ТАШРИФИ НАМОЯНДАИ МАХСУСИ ИТТИҲОДИ АВРУПО ОИД БА ОСИЁИ МАРКАЗӢ ЭДУАРД СТИПРАЙС БА МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ
Санаи 29 майи соли 2025 мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Эдуард Стипрайс баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот, ҷонибҳо роҷеъ ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, инчунин масъалаҳои рушди устувор, амнияти минтақавӣ ва тағйирёбии иқлим изҳори андеша намуда, ба муҳиммияти равобити доираҳои тащлилию коршиносӣ зимни татбиқи ташаббусҳои афзалиятноки миллӣ ва минтақавӣ диққати махсус зоҳир намуданд.
Эдуард Стипрайс талошҳои Тоҷикистонро дар пешбурди сиёсати созандаи хориҷӣ, бахусус, дар соҳаи рушди устувор ва дипломатияи обӣ дар доираи ташаббусҳои Созмони Милали муттаҳид баланд арзебӣ намуд. Ӯ инчунин нақши муҳимми марказҳои илмӣ — таҳлилиро дар ташаккули муколамаи судманди байни Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид намуд.
Дар навбати худ, директори Марказ Усмонзода Хайриддин барои ҳамкории созанда ва пайваста бо институтҳои Иттиҳоди Аврупо изҳори сипос намуда, аҳаммияти ҳамкориҳо ва машваратҳои мунтазам бо намояндагони Иттиҳоди Аврупоро ҷиҳати таҳияи равишҳои мутавозини ҳалли мушкилоти минтақавӣ мущим ва пурсамар арзёбӣ намуд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот ба густариши мубодилаи коршиносон ва ҳамкориҳои муштарак дар заминаи ташаббусҳои Иттиҳоди Аврупо дар минтақа, аз ҷумла дар доираи стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Мулоқот дар руҳияи самимият ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон