ИШТИРОКИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗ ДАР ФОРУМИ VI-УМИ МАРКАЗҲОИ ТАҲЛИЛИИ СҲШ
Санаи 12–13 июли соли 2025 дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин 6-умин Форуми марказҳои таҳлилии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) таҳти унвони “Пешбурди “Руҳи Шанхай” баргузор гардид.
Форуми мазкур дар робита ба эълон шудани соли 2025 Соли рушди устувори СҲШ ва бо наздик шудани нишасти сарони СҲШ, ки тирамоҳи соли 2025 дар Тянҷзини Ҷумҳурии Мардумии Чин дар назар аст, баргузор гардид.
Ҳамоишро Маркази байналмилалии омодасозии ҳуқуқӣ ва ҳамкорӣ барои Созмони ҳамкориҳои Шанхай, Институти муносибатҳои байналмилалии Чин, Маркази Чин оид ба тадқиқоти СҲШ ва дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори СММ доир намуданд.
Дар рӯзномаи чорабинӣ масъалаҳои ҷамъбасти натиҷаҳои рушди босуръат ва таҳкими СҲШ, таҳлили мушкилот ва чолишҳои ҷорӣ, инчунин баррасии дурнамои татбиқи СҲШ Ҳадафҳои Рушди Устувори СММ барои давраи то соли 2030 мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар форум роҳбарони марказҳои зеҳнии бештар аз 100 кишвар, намояндагони Котиботи СҲШ, доираҳои сиёсӣ, дипломатӣ ва коршиносии кишварҳои СҲШ иштирок намуданд.
Аз ҷониби Тоҷикистон дар чорабинии мазкур Усмонзода Хайридин директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд.
Усмонзода Хайридин дар ҷаласаи сеюм “Таъмини субот ва амнияти минтақавӣ” бо маърузаи “Баъзе парадигмаҳои афзалиятноки рушди СҲШ дар шароити муосир” баромад намуд.
Ҳангоми суханронӣ директори Марказ қайд намуд, ки “имрӯз дар шароите, ки бӯҳронҳои ҷаҳонӣ якдигарро таҳмил мекунанд, чорабиниҳои бисёрҷонибае, ки дар доираи СҲШ таҳти раёсати Чин баргузор мешаванд, равзанаи умеде маҳсуб меёбанд, ки метавонанд самти ташаккули ояндаи муштаракро дар қораи АвруОсиё муайян намоянд”.
Мавсуф қайд намуд, ки “СҲШ тавассути рӯзнома ва фаъолиятҳои худ ба таври қобили мулоҳиза сатҳу сифати ҳамкории минтақавиро дар Осиёи Марказӣ боло бурда, барои густариши минбаъдаи робитаҳо саҳми арзанда мегузорад”.
Инчунин зикр гардид, ки “Сатҳи баланди таваҷҷуҳи роҳбарияти кишварҳои Осиёи Марказӣ ба СҲШ аз он шаҳодат медиҳад, ки созмон ба туфайли сиёсати бунёдгарои худ, аз ҷумла дар масъалаи ҳалли баҳсҳои сарҳадӣ миёни кишварҳои узв, тавонист оқибатҳои манфии эҳтимолии ин ихтилофҳоро барои амнияти минтақа пешгирӣ намояд. Намунаи равшани ин раванд —имзои Созишномаи сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон санаи 13 марти соли 2025 мебошад, ки ҳамчун рӯйдоди муҳим на танҳо барои муносибатҳои дуҷониба, балки дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ арзёбӣ мегардад”.
Дар фарҷоми суханронӣ Усмонзода Хайридин таъкид намуд, ки “бо шарофати суботи дохилӣ, фазои СҲШ ҳамчун платформаи ҷолиб барои ҷалби сармоягузорӣ ва интиқоли технологияҳои инноватсионӣ боқӣ мемонад”.
Хадамоти матбуоти Маркази таҳқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон