МУЛОҚОТИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗ БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРОЛИИ ОЛМОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 16 июли соли 2025 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Хайридин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф баргузор гардид.

Дар оғози мулоқот директори Марказ Усмонзода Хайридин меҳмонро хайрамақдам гуфта, доир ба самтҳои асосии фаъолияти Марказ маълумоти мухтасар ироа намуд.

Дар навбати худ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йорк Шуграф аз пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ҷиҳати рушди робитаҳои илмию пажӯҳишӣ бо Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд.

Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон табодули назар карда, густариши минбаъдаи равобити ҳар ду кишварро дар арсаҳои мавриди таваҷҷуҳ барои ҳар ду ҷониб муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо дар идомаи мулоқот ҳавасмандии худро ҷиҳати тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳои илмӣ – таҳлилӣ иброз намуданд.

Мулоқот дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.

 

Хадамоти матбуоти
Маркази тадқиқоти стратегӣ
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон