ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ АЗ ҶОНИБИ КАРМАНДОНИ МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи дониш бо як шукуҳи шаҳомати хоса баргузор мегардад. Ин ғамхориву дастгириҳои Пешвои миллат ба соҳаи илму маориф ба ҳамаи қишри ҷомеа як болидарӯҳӣ ва дар рушди соҳаи илму маориф дар ҷумҳурии азизамон як такконӣ ҷиддӣ мебахшад.
Санаи 30 – юми августи соли 2025 дар толори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарият ва кормандони Марказ бо ҳисси баланду эҳтироми хоса тариқи телевизион пахши мустақим аз ҷараёни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо кормандони соҳаи маориф бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси сулҳ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон роҳандозӣ гардид дастаҷамъона тамошо намудаанд.

Хадамоти матбуотии Маркази
тадқиқоти стратегии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон